БОЙГОНӢ

«    Март 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Аз замин нонрезаҳоро дида менолам ба чашм...

Иҷтимоъ

Вақте ки аз назди танӯри нонбандӣ мегузарӣ, беихтиёр бӯи болаззати нони гарм иштиҳоро қозгир ва диққати касро ба худ ҷалб месозад.

 

Ҳини ба манзили Заррабону расидан, ӯро назди танӯри тафсон машғулӣ кулчабандӣ ёфтем. Духтаракаш ба вай ёрӣ расонда, рӯйи кулчаҳои сурху сафеди аз чагдон кандаи модарашро равған молида, зарҳалранг мекард. Пас аз ҷо ба ҷо кардани кулчаҳо суҳбати мо оғоз гардид. Маълум гашт, ки ин кадбонуи нонпаз 16-уми майи соли 1982 дар деҳаи Кӯҳдомани ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба дунё омадааст.

- Таҳти тарбияву таваҷҷуҳ ва назорати зодмандон шаш писару се духтар ба воя расидем. Фарзанди шашум будам. Падарам Ҳасан Қароқулов мудири пойгоҳи автобусҳо буду модарам Шарифмоҳ хонашин, - гуфт Заррабану Бобиева. – Ҳам мехондем, ҳам кори хоҷагиро сомон мебахшидем. Мутаассифона, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ боиси дур мондан аз таҳсилам гардид, - ҳадс зад бо ҳасрат ҳамсуҳбатам.

Барои пеш бурдани рӯзгор аҳли хонавода пахтачиниву корҳои дигари саҳроиро анҷом медоданд. Заҳматписандиашон онҳоро байни мардум соҳибэҳтиром гардонд. Кордонию қобилиашро дида Мусалмон Бобиев, ки дар ҳамсоядеҳаи Навобод мезист, барои ҳамсафари якумра шудан, ӯро хуш кард. Заррабану соҳиби се шоҳписару се гулдухтар гардид. Чун аз хурдӣ устухонаш дар кор шах шуда буд, дар хонаи шавҳаразоб накашид.

- Вақте хешу табори шавҳарам ҷамъ мешуданд, бештар фатирмаскаву чанголӣ мефармуданд. Пухтани қурутоби маҳаллиро низ балад гаштам. Он солҳо шароити мардум вазнин ва гандум камёб буд. Ночор аз орди ҷуворимакка ҳам нон мепухтем, - ёдовар мешавад ӯ. - Соли 2005 бо ёрии қиблагоҳам дар маркази ноҳия соҳиби замин гашта, хонаи зист сохтем.

Заррабану аз соли 2013 ба нонбандӣ шуғл варзид, маҳсули дасти ӯ на танҳо дастархони сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, балки вилояти Хатлон ва ҳатто пойтахтро низ оро медиҳанд, зеро дастранҷӣ ӯ бо шакли зебо ва таъми болаззаташ аз дигар нонҳо фарқ дорад.

- Ҳар субҳи содиқ аз хоб хеста, аз ним халта орд гирдачаву чапотиву кулча омода намуда, ба бозори ноҳия ирсол менамоям. Вақте ки барои маъракаҳо фармоиш мегирем, то ду-се халта ордро истифода мебарем. Мардум бештар чапотиву кулчаву гирдача фармоиш медиҳанд. Баъзе вақт мувофиқи хоҳиши муштариён таҳмолу қатмол ҳам мепазем. Нафароне низ ҳастанд, ки нони аз хамиртуруши хонагӣ омодашуда мефармоянд, - иброз дошт кадбону.

Маҳсули дасти ин бонуи нонбанд борҳо дар чорабиниву намоишгоҳҳои ноҳияӣ ва вилоятӣ ба мардум пешкаш гардида, дастранҷҳоашро ба ин восита ба харидорон муаррифӣ намудааст.

- Дар озмунҳо нонҳои миллӣ, аз қабилӣ гирдача, чапотӣ, кулча, қалама, таҳмол, чагалдаку орзуқ ва суманаку ҳалво пешкаш месозем. Шавҳарам тез-тез ба Федератсияи Россия, ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад. Нахонданам дар зиндагӣ боиси дармондагӣ гардид. Нонбандӣ дар назди танӯр кори мушкил буда, дар тобистон нисбат ба фасли сармо зиёдтар монеа эҷод мекунад. Аз ҳамин хотир, мекӯшам, ки фарзандонам соҳибтахассус гарданд. Духтари калониам аз уҳдаи пухтани тамоми намуди нону кулчаҳо мебарояд. Писари якумам донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав буда, духтари дуюмам пас аз синфи нӯҳум дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар таҳсил дорад. Дигарон мактабхонанд, - афзуд бонуи заҳматқарин.

Заррабану бо дасткушодию хайрхоҳияш байни сокинони маҳал ном баровардаву аз баракати дастони моҳираш ҳамагоҳ бархӯрд мекунанд. Нонҳои лазизаш ба ҳамагоҳ писанданд. Ҳамсуҳбати мо ба серӣ будани нонро нишонаи фаровонӣ, баракату пурӣ ва сулҳу амонии кишвар арзёбӣ карда, пешравӣ ва саодати зиндагиашро маҳз аз ҳамин касби муқаддас дониста, шукрона ба ҷо овард…

                                                                                         Мадина БАЛАҶОНОВА,

                                                                Душанбе - Абдураҳмони Ҷомӣ - Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2026_small.pdf [2.9 Mb] (зеркашиҳо: 17)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон