БОЙГОНӢ

«    Май 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Саодати ӯ аз садоқат ва дуои нек аст

Пойтахт / Слайдер

Дар китоби зиндагии ҳар зани муваффақ асроре нуҳуфтааст, ки хоси худи ӯст ва ба каси дигаре шабоҳат надорад. Барои Шарифгул, ки қаҳрамони воқеӣ, вале ношинохтаву беунвони зиндагист, ин сир хеле одӣ ва дар айни замон муқаддас — дуои неки зодмандони шавҳар аст.Ҷавонии ӯ сарфи сохтани оилаи солим ва тарбияи фарзандон гашта. Бо ҳунару зебоӣ ва сабру шикебоӣ хонаводаи хушбахтеро созмон дода, орзуву омоли бачагиро ба саодати оилавӣ бахшидааст. Талош варзидааст, то дили нозуки хусуру хушдоманро ба даст орад ва аз дуои неки онҳо ниҳоли зиндагиро сабзу борвар гардонаду дар шоҳроҳи зиндагӣ оҳиставу пайваста гом ниҳода, ба қуллаи мақсуд бирасад.

 

Падараш овони наврасии ӯ бемории фишорбаландӣ дошту парасторӣ бештар вақт ба зиммаи Шарифгул буд. Аз ин рӯ, мехост духтур шавад, то дармонбахши дарди падар бошад. Аммо сарнавишт барои ӯ роҳи дигареро муайян карда буд — роҳе, ки рисолаташ офаридану сохтану обод кардан аст. Чун ба балоғат расид, ӯро хонадор намуданд. Ҳарчанд нозпарвард буду гарму сарди рӯзгорро намедонист, дар хонадони шавҳар зуд унс гирифту мавқеъ пайдо намуд ва маҳбуби ҳамагон гашт.

-Рӯзгоре буд, ки ба таъбири барғалати ҳамагон «бекору хонашин» будам. Аммо дар асл ҳеҷ гоҳ бекор набудам. Дар баробари масъулияти гарони хонадорӣ, бо ҳунарҳои зебои дӯхтану сохтану бофтан ниёзҳои аввалияи худу фарзандонро муҳайё месохтам. Солҳои аввали оиладорӣ, ҳамсафари ҳаётам, ки омӯзгор буданд, борҳо хостанд, то ҳуҷҷатҳоямро ба донишгоҳ супорам ва соҳиби маълумоти олӣ гардам. Аммо барои ман дуои неки волидони шавҳар, ки ҳамроҳашон мезистем, аз дипломи донишгоҳ афзалтар буд. Хусуру хушдоманам мисли муаллимони ҳалим ва ғамхор бароям сабақомӯзи зиндагӣ гаштанд. Бо дуои неку ширинзабонӣ, бо роҳнамоиву ғамхорӣ ҷавонии хурраму рӯзгори осоиштаеро бароям муҳайё сохтанд. Панҷ соле, ки дар шаҳри Кӯлоб ҳамроҳашон зистем, беҳтарин солҳои ҳаётам буд, — изҳор намуд Шарифгул.

Ӯ бо меҳр аз хусуру хушдоманаш ёд меораду пинҳонӣ бо гӯшаи рӯймол ашки чашмашро пок мекунад. Муҳаббати бепоёни ӯ ба зодмандони шавҳар аз чашмаи инсондӯстиву хайрхоҳие маншаъ мегирад, ки дар рӯзгори гузашта аз ҷониби онҳо эҳсос мекард. Хушдомани дилсӯз бо бурдборӣ ба ӯ пухтану сохтан, чорводориву заминкориро омӯзонда буду хусураш аз меҳнати софдилонааш меболид. Ҳарчанд имрӯз худ соҳиби келину набераҳои дилҷӯст, шамъи ёди онҳоро фурӯзон нигоҳ медораду дар душвориҳои роҳи ҳаёт аз пандҳояшон кор мегирад.

Баъди он ки фарзандон парончак шуданду ҳар кадоме пайи орзуҳои худ пар кушод, бо исрори шавҳари маҳбуб соли 2012 ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ супурду дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №28-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо номи «Олуча» ҳамчун мураббӣ ба фаъолият пардохт. Маврид ба зикр аст, ки кӯдакистони болозикр аз соли 1954 кӯдакони зиёдеро дар оғӯши худ парвардаву яке аз беҳтарин муассисаҳои томактабии ноҳия аст.

-Фарзандонам дар ҳамин боғча таълиму тарбия гирифтаанд. Онҳо бо нишоту хушҳолӣ аз дари боғча ворид мешуданд ва мисли хонаи худ ин даргоҳро дӯст медоштанд. Хонаи умеди кӯдаконам барои ман низ азиз буд, зеро қариб тамоми кормандонашро мешинохтаму аз касбият ва инсонияти баланди онҳо огоҳ будам. Солдидаву дар тарбияи фарзандон таҷрибадор, ки будам, ба ман кӯдакони гурӯҳи дуюми хурдро бовар карданд, зеро на ҳар навкор метавонад аз ӯҳдаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи кӯдакони хурд барояд. Чордаҳ сол аст, ки субҳи ман бо саломи гарми волидон ва хандаи кӯдакони хушбахт оғоз мешавад, — мегӯяд бонуи кордида.

Мураббигӣ барои Шарифгул танҳо як вазифаи хизматӣ ё манбаи даромад нест. Ин идомаи фитрати зотии ӯст, ки панҷ фарзандро ба камол расондаву таҷрибаи амиқ андӯхтааст. Чордаҳ соли фаъолият дар боғча — ин чордаҳ соли сабзондани ниҳоли умед, шунидани хандаҳои бегаш, баровардани ниёзҳои кӯдакон ва омӯхтани забони ашкҳои тифлон аст.Ӯ хуб медонад, ки хишти аввали маънавияти инсон дар ҳамин синну сол гузошта мешавад. Аз ин рӯ, ба ҳар як шогирдаш ҳамчун фарзанди худ менигарад. Ба онҳо алифбои одамияту адабро меомӯзонад, то дар оянда на танҳо босавод, балки соҳиби ахлоқи ҳамида гарданд. Барои ҷолиб гузаштани машғулиятҳояш аз аёнияти гуногун истифода мебарад ва бо навтарин усули таълиму тарбия хурдсолонро ба шоҳроҳи омӯзишу андӯхтан раҳнамоӣ мекунад.

Чизи дигаре, ки ҳангоми суҳбат дар муҳити кори ӯ барои ман равшан шуд, ин муҳаббати мутақобила байни мураббиву шогирдон буд. Кӯдакон аз хоб бархоста, бо лаҳни ширин «бибиҷон», — гӯён мураббии худро садо медоданд. Мураббӣ ҳам бо самимият «ҷони бибӣ» мегуфту ҳангоми зарурат сари тифлаконро сила намуда, онҳоро ба оромиш даъват мекард.

-Ҳамкори мо Шарифгул Лайлиева дар кори худ беҳамтост. Бо сухани ширин ва меҳрубонии хос на танҳо дили кӯдакон, балки ихлосу эҳтироми зодмандони онҳоро низ ба даст овардааст. Дар гузарондани машғулиятҳои намунавӣ, бозиҳои гуногун ва чорабиниҳои идона маҳорати баланд дорад. Дастгири ҳамкорону раҳнамои кормандони ҷавон асту ғайр аз мураббигӣ вазифаи раисии шурои занони муассисаро низ ба ӯҳда дорад. Барои рушди шахсии тифлакон заҳмат мекашад ва истеъдоди ҳар яки онҳоро дарёфт намуда, инкишоф медиҳад. Маҳз ҳамин хусусиятҳои касбии мураббӣ аст, ки шогирдонаш хурдсол бошанд ҳам, дар чорабиниҳои муассиса ва берун аз он ширкат меварзанд, — мегӯяд мураббии соҳибтаҷриба Гулнора Саипова, ки 35 сол аст дар тарбияи кӯдакон саҳм мегирад.

Бону Шарифгул фақат мураббии варзида, модари мушфиқ, модаркалони дилсӯз, хушдомани меҳрубон, сунҳори намунавӣ ва ҳамсари беҳтарин нест. Ӯ шаҳрвандии арзандаест, ки ифтихор аз тоҷик будани худ дорад. Бо ҳисси масъулияти ватандорӣ дар тамоми чорабиниҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзад. Дар озмунҳои маҳорати кадбонугӣ борҳо дастболо гаштаву дар сабқати зебоии «Сад ранги чакан» бо либоси зеботарин барои занони солдида соҳиби ҷоиза гаштааст.

Муҳаббати Ватан ва дуои неки модарон зиндагии ӯро мисли хуршеди тобон пурнур ва пурсурур гардондаанд.

                                                                                                                   М. НАЗИРОВА,

                                                                                                               ноҳияи Шоҳмансур

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2026_small.pdf [3.92 Mb] (зеркашиҳо: 26)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон