БОЙГОНӢ

«    Май 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Зарафшони Душанбе

Пойтахт / Слайдер

Шаҳраки Зарафшон, воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, имрӯз яке аз маҳаллаҳои калон ва фаъол маҳсуб меёбад, ки бо зиндагии пурҷӯш ва рушду тараққиёти пайвастааш фарқ мекунад. Ин ҷо 31 ҳазор сокин умр ба сар мебарад ва бахши асосии аҳолиро ҷавонон ва наврасон ташкил медиҳанд.

 

Гулпарӣ Латифова аз зумраи бонувонест, ки ҳамчун шахси созанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта шудааст. Зодаи Душанбе пайванди решаҳои муҳаббати худро нисбат ба ин сарзамин ба меҳр арзёбӣ менамояд. Таҳсил дар мактабу омӯзишгоҳу донишгоҳ муҳаббати ӯро ба Меҳан дучанд гардонд. Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова ташкилотчӣ ва иштирокдори фаъоли озмунҳо буд. Фаъолият дар муассисаҳои давлатӣ барояш мушкилие пеш намеовард, зеро дар гузарондани чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ таҷриба дошт.

-Вақте бори аввал соли 1990 корро дар МТМУ №74-и ноҳияи Рӯдакӣ оғоз кардам, омӯзгорӣ бароям хеле шавқовар буд. Бо кӯдакон будан, ба онҳо чизе омӯзондан, ин худ як пешравист. Аз муҳаббати зиёд доштан нисбат ба касбу кор бо дӯстӯякон, ҳеҷ гоҳ хастагиро эҳсос намекардам, - мегӯяд Гулпарӣ.

Баъди чор соли фаъолият ӯро ба Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба кор хонданд, чанде пас ба ҳайси мутахассиси пешбар ба Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе даъват шуд.

Дар ин ҷо роҳбарии маҳфили кӯдаконро бар дӯш доштам. Дар солҳои ноамнии кишвар аксар кӯдакон аз омӯзиш дур монда буданд. Маҳфили гулдӯзии миллиро ба роҳ мондам. Аз хурдӣ ба ин ҳунар завқ доштам ва мехостам онро ба кӯдакон омӯзонам, - иброз дошт омӯзгори варзида.

 

Ҳар нафаре, ки омӯзгор аст, бояд равоншиноси хуб бошад. Мавсуф бо хосте, ки аз худ равоншиноси хубро созад, соли 2010 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар бахши педагог-психолог супурда, ин риштаро соли 2015 сарбаландона хатм намуд. Аз соли 2018 дар МТМУ №86-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамчун равоншинос фаъолият дорад. Риштаи равоншиносӣ роҳи касбии ӯро васеътар, таҷрибаашро бой ва фаъолияташро мукаммал сохт. Имрӯз дар баробари рушди касбӣ ва фаъолияти пурсамар дар самти тарбияи насли наврас худро хушбахт меҳисобад.Соҳиби оилаи намунавӣ ва модари се фарзанд аст ва асоси бурди худро дар зиндагӣ дар созмони оилаи солим мебинад.

-Шукргузорам, ки имрӯз хушбахтаму обрӯву эътибор миёни ҷомеа дорам. Асоси комёбиҳои хешро дар дастгирии ҳамешагии хонавода мебинам. Замоне оила барпо намудам, вазъи амнияти кишвар хуб набуд ва барои иҷрои рисолати бар дӯш доштаам, ҳамсарам пайваста дастгирам буду ҳаст, - мегӯяд бонуи хушбахт.

Таҷрибаи бойи корӣ дар самти тарбияи ҷавонон ва миёни ҷомеа шинохта будан, ӯро то ба зинаи роҳбари Шурои шаҳраки Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе расонд. Сар аз соли 2010 ин бонуи соҳибэҳтиром миёни мардум асту розу ниёзи ҳар як хонадони ин маҳалларо шунавост. Ба оилаҳои ҷавон ҳамчун роҳбари кордону рӯзгордида маслиҳатҳои худро дареғ надошта, ба ҳар як мушкилии равонии онҳо ёрирасон аст.

Шаҳраки Зарафшон аз нигоҳи инфрасохтор низ рушдёфта аст. Дар ҳудудаш 9 муассисаи гуногун арзи ҳастӣ дорад. Аз ҷумла, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ - МТМУ №95, №96, №86 ва №87 дар тарбияи насли наврас саҳми арзанда мегузорад. Ҳамзамон, муассисаҳои хусусӣ, аз қабили «Ҳотам ва ПВ», «Боргоҳи Сухан», «Кафолат» ва МТМУ ба номи Ю. А. Гагарин низ дар соҳаи маориф фаъолият мекунанд.

Дар шаҳрак бо Маркази саломатии шаҳрии №14 ва Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе амал менамояд. Барои таъмини ниёзҳои иқтисодиву иҷтимоии сокинон, бозори бузурги «Зарафшон», инчунин марказҳои савдои «Марва», «Пайкар» ва «Зарафшон Сити» ва даҳҳо мағозаҳои хурду калон фаъолият доранд. Илова бар ин, дар шаҳрак 15 дукони дӯзандагӣ ва 2 муассисаи томактабӣ - боғчаҳои №98 ва №18 амал мекунанд.

Таъсиси шаҳрак ба соли 1988 рост меояд ва аз ҳамон замон то имрӯз аҳолии он рӯ ба афзоиш аст. Бо зиёд шудани аҳолӣ, ҳаёти фарҳангиву ҷамъиятӣ низ ранги тоза мегирад. Ҳар сол дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таълимӣ, сохторҳои давлатӣ ва сокинони маҳалла чорабиниҳои гуногун бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ ва миллӣ, аз ҷумла Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, Ҷашни Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи Истиқлоли давлатӣ баргузор мегарданд.

Соли равон, 23-юми феврал, бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ сокинони шаҳрак бо намояндагони қисми ҳарбии «Н»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Госпитали Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мулоқот анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои хотирмон тақдим намуданд. Ҳамчунин, дар арафаи Рӯзи Модар бо иштироки ҷавонон ва омӯзгорон, аёдати се нафар собиқадори меҳнат анҷом дода шуд, ки чунин иқдомҳо дар тарбияи маънавии насли наврас нақши муҳим мебозанд.

Дар баробари ин, ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахши кор бо занон ва оила, бахши ҷавонон ва дигар сохторҳои марбута ба роҳ монда шудааст. Мунтазам суҳбату вохӯриҳо доир ба қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва истифодаи сарфакоронаи неруи барқ доир мешавад.

Тозагии муҳити зист низ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти сокинон аст. Аксияҳои тозагӣ пайваста гузаронда шуда, ҳар сол дар назди биноҳо дарахтони сояафкан ва гулҳои гуногун шинонда мешаванд, ки он ба зебоии шаҳрак ҳусни дигар меафзояд.

Боиси хушнудист, ки шумораи ҷавонони ихтиёрӣ барои адои хизмати ҳарбӣ сол ба сол меафзояд. Аз ҷумла, дар давраи даъвати тирамоҳии соли гузашта 20 нафар ҷавони шаҳраки Зарафшон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуд, ки ин нишондиҳандаи рӯшани масъулиятшиносӣ ва садоқати онҳо ба Ватан мебошад.

Дар маҷмӯъ, шаҳраки Зарафшони шаҳри Душанбе имрӯз на танҳо як маҳали зист, балки як муҳити фаъоли иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тарбиявист, ки дар он ҳар як сокин барои ободиву пешрафташ саҳм мегирад.

-Ҳамаи корро дар якҷоягӣ бо сокинони маҳалла иҷро менамоем. То кунун мушкилиҳои пешомадаро бо маслиҳати ҳамдигар ҳал менамоем, - меафзояд бону Гулпарӣ.

Фидокорӣ, меҳнати софдилона ва муҳаббат ба Ватан, ки аз давраи кӯдакӣ дар қалби ӯ маъво дорад, имрӯз варо дар ҷомеа ҳамчун бонуи пешқадам, тарғибгари маърифати ҳунарӣ, дастгири ҷавонон ва такягоҳи оилаҳои маҳалла муаррифӣ менамояд.

                                                                                                    Гулшан ҶӮРАЗОДА

                                                                                                             ноҳияи Сино

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2026_small.pdf [3.92 Mb] (зеркашиҳо: 26)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон