Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Эътимоди давлат ба бонувон-омили пешрафти ҷомеа
Иҷтимоъ / СлайдерДар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бонувон дар рушди ҷомеа ба марҳалаи нав ворид гардид. Бо фароҳам омадани шароити мусоид занону духтарон ҳамчун неруи созанда дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар фаъолона ширкат меварзанд. Бонувони фаъол бо дониш, ташаббускорӣ ва масъулиятшиносӣ дар пешбурди сиёсати давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва тарбияи насли наврас саҳми арзанда мегузоранд. Фаъолияти онҳо далели равшани болоравии мақому манзалати зан дар ҷомеаи навин аст.
Садафмоҳ Назарова намунаи ибрати чунин бонувони фаъоли зинаи роҳбарӣ дар ноҳияи Ховалинг мебошад, ки рисолати хешро сарбаландона баҳри рушду нумўи ноҳия иҷро намуда истодааст. Ў хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар риштаи фалсафа буда, баъди анҷоми таҳсил фаъо- лияти худро дар зодгоҳ, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и деҳаи Лоҳутӣ ҳамчун коргузор оғоз бахшидааст. Баъдан омўзгори фанни таърих таъин шуд.
Омўзгори ҷавонро соли 2019-ум барои идомаи кор ба Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ хонданд. Дар тули се сол аз вазифаи мутахассис то котиби Ҷамоат фаъолият намуда, бо масъулиятшиносӣ ва садоқат ба мардум номвар гашт. Бо дарназардошти таҷриба ва маҳорати корӣ, соли 2023 Садафмоҳ Назарова мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди МИМҲД-и ноҳияи Ховалинг таъин гардиду масъулияташ бештар гашт, зеро кор бо занон дар ҳалли мушкилиҳои оилавӣ, бо кор таъмин намудани занону духтарони хонанишин, иртиботи пайваста бо мардум заҳмат ва вақти зиёд металабад.
Имрўзҳо фаъолияти бонувони ноҳияи Ховалинг дар сатҳи хуб қарор дорад. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ барои занону духтарон имкониятҳои зиёд фароҳам гардидаанд. Аз ҷумла, тавассути квотаҳои Президент ва дигар имтиёзҳо онҳо метавонанд дар донишгоҳҳо таҳсил намуда, мавқеи худро дар ҷомеа устувор созанд. Тибқи маълумоти оморӣ, дар ёздаҳ моҳи соли 2025 шумораи занони роҳбарикунанда дар ноҳия то ба 91 нафар расидааст, ки аз онҳо 23 нафар вакили Ҷамоат, 3 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва боқимонда дар самтҳои гуногуни ҷамъиятӣ фаъолият мебаранд. Зимни суҳбат маълум шуд, ки сол аз сол ҳолатҳои зўроварӣ дар оила коҳиш ёфта, дар соли 2025 чунин ҳолат ба қайд гирифта нашудааст.
- Бонувони ноҳияи Ховалинг меҳнатдўст ва соҳибҳунар буда, ҳар яке дар соҳаи худ фаъолият мебарад. Ҳунармандон дар озмунҳои ноҳиявию вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд, омўзгорон барои муваффақияти шогирдонашон талош меварзанд ва ҷавонон ба кор ҷалб мешаванд. Ин ҳама аз орому осудагии кишвар шаҳодат медиҳад, - иброз медорад бонуи роҳбар.
Дар ҷараёни сафари кўтоҳ ба ноҳияи Ховалинг гуфтаҳои Садафмоҳ Назарова бори дигар тасдиқ ёфтанд. Мардум, махсусан бонувон, меҳмонон, азизони дилро бо чеҳраи кушод, одоби баланди тоҷикона ва меҳмоннавозии хос истиқбол мена- моянд.
Фаъолияти бонувони ташаббускор, аз ҷумла Садафмоҳ Назарова, далели равшани эътимоди давлат ба кадрҳои ҷавон ва масъулиятшинос мебошад. Меҳнати содиқона, наздикӣ ба мардум ва таваҷҷуҳ ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ имкон медиҳанд, ки сатҳи зиндагии аҳолӣ боло равад. Умед аст, ки бо чунин бонувони фаъолу ватандўст рушди устувори ҷомеа ва ояндаи дурахшони кишвар таъмин хоҳад шуд.
Гулшан ҶЎРАЗОДА,
Душанбе - Ховалинг - Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо











