БОЙГОНӢ

«    Декабр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

ФАРХОР: Аз коргоҳи маҳсулоти ширӣ то дӯзандагӣ

Иҷтимоъ

Саноати хўрокворӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва муҳими иқтисодиёт ба шумор рафта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат мавқеи калидӣ дорад. Ин аст, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини устувор ва бокафолати аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоии бехатар ва босифат тадбирҳои муассир андешида шуданд. Ҳоло дар ноҳияҳои дурдасти кишвар низ ҷиҳати расидан ба ин ҳадафи олии Ҳукумати мамлакат бунёду ба истифода додани корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ рў ба афзоишанд. Яке аз чунин коргоҳҳо Корхонаи коркарди шири «Шукрона»-и ноҳияи Фархор мебошад.

Ин коргоҳи дуошёна дар маркази ноҳия, дар кўчаи Мирзо Турсунзода воқеъ аст, ки соли 2012 ба фаъолият пардохтааст. Дар оғози кор соҳибкорон бо мушкилиҳои зиёде, аз қабили дар иҷора қарор доштан ва камбуди таҷҳизоти муосири коркарди шир рў ба рў буданд. Хушбахтона, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон» аз тарафи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ ва мушкилиҳои зикргардида бартараф гардиданд. Дар корхона 12 нафар даст ба кор аст, ки 10 нафари онҳо бонувон мебошанд. Шуруъ аз қабули шир то пухтану ба маҳсулоти тайёр расонданро маҳз бонувон ба сомон мерасонанд. Дастмузди кормандон аз 1000 сомонӣ боло буда, ҳамарўза се вақт бо ғизои гарм таъмин мегарданд. Иқтидори истеҳсолии корхона то 1,5 тоннаро фаро гирифта, ҳоло вобаста ба талаботи бозор ҳамарўза 600 – 700 литр шир коркард мешавад, ки дар натиҷа, чанд номгўи маҳсулоти ширӣ, аз қабили сметана, қаймоқ, ҷурғот, кефир, кефири мевагӣ, чакка ва дуғоб истеҳсол мегардад. Масъулин ният доранд, ки дар кўтоҳтарин муддат истеҳсоли йогуртро низ ба роҳ монанд.

 

Коргоҳ бозори истеъмолии худро дошта, ба ҷуз ноҳияи Фархор боз ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадониву Данғара ва гоҳе чанд шаҳри Душанберо бо маҳсулоти табиӣ таъмин месозад. Ба иқрори технологи корхона Раҳматулло Раззоқов, маҳсулоти онҳо босифат ва дар бозори дохилӣ рақобатпазир аст.

 - Ширро асосан аз хоҷагии деҳқонии «Рахш» ва аҳолӣ дастрас менамоем. Қабули шир то коркарди ниҳоии маҳсулот таҳти назорати ҷиддист, яъне шири қабулкардаро дар озмоишгоҳи корхона аз ташхис мегузаронем. Ғайр аз ин, бо хоҷагии деҳқонӣ ва сокинон дар ҳолате шартнома мебандем, ки чорвои онҳо аз муоинаи байторӣ гузашта, бидуни бемориҳои сироятӣ бошанд. Баъдан равғаннокӣ, туршӣ ва миқдори табиии оби ширро санҷида, мувофиқи ҷадвали мавҷудаи коргоҳ нархи маҳсулотро муайян месозем. Нархи маҳсулот он қадар ҳам гарон нест, масалан, як қуттӣ кефир - 3 сомонӣ, кефири мевагӣ – 4 сомонӣ, қаймоқ – 5 сомонӣ ва ҷурғот – 3,5 сомонианд. Масъалаи тозагӣ низ ҷиддӣ назорат мешавад, чун коркарди маҳсулоти ширӣ кори нозук буда, покизагиро мехоҳад, - иброз намуд Раҳматулло Раззоқов.

Дар коргоҳ сехи коркарди шир, гармхона (термостат), сардхона ва ҳуҷраҳои кории ба талаботи замон ҷавобгў мавҷуданд. Ширро дар гармхона мойнӣ монда, 4–5 соат нигоҳ медоранд, сипас онро дар сардхона муддате ҷой медиҳанд. Маҳсулоти аз он тайёршударо ба зарфҳо ҷо ва маҳкам карда, боз ба сардхона мегузоранд. Ҳоло дар қисмати пеши бино корҳои таъмиру тармим ҷараён доранд ва масъулин нақша доранд, ки коргоҳро ба меъёр ва талаботи замонавӣ мувофиқ созанд. Бо ин мақсад ҳоло ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ҳаммом, ташнобҳои мардона ва занона, ҳуҷраи қабули шир бунёд ёфта, таъмири онҳо дар марҳалаи анҷомёбист.

Тамоми таҷҳизоти коргоҳ замонавӣ буда, аз кишварҳои Россия, Чин ва Эрон ворид карда шудаанд. Ду мошини боркаши яхдондори коргоҳ барои бе осеб ба мағозаҳо расондани маҳсулот ҳамарўза омодаи кор аст.

- Қаблан, вақте ки мошинҳои яхдондор надоштем, маҳсулотро бо мошинҳои одӣ ба мағозаҳо мерасондем. Азбаски тобистон ниҳоят гарм аст, маҳсулот то мағоза нарасида, турш мешуд. Бо дастрас намудани мошинҳои махсус шукр, ки ин мушкилӣ бартараф гардид. Маҳсулотро ба мағозаҳо дастрас карда, дар яхдонҳои онҳо ҷой медиҳем ва маҳсулоти аз муҳлат гузаштаро бозпас мегирем. Аз фурўшандаҳо мепурсем, ки мабодо аз ҷониби харидоре дар мавриди маҳсулоти мо шикояте нашудааст, то ҷое ба саҳв роҳ дода бошем, пайи ислоҳи он кўшем, - афзуд технологи коргоҳ.

Масъул хушнуду қаноатманд аст, ки имрўзҳо барои тавсеаи фаъолияти соҳибкорон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат имтиёзҳои зиёде пешбинӣ шудаанд, ки дар асоси кафолатҳои конститутсионӣ бино ёфта, дар муҳайё намудани шароит барои зиндагии арзандаи мардум созгоранд.

Коргоҳи истеҳсолӣ

Дар самти рост аз маркази ноҳияи Фархор, дар деҳаи Ориён, моҳи октябри соли 2021 рўйдоди фараҳбахше ба вуқуъ пайваст – бинои Коргоҳи истеҳсолии КВД Хоҷагии зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор иборат аз се ошёна ва таҳхона бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар қабати аввали бино ошхона, синфхонаи омўзишӣ ва фурўшгоҳи либос ҷой дошта, дар қабатҳои дувуму сеюм коргоҳи дўзандагӣ бунёд ёфтааст. Дар ин коргоҳ асосан либосҳои низомии зимистонаву тобистона, кулоҳу сарпўшҳои ҳарбӣ ва рахти хоб барои сарбозон таҳия менамоянд. Дар оғоз 80 нафар бону ба кор ҷалб гардида буд, ки нахуст дар синфхонаи омўзишӣ ба онҳо омўзгори Маркази таълими калонсолони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Арабгул Камбарова нозукиҳои ҳунари порагарӣ ва дўзандагӣ омўзонд. Дар ин муддат як қисми духтарон оила барпо намуда, дар шаҳру ноҳияҳои дигар кору зиндагӣ доранд. Ҳоло 50 нафар ҳамарўза ба дўхтани либосҳо машғул аст.

- Соли чорум аст, ки дар ин коргоҳ фаъолият дорам. Тули ду моҳ курси кўтоҳмуддати дўзандагиро бо роҳбарии устод Арабгул Камбарова хатм намудам. Дар оғози кор либосҳои низомиро бо даст сўзан мезадем, то он даме, ки ба ин кор андаке чира шудем. Баъдан иҷозат мешуд, ки бари мошинҳои дарздўзӣ нишинем. Сипоси фаровон ба апаи Арабгул, ки ба мо нозукиҳои ҳунарро омўзонданд, - изҳор намуд сардори сехи дўзандагӣ Рухшона Холматова.

Арабгул Камбарова ҳудуди 40 сол аст, ки ба занону духтарон ҳунари дўзандагӣ меомўзонад ва ифтихор дорад, ки дар деҳаи Ориён беш аз сад ва дар ноҳия беш аз ҳазор шогирд омода кардааст.

- Шогирдони мо баъди ҷашни арўсӣ дар хона низ ба дўзандагӣ масруф шуда, аз ин ҳисоб ризқу рўзӣ меёбанд. Бисёре аз онҳо дар шаҳри Душанбе дуконҳои дўзандагӣ созмон додаанд. Ҳоло ҳам хоҳишмандон бошанд, онҳоро ду моҳ таълим медиҳем, ҳамчунин, ҳар моҳ онҳо 144 сомонӣ стипендия мегиранд ва баъд бо кор таъмин мегарданд. Яъне, ба духтарон ҳам ҳунар, ҳам стипендия ва ҳам ҷойи корро фароҳам меорем, то дар зиндагӣ дарнамонанд, - ироа намуд устоди гулдаст. Бино ба гуфтаи Рухшонабону, кормандон вобаста ба ҳаҷми кор сари вақт бо маоши хуб таъминанд. Як дўзанда тули моҳ метавонад то 80 ҷуфт либоси низомӣ таҳия намояд. Гулбаст Назарова ва Раъно Раҷабова ба пора кардани либосҳо машғуланд ва сифати маҳсулотро хуб арзёбӣ менамоянд.

Аксарияти бонувони коргоҳ аз деҳоти гирду вана буда, нафароне, ки аз роҳҳои дур ба кор меоянд, бо нақлиёт таъминанд.

-   Бекор наистода, ҳошияи матоъҳои дўхташударо бо мошини махсус кўк мезанам, ки риштаҳо парешон наоянд. Ба нафароне, ки дар кор ба мушкиле мувоҷеҳ шуданд, роҳи ҳалро мефаҳмонам. Дар зимистон, ки ба ҳошияҳои либосҳои ғафс кўкзанӣ сурат намегирад, бари мошини дарздўзӣ нишаста, либосҳои низомӣ медўзам. Хушбахтам, ки чунин пешаи писандида дорам ва аҳли кормандонро мисли оилаи бузурги худ медонам, - афзуд бону Арабгул.

Коргоҳи истеҳсолӣ, ки шароити хуберо барои фаъолият дорост, яке аз иншооти ҷашнии ноҳия ба шумор рафта, маҳз ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохтааст. Ба пешвози Ҷашне, ки истиқлоли иқтисодиро низ фароҳам оварда, ба баланд гардидани некуаҳволӣ ва сифати зиндагии мардум, хосса бонувони мамлакат мусоидат менамояд.

                                                                                                          Ситора АШЎРОВА,

                                                                                                  Душанбе – Фархор - Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 29)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон