Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Армуғонҳои канди бостон
Иҷтимоъ / СлайдерДар айёме, ки мардуми шарафманди кишвар ба истиқболи Ҷашни бузурги Меҳан - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагии ҳамаҷониба мегиранду ободкорию созандагӣ дар диёрамон бомаром ҷараён дорад, заҳмати суботкоронаи аҳли дилро наметавон нодида гирифт.
Конибодом яке аз шаҳрҳои қадимаву бостонӣ ба шумор рафта, дар гузашта ҳам шаҳри хеле пешрафта ва шукуфони Осиёи Марказӣ буду маъруф бо номи Канд. Конибодом аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ баъд аз шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан дар вилояти Суғд дар ҷойи сеюм меистад. Асоси қувваи кории аҳолиро зиёиён ва деҳқонҳо ташкил медиҳанд. Бо мақсади ошноӣ пайдо кардан бо дастоварду нишондиҳандаҳои меҳнатии ин шаҳр суҳбате доштем бо муовини раиси шаҳри Конибодом Гулчеҳра Раҳмонзода, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.
- Омодагии мардуми Канди бостон ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Дар шаҳри Конибодом нақшаи силсилачорабиниҳо тарҳрезӣ шудааст. Бунёди бинову иншооти нави ҷашнӣ, кўчаву хиёбонҳои нав ба нав ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза зам менамоянд. Дар нимсолаи аввали соли 2025 аз тарафи ташкилоту муассисаҳои сохтмонӣ ба маблағи 2566,5 ҳазор сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 190 фоизро таш- кил медиҳад. Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо бах- шида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ, барои солҳои 2022–2026-ум 714 адад иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, то имрўз 556 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён доранд.
- Дар шаҳри Конибодом баҳри таъсиси коргоҳҳои нав, афзун намудани маҳсулоти рақобатпазир чӣ чораву тадбирҳо роҳандозӣ шудаанд?
- Дар нимсолаи аввали соли 2025 аз 68 адад корхонаи калону миёна ва хурди ҳисоботдиҳанда 28 адад ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд карда, 10 адади дигар аз нав фаъолияташро оғоз намуд.
Асосан, корхонаҳои саноатии шаҳр ба истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ барои дастгоҳҳо, маҳсулоти қаннодӣ ва нонӣ, нўшокиҳои ташнагишикан, либосҳои мактабӣ, маҳсулоти дўзандагӣ, сўзишвории дизелӣ, дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикӣ, сангреза, хишти бинокорӣ, коркард ва бандубасти меваи хушк, таъмири асосӣ ва ҷории қатораҳо, коркарди пахта, чигит, семент ва рубероид машғул мебошанд. Дар шаҳр чанд корхонаи нави истеҳсолӣ, аз қабили ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Кушкак сохтмон», «Наврўзи Канд», «Қаюмҷон Шукуров», «Отаҷонов», «Шукуфон» бо таъсиси 48 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Дар шаҳри Конибодом ба бунёд, таъмир ва тармими роҳҳо эътибори махсус дода мешавад. Дар тавозуни шаҳр 560,7 километр роҳ, аз ҷум- ла 61,3 километр роҳи байналмилалӣ, 25,9 километр роҳи ҷумҳуриявӣ, 88,1 километр роҳҳои хоҷагии манзилию рифоҳӣ, 181,43 километр роҳҳои байнихоҷагӣ, 203,97 километр роҳҳои маҳаллӣ қарор доранд. Дар шаҳр ҷиҳати бунёди роҳҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Тибқи лоиҳаи сармоягузорӣ таҷдиди роҳи автомобилгарди Конибодом–Деҳмой дар минтақаи Конибодом– Кўчкак бо дарозии 10,3 километр ба маблағи 21,4 миллион доллари ИМА оғоз ёфта, он бомаром идома дорад.
- Маориф яке аз соҳаҳои калидии ҷомеа ба шумор меравад. Дар ин самт чӣ корҳо ба сомон расонда шуданд?
- Дар шаҳр 56 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 51 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 мактаб-интернати санаторӣ, мактаби хусусии ба номи О.Ҷўраев, литсей, гимназия ва 1 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ дар назди Коллеҷи омўзгории ба номи Мирзо Турсунзода фаъолият доранд. Ин- чунин, дар шаҳр Муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва дар назди шуъбаи маориф марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва технологияи иттилоотиюкоммуникатсионӣ амал мекунанд. Ҳамчунин, 21 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 15 муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ, 4 муассисаи томактабии хусусӣ ва 2 муассисаи то- беи ташкилоту муассисаҳо фаъолият намуда, теъдоди тарбиятгирандагон 3100 нафарро ташкил медиҳад. Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати фарогирии кўдакон бо дарназардошти имконияти мавҷуда дар назди 37 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳр «Гурўҳи инкишофи кўдак» ташкил карда шуд, ки дар онҳо 1092 кўдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бунёд ва сохтмони 58 иншоот – биноҳои нави таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, толору майдончаҳои муосири варзишӣ, кўдакистон ва иншооти дигари соҳа ба нақша гирифта шуда, то ин дам 24-тоаш мавриди истифода қарор дорад, дар 25 иншооти таъиноташон гуногун корҳои сохтмонӣ идома доранд.
- Яке аз бахшҳои муҳими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ин пешрафти соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Дар ин самт шаҳри Конибодом ба кадом дастовардҳо муваффақ гардидааст?
- Дар ин давра, дар бахши тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Конибодом комёбиҳои беназир ба вуқӯъ пайваст. Барои аҳолӣ 1 маркази саломатии шаҳрӣ, 16 маркази саломатии деҳот, 18 хонаи саломатӣ ва марказҳои махсусгардондашуда ва, инчунин, марказҳои солимии репродуктивӣ, эмтаъминкунӣ, ҳамбастагии бемориҳои кўдакона, мубориза бар зидди бемориҳои сил, вируси норасоии масунияти одам, ташаккули тарзи ҳаёти солим, стоматологӣ, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва аз тарафи 9 муассисаи хусусии тиббӣ 6 адад стоматологияи муолиҷавию дандонсозӣ, 2 осоишгоҳи табобатии «Ирам» ва «Гули бодом» кумаки тиббӣ расонда мешавад. Дар давоми шаш моҳи соли 2025 дар шуъбаҳои ҷарроҳии калонсолон ва осебшиносӣ, ҳуҷраҳои бистаринамоӣ ва осебшиносӣ корҳои таъмиру азнавсозӣ гузаронда шуданд. Алҳол корҳои таъмирӣ, рангубор намудани намои берунии бинои асосии беморхонаи марказии шаҳр ба итмом расиданд.
Соли равон ба беморхонаи марказии шаҳр аз тарафи соҳибкорони ватанӣ ду адад таҷҳизоти ҳозиразамон тиббии видеогастроскоп ба маблағи 232 ҳазор сомонӣ ва дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ бо тариқи шартномавӣ ворид гардид. Таҷҳизоти мазкур барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба беморони узвҳои ҳозима мусоидат намуд. То имрўз 30 нафар аз амалиёти эндоҷарроҳӣ ва 53 нафар аз ташхиси видеогастроскопӣ гузашт. Ба шабакаи муассисаҳои КАТС 1 таҷҳизоти ампли- пулс ба маблағи 18700 сомонӣ аз суратҳисоби махсус харид гардида, 2 нақлиёти санитарӣ аз тарафи соҳибкорони шаҳр ба маркази ёрии таъҷилӣ тақдим шуд.
Мардуми заҳматписанди шаҳри Конибодом имрўзҳо аз тамоми воситаву имкониятҳо босамар истифода мебаранд, то гўшаи обод созад ва ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар армуғони арзанда омода намоянд.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
шаҳри Конибодом
Мубодила:
Шарҳҳо











