БОЙГОНӢ

«    Декабр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Масъалаи корҷӯёни маҳал ҳал мегардад

Иҷтимоъ

Фаъолияти омўзгории Дилором Ҷўразода аз соли 1991, баъд аз оне, ки Омўзишгоҳи педагогии шаҳри Кўлобро хатм намуд, оғоз гардид. Дилбастаи касб, ки буд, бештари умри хешро сарфи таълиму тарбияи насли наврас кард. Баъди пайвастан ба ҳаёти оиладорӣ, бо дастгирии хонаводаи ҳамсар таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ идома дода, соли 2006 онро бо ихтисоси омўзгори фанҳои таърих ва ҳуқуқ хатм намуд. Дилоромбону 15 сол муовини директори мактаб оид ба корҳои тарбиявӣ ва 5 сол ҳамчун директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3- юми ба номи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Фархор фаъолият кард.

 - Ташаббускорию навовариро меписандам ва тасмимҳои нафарони ташкилотчиро дастгирӣ намуда, мекўшам, то барои амалӣ шудани кори неке саҳм бигирам. Соли 1993 бо тавлиди нахустфарзандам Муҳтарама соҳиби хоҷагии деҳқонӣ шудем. Хоҷагии деҳқонии «Муҳтарама» ба номи духтарчаам марбут аст, - изҳор дошт Дилором Ҷўраева.

Дар 10 гектар замини хоҷагӣ ҳар сол пиёзу сирпиёз, кадую картошка ва дигар намудҳои сабзавот ва, ҳамчунин, чигит кишт намуда, ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд. Соли равон аз 5 гектари замини хоҷагии деҳқонӣ аз нақша зиёд пахта ҷамъ оварда, дар асоси шартнома ба корхонаи пахтатозакунии ноҳия супурд.

Ҳамчунин, бонуи роҳбар ва ҳам хоҷагидор ҳар сол аз ҳосили меваи боғ, аз қабили себу шафтолу, олую биҳӣ, ки дар як гектар замини хоҷагӣ парвариш меёбанд, захираи зимистона омода менамояд.

Донишу ҳунар сайқал мехоҳанд

Таъсиси ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ, курсҳои бозомўзӣ ва ҷалби калонсолону ҷавонон ба кор рисолати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мебошад. Роҳандозӣ намудани корҳои ташкилӣ ва гузарондани ярмаркаю чорабиниҳо маҳорати баланд ва ташаббускориро тақозо менамояд. Дилором Ҷўразода аз зумраи он бонувони оқилу пурталош аст, ки замони роҳбари мактаб будан бо ширкати фаъолонааш дар корҳои ҷамъиятӣ байни мардум шинохта шуд. Соли 2020 ўро сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Фархор таъин намуданд.

- Дар ҷараёни кор ба мушкили соҳа дучор шудам. Фаъолият дар ин соҳа иқтисодчӣ ва таҳлилгари самти иқтисод буданро тақозо мекард. Барои баланд бардоштани малакаи корӣ ва савияи дониши иқтисодӣ тасмим гирифтам, то шомили Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон шавам. Дар 52-солагӣ донишҷўи факултаи менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ин Донишгоҳ гардидам.

Мегўянд, ки аз гаҳвора то ба гўр илм омўз. Ҳатто ба хотири азхудкунии дониши иқтисодӣ ва равиши кор дар соҳа дар ҷараёни фаъолият ва таҳсил аз мутахассисони шуъба нозукиҳои соҳаро омўхтам. Омўзиши ҳунар ва дониш ҳаргиз дермонӣ надорад, ин аст, шиори ман дар зиндагӣ, - гуфт Дилоромбону.

Талабот ба ҷойи кор меафзояд

Аз рўи одат ҳар рўз пас аз анҷоми рўзи корӣ сўи хоҷагии деҳқонӣ роҳ пеш мегирад. Ба хотири оромии руҳу асаб лаҳзае ҳам бошад, сари ҷўякеро аз алафҳои бегона тоза карда, гирди ҳавзи моҳӣ чарх мезанад, зеро аслан андешаҳои тоза маҳз дар ҳавои тозаю беғубор ва ороми саҳро пайдо шуда, касро барои тасмим гирифтан ба коре таҳрик менамоянд.

Ин замон Дилором Ҷўразода бо овардани пеши назараш симои бонуеро, ки имрўз ба дафтари кориаш барои пайдо намудани ҷойи кор омада буд, сухан оғоз менамояд:

- Воқеан, он зан ниёз ба ҷойи кор дошт. Ба муҳоҷират рафтан ва дар кишвари бегона аз бебарории кор машаққат доштани шавҳар, бори рўзгор ва таъмини хонаводаро ба сари ин зан бор кардаасту аз ноилоҷӣ дари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияро кўфт.

Зиндагӣ ойинаро муҳтоҷи хокистар кунад… Ана ҳамин аст, вақте волидон монеи таҳсили духтарон мешаванд ва дар чунин лаҳзаҳои мушкили ҳаёт сарриштаи корашонро намеёбанд. Боз азоб ба сари зан. Дар андешаи ёфтани ҷойи кор ба чандин корхонаю муассиса рафтааст, вале ба ин зани ҷавон ҷавоби рад додаанд, зеро маълумот ё ихтисосе надорад. Боумед аст, ки муроҷиаташ ин дафъа бенатиҷа намемонад, - мефаҳмонад ҳамсуҳбатам.

Аз рўи нақшаи имсола мебоист шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Фархор 12 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронад, ки аллакай дар давоми 10 моҳи соли равон 11 ярмарка барои корҷўён доир шуд. Тариқи гузарондани ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ 995 кас бо кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин шуд. Аз ин 678 нафар бонувонанд, ки алҳол дар самти маориф, тандурустӣ ва дигар корҳои мавсимӣ фаъолияти худро роҳандозӣ намудаанд.

Ташкили курсҳои бозомўзӣ василаи хубест, ки ба ин роҳ занону духтарон ва корҷўёни синну солашон гуногун ба омўзиши касбу ҳунарҳо, аз қабили дўзандагию пазандагӣ, бофандагию тарроҳӣ ҷалб шудаанд. Занони ҳунарманд нозукиҳои пешаи худро ба бонувони корҷўй омўзонда, онҳоро соҳибкасб гардондаанд. Дар ин давра 200 ҳунаромўзе, ки аз курсҳои бозомўзӣ баҳравар гардид, соҳиби сертификат шуд.

- Талабот сол аз сол ба ҷойи кор меафзояд ва бозгўи ин далел шумораи муроҷиаткунандагон ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия мебошад. Дар 10 моҳи соли равон 1357 нафар барои пайдо кардани ҷойи кори доимӣ муроҷиат намуд. Аз сабаби набудани ҷойи корӣ ба 620 нафар мақоми бекорӣ дода шуд.

Тариқи омўзиши курсҳои касбомўзӣ аксари корҷўён соҳиби касбу ҳунари гуногун мегарданд, вале, мутассифона, аксаран бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо зери суол мемонад. Мебоист бонувони соҳибҳунар дастгирӣ ёбанд ва бо фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ онҳо тавонанд корҷўёнро бо шуғл ҷалб созанд, - иброз медорад Дилоромбону.

Ба иқрори мавсуф коргоҳи хурди адрасбофӣ, ки дар ноҳияи Фархор фаъолият дорад, аксар вақт аз набудани ашёи хом ва дастгоҳҳои бофандагӣ ҳар вақт фаъол набуда, талаботи корҷўёнро қонеъ карда наметавонад. Ҳамагӣ 4 дастгоҳи адрасбофӣ муҳайёст, ки 2-тои он барои ҳунаромўзии шогирдони курсҳои бозомўзӣ истифода мегардаду халос. Алҳол, аксари бонувони пешаандўхтаи курсҳои омўзишӣ дар коргоҳи дўзандагии КВД Хоҷагии зотпарварии «Ҳисор» ба дўхти либосҳои низомӣ шуғл доранд.

- Мушкили корҷўёни маҳалро танҳо ба кор даромадани корхонаҳои хурди истеҳсолӣ метавонад осон созад. Натиҷаи кори шуъбаҳои агентӣ дар маҳалҳо дар он бозгў мегардад, ки корҷўёни касбу ҳунарандўхтаи курсҳои омўзишӣ ба кори доимӣ ҷалб шуда, сатҳи иқтисодии зиндагии худро хуб намоянд, - афзуд Дилором Ҷўразода.

                                                                                             Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,

                                                                                           Душанбе-Фархор-Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 29)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон