БОЙГОНӢ

«    Феврал 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Соҳибкорони ватанӣ ҳавасманданд

Иҷтимоъ

Ҳангоми суҳбат бо чанде аз соҳибкорони ободкори ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки барои рушди маҳалу диёри худ саҳм доранд, қаноатмандиашонро аз дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос намудем, ки бо ин нукта оғоз ва анҷом дошт: «Таъкидҳои пайвастаи Президенти кишвар мо - соҳибкоронро барои ободии Ватан ва рушди маҳали худ бештар ҳавасманд мегардонад». 

 

Корхонаи истеҳсоли асфалту бетон аз ҷумлаи коргоҳҳоест, ки соли 2024 бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Абдулазиз Ҷобиров ба фаъолият шуруъ намуд ва алҳол дар он беш аз 100 нафар ба кори доимӣ банд аст.

Муъмин Нуралиев, сармуҳандиси ширкати «Бунёд-интернешнл» дар ҷараёни суҳбат иброз дошт, ки фаъолияти коргоҳ ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ равона гардида, он дар майдони қариб 9 гектар доман густурда, ба маблағи 2 миллиону 520 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Иқтидораш дар як соат 80 тонна асфалт ва 60 метри мукааб бетонро ташкил медиҳад. Корхона бо хатти муосири истеҳсолӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ, ки асосан аз кишварҳои Россия, Эрон ва Чин ворид шудаанд, муҷаҳҳаз аст. Маҳсулоташ дорои сифати баланд буда, ба талаботи сохтмониву роҳсозӣ ҷавоб медиҳад.

- Дар Паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 -умро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намуданд. Воқеан, имрўз дар ҳар гўшаи диёр ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагӣ ва ободкорӣ аз ҷониби ҳар фарди ватандўст идома доранд. Роҳ пайвандгари дилҳост ва шоҳидем, ки чанд соли охир соҳибкорон ва мардуми маҳал тариқи ҳашар ба ободсозии роҳҳо тасмим гирифтаанд. На ин ки роҳҳои аҳамияти байналмилалидошта, ҳамчунин, роҳу кўчаҳои деҳот сол ба сол тармиму навсозӣ мешаванд, - иброз медорад Муъмин Нуралиев.

Барои пешбурди истеҳсолоти корхонаи асфалт ва бетони ноҳия ашёи хом, асосан санг, аз ҳудуди корхона ҷамъоварӣ гардида, бо коркард шудани он дар чаҳор коргоҳҳои хурд регу шағал ва бетону асфалт истеҳсол мешаванд.

 

Талабот ба маҳсулоти корхона зиёд буда, зарурати васеъ кардани ҳаҷми истеҳсолот роҳбариятро водор сохтааст, ки дар моҳҳои наздиктарин ба кор андохтани коргоҳҳои хурди истеҳсоли маҳсулоти сохтмониро роҳандозӣ намоянд. Ҳамчунин, ба гуфтаи мавсуф, роҳбари корхона таъсиси коргоҳҳои хурди сафолакбарорӣ, намудҳои гуногуни ширеш, лўлаҳои бетонӣ ва гаҷро низ дар нақша дорад.

- Ба ин тариқ, дар баробари обод шудани роҳҳо ва қомат афрохтани биноҳои замонавӣ дар кўчаю маҳалҳои ноҳия, ки пойдеворашон маҳз аз масолеҳи ин корхона бунёд меёбанд, ҳамчунин, мардуми маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Алҳол беш аз 30 нафар соҳиби ҷойи кор буда, бо хўроки гарм ва нақлиёт таъминанд. Музди моҳонаи коргарон, ки болотар аз 5000 сомонӣ аст, сари вақт пардохт мешавад, - мегўяд сармуҳандиси ширкат.

Ҳар соҳибкоре, ки дар истеҳсол намудани ин ё он маҳсулот дастболо шуда, дар бозор мавқеъ пайдо намудааст, дар талоши содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар аст. Аз он ки роҳбарияти корхона ҳамкории ногусастаниро дар мавриди воридоти таҷҳизоти замонавӣ ва ашёи хом барои чархондани фаъолияти корхона бо ширкатҳои истеҳсолии ватанию хориҷӣ роҳандозӣ кардаанд, ҳамчунин, тасмим доранд, ба хориҷи кишвар маҳсулоти сохтмонӣ бароранд.

- Мардуми деҳоти мо то Ҷашни Истиқлоли давлатӣ талоши обод намудани маҳали худро доранд ва талабот ба маҳсулоти корхона рўз ба рўз меафзояд. Нақлиётҳои роҳсозро дар ҳар кўчаи ноҳия дидан мумкин аст, ки аз пайи онҳо роҳҳо мумфарш шуда истодаанд. Ин гуфтаҳо ишора бар он аст, ки талаботи рўзафзун ба маҳсулоти корхона ҳанўз имкони содирот ба хориҷи кишварро маҳдуд кардааст. Аз ин рў, қаблан мебоист ниёзи аҳолиро бо асфалту бетон ва дигар номгўйи масолеҳи сохтмонӣ барорем ва баъдан бо баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсолот метавон ба давлатҳои ҳамсоя маҳсулоти корхонаро содирот намоем, - иброз медорад Муъмин Нуралиев. Корхонаи дигари истеҳсолие, ки аз он дидан намудем, дар деҳаи Лаби Рўди Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷойгир аст. Соли 2021 корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ «Мирзо Раҷаб» бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт, ки он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷиёнхон Мирзоев бунёд шудааст.

- Барои сохтани корхонаи мазкур беш аз яку ним миллион сомонӣ маблағ харҷ гардидааст. Алҳол, 30 нафар сокини маҳал бо ҷойи кори доимӣ таъмин аст, аз ҷумла 20 нафар бону. Дар коргоҳ чор хатти муосири технологӣ, ки аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шудааст, васлу насб гашта, 10 намуд халтаи полипропиленӣ бо андозаҳои гуногун истеҳсол карда мешавад. Тамоми номгўйи маҳсулот аз лиҳози намуд ва сифат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгў аст, - гуфт роҳбари корхона.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур дар як шабонарўз аз 1500 то 2000 адад халтаи полипропиленӣ буда, дар як сол зиёда аз 600 ҳазор чунин халтаҳо истеҳсол мешаванд.

Ба гуфтаи Ҷиёнхон Мирзоев, ашёи хоми истифодашаванда, яъне полипропилен аз Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои Ўзбекистону Қазоқистон дар асоси шартномаи ҳамкорӣ дастрас ва то марҳалаи ниҳоӣ коркард мешавад.

Алҳол, халтаҳои полипропилении истеҳсоли ҶДММ «Мирзо Раҷаб» дар бозорҳои кишвар, марказҳои савдову хидматрасонӣ, мағозаҳо ва дигар нуқтаҳои фурўши молҳои саноатӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ба таври васеъ истифода мегарданд. Ҳамчунин, халтаҳои полипропилении калонҳаҷми дар ин корхона истеҳсолшуда барои нигоҳ доштани маҳсулоти хўрокворӣ ва кишоварзӣ қулай мебошанд.

- Ҳудуди корхонаи «Мирзо Раҷаб» ҳамагӣ 40 садяк мебошад. Пештар ин макон партовгоҳи аҳолии деҳаи Лаби Рўд буд ва имрўз дар як масоҳати на чандон калон корхона бунёд ёфта, чанд нафар рўзгорашонро аз нигоҳи иқтисодӣ таъмин менамоянд. Минбаъд низ талош меварзем, ки дар баробари таъмини талаботи бозорҳои дохилӣ, истеҳсолотро бештар карда, содироти ин навъи маҳсулоти ватаниро ба кишварҳои хориҷ роҳандозӣ намоем, - иброз дошт Ҷиёнхон Мирзоев.

Соҳибкорон аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар дар бобати дастгирии соҳибкорону тоҷирон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ба хотири боз ҳам вусъат бахшидан ба корҳои ободонии маҳал ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ омода ҳастанд, ки корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолиро сохта ба истифода диҳанд.

                                                                                 Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,

                                                 Душанбе-Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ-Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2026_small.pdf [2.91 Mb] (зеркашиҳо: 7)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон