БОЙГОНӢ

«    Август 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

101соли Душанбе

Пойтахт / Сиёсат

Аз Душанбе, аз хушии беҳади ҳусну ҷамолаш, аз шукӯҳи бемисолаш, аз бузургиву камолаш яксаду як бор ҳам гӯем, кам аст. Пойтахти гулбадомону дилангез бо хиёбонҳои сабзу гулбадомон, боғҳои руҳбахшу Парчами болобаланди парфишон, мурғакони нағмахону шаҳчанорони азими сабзҷон рӯз ба рӯз нозанинтар мешавад.

Азми ободиву созандагии фарзандони ҷоннисор, бо шаҳрдори шаҳрофар ва мардумони фарҳангпарвар, ки аз деҳе як шаҳри бузург меофаранд, шуҳраи «қалби Тоҷикистон»-ро дар саросари олам паҳн кардааст. Ҳар касе меҳмони мо гардад, на танҳо аз зебоиҳои Душанбешаҳр, балки аз азму талош баҳри фардои дурахшон ангушти ҳайрат мегазад ва дилбастаи обу ҳаво ва мардуми меҳмоннавози пойтахт мемонад.

Дар ҳар гӯшаву канори Душанбе тантанаи ваҳдату якдилӣ дар бунёдкориву хуррамгардонӣ бомаром идома дораду сокинону меҳмононро ба зебоипарастиву созандагӣ даъват мекунад.

Таманнои мо ба 101 соли Душанбе ин аст:

Аз дурахши чашмгират чашми бадбин кӯр бодо,

Шаҳнигини бебаҳои Тоҷикистон,

эй Душанбе.

                                  

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 71)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон