БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Сано бодо ба он гул, ки…

Иҷтимоъ / Илм ва маориф

Тамоми бузургони ҷаҳон суханро ба номи модар ва аз меҳри беохири ӯ оғоз менамоянд. Зеботарин, ширинтарин, таъсиргузортарин нигоштаҳои адабиёт низ дар васфи модаронанд. Модар бо он бузургӣ ҳар қадар бисёр васф шуда бошад ҳам, мисли кӯҳсорони осмонбӯс кашфношудааст. Дар баробари ҳама худододагони сухан, шоире, ки модарро самимонаву воқеъбинона тасвиру тавсиф кардааст, устод Лоиқ Шералӣ аст.

  

Дил ато кардӣ маро!

Муҳаббатномаҳои пурсӯзу пургудози шоири шаҳир дар «Модарнома» фақат ба унвони модари бузургвораш Бибизаҳро нест, балки ба ҳама модарони кӯҳистонист, ки бо навои обшорону бо сафои чашмасорон аз пайи рӯзӣ давида, хӯшаҳоро чида-чида, талху шӯриҳо чашида, ранҷи дунёро кашида, ганҷи дунёро надида, зиндагиро дил ато кардаанду умр бахшидаанд.

Бибизаҳрои Ҳаким зодаи донишварону мударрисони Самарқанд буд. Тифлиаш дар оғӯши муҳаббати волидон хуррам сипарӣ мешуд. Инқилоби Бухоро ба хонаводаи онҳо бетаъсир намонд. Солҳои аввали барқароршавии Ҳукумати шуравӣ хонаводаи онҳо ба кӯҳистон паноҳ бурдаанд. Зодмандони Бибизаҳро дар деҳи хушманзари Мазори Шарифи Панҷакент маъво мегиранд.

Ҷавони дидадарову ҳунарманд Шералии шикастабанд дар домани баҳор ба ин гулғунчаи покизагавҳар дил бастааст. Падар, ки Бибизаҳроро ба ошнои самарқандии худ номзад карданӣ буд, аз дилкашолиҳои ҷавон нармдил гашта, гавҳари бебаҳояшро ба ӯ мебахшад.

Аз пайванди онҳо, ки дар аввал мисли афсонаҳои «Ҳазору як шаб» гуворо буд, 5 фарзанд ба дунё омад: Шариф, Лоиқ, Муҳаррама, Мусаллама ва Ҳуснат.

Бо аҳдшикании ҳамсар зиндагии Бибизаҳро бо фарзандони хурдсол ранг мебозад. Бо вуҷуди сардаргумиҳои қисмат модари ғамхор қиблагоҳи ҷигарбандон мегардад. Баҳри расидан ба орзуҳои бузург ва пайвастан бо ҷаҳони паси кӯҳсорон шоиста тарбияашон мекунад. Ҳазорон маргро, андуҳу ғамро пушти сар карда, аз хурдӣ дар дилашон тухми одамгариву инсондӯстӣ мекорад…

Рӯзгори ин зани муборак моро ба суроғи пайванди зебояш Сабо Лоиқзод бурд, ки имрӯз шамъи хотири волидони арҷманду модаркалони ҳимматбаландашро фурӯзон нигоҳ медорад.

 Чордард

Модаркалонам, ки бароям азизтарин шахс буданд, боре нақл карданд, ки ман падаратро ду маротиба зодаам. Якум бор вақте ҳанӯз ҳафтмоҳа буд. Бисёр хурду камҷон буду умед ба зистанаш надоштем. Вақте ба воя расиду роҳгарду бозигар шуд, дубора чордардашро кашидаам. Бо рафиқонаш дар гӯсфандчаронӣ тире меёбанд ва онро ба рӯйи оташ мегузоранд. Тир парида, ба китфаш осеб мерасонад. Падараш тирро аз дасташ бароварда, марҳам мебандад. Нуҳ моҳ парасториаш кардаем, то дубора ҷон гирифтаву ба дунё чашми нав кушояд, - нақл мекунад Сабо Лоиқзода, ки аз лаззати суҳбатҳои ширини модаркалони хушсуханаш чошниҳо бардошта буд.

 «Писари ғазалнависам омад»

Ба деҳа рафтан барои мо, ки дар пойтахт мезистему аз зиндагии чорчӯбагӣ дилтанг мешудем, иди бошукӯҳ буд. Модаркалонам тамоми захираҳои захиракардаашонро рӯйи хон рехта моро меҳмондорӣ мекарданд. Соатҳо моро аз наздашон дур шудан намемонданд ва бо ташнагӣ падарамрову моро мебӯсиданд. Калонсол бошанд ҳам, бисёр чолоку боқувват буданд. Сарриштаи рӯзгор дар дасташон буду ҳеҷ кас аз хатти кашидаашон берун по намениҳод. Корҳои зиндагиро ба келинҳояшон фармуда, аз падарам, ки дар болину бистари модар фароғат мекарданд, чашм намеканданд. Ӯ аз падарам чашм намеканду ман аз ӯ, - мегӯяд Сабобону.

 Ранҷдида

Модари муштипари устоди фарҳехтаи ман дар зиндагӣ уқубати бисёр дидаанд. Сабаби модарро «Қиблагоҳ» гуфтани устод Лоиқ барои ман бисёр ҷолиб буд. Боре устод бо ҳалқаҳои ашк дар чашмон нақл карда буданд, ки модарашон хишт рехта, барои ҷигарбандонашон сарпаноҳ сохтаанд. Ин бузургтарин қаҳрамониест, ки як модари танҳо дар ҳаққи фарзандон метавонад ба сомон расонад, - мегӯянд Шоири халқии Тоҷикистон устод Фарзона, ки ба устод Лоиқ муҳаббату эҳтироми хос доранд.

 Фурӯтан

Устод Лоиқ басо нек фармуда:

 

Модари хушназарам, ҳар назарам ҳадяи туст,

Асаре дорам агар, он асарам ҳадяи туст.

Хоксории ту он қадр маро кард баланд,

Ки ҳама қудрати кайҳонгузарам ҳадяи туст.

Хушдоманам, бо вуҷуди модари шоири миллат будан, бисёр бонуи хоксор буданд. Аз номи неки фарзанд шукр мекарданд, аммо ҳаргиз намегуфтанд, ки ман модари як шахсиятам. Барои модар Лоиқ, пеш аз ҳама, фарзанди дилбанд буд, баъд шоиру донишманду суханвар, - иброз намуда буд дар суҳбате ҳамсари устод - омӯзгор Зебунисо (равонашон шод бод), ки хушкардаи Бибизаҳро буду хостгориашро ба Лоиқи ҷавон, ки дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент таҳсил мекард, рад карда натавонист.

Бибизаҳро, ки умре ба таъбири писари шоираш аз деҳ бурун нарафтаву рӯйи оламро надида, ба гирди хеш чархида, азму нияти ҷаҳонгардӣ надоштааст, гоҳ-гоҳ ба шаҳри Душанбе меҳмон мешудааст. Аммо зуд ёди кулбаи гилини худ карда, аз бинои серошёна нафастанг мешудааст.

 Мо орзу доштем, ки модаркалонам бо мо зиндагӣ кунанд. Ҳар бор ки падарам он касро аз деҳ ба шаҳр меоварданд, зиндагии мо мазмуни тоза меёфт. Шодиву нишот лабрез мешуду ҳама парвонаи модаркалон мешудем. Мо, наберагон, рӯзҳо наздашон шишта, аз рӯзгори гузашта қиссаҳо мепурсидем. Ҳатто волидон дил намекарданд, ки бо коре ё супорише моро аз назди бибӣ дур созанд. Зеро медонистанд, ки бибиҷонам низ пазмони мо гаштаанд ва мо бештар аз он кас муштоқи суҳбатҳои ширинашонем, ки пероста бо зарбулмасалу мақолу байтҳои халқӣ буд. Бибизаҳро як ҳафта пас ба манзили худ баргаштанӣ мешуданд. Мо, аҳли оила, ба сад лобаю зорӣ ҳафтае дигар нигоҳашон медоштем, - меафзояд Сабобону.

Модари Лоиқ бо дастони ҳунарманд ва дили қавӣ тавонист мардонавор бар зидди уқубатҳои рӯзгор мубориза барад ва фарзандони некуномро тарбия созад. Аз Қорӣ Шарифи ранҷдидаи худ менозиду аз Лоиқи шоири худ меболид.

Ғайр аз чорводорию деҳқонию боғбонӣ ҳунари шолбофӣ дошт, ки дар таъмини иқтисодии фарзандонаш малҳам мешуд. Ба ошхонаи беқолии Лоиқи наврӯзгор низ шол бофидаасту ҷигарбанд чанд муддат он дастранҷи модарро дил накардааст, ки зери по афканад.

Бибизаҳро нақди ҷонро вақфи фарзандон намуда, дар айни камолоти умр донаи барчоштро ночидаву зиндагии шоирона ва ин ҷаҳони бекаронаро ба дилбандон мерос гузошта, соли 1985 дар 75-солагӣ чашм мепӯшад. Мисли гулҳои мавсимӣ зеби як кокул нагашта, дар гулистони хираду адаб ҷилваҳои мондагор мекунад, ки ба таъбири ҷигарбандаш:

Чӣ суд аз он гуле, ки зеби як кокул шуду афтод?

Сано бодо ба он гул, ки барои даҳр бишкуфта.

Ту охир ибтидои ибтидоҳоӣ,

Аё модар, аё модар!

Дасти дуои Бибизаҳрои Ҳаким буд, ки шоири шӯридадиле чун Лоиқ Шералӣ ба мартабаҳои баланд расиду модарро ягона пири ботадбири хеш медонист. Ба унвони оне нома навишт, ки на танҳо зоянда, балки бахшояндаву поянда буд, ки «Модарнома»-аш гувоҳи он аст.

Мафтунаи ҚОСИМ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2024_small.pdf [4.23 Mb] (зеркашиҳо: 39)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон