Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дастони ҳалим
Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣҲунармандӣ дар ноҳияи Файзобод на танҳо дар қадим, инчунин имрӯз низ равнақ дошта, дастандаркорони ин мавзеи биҳиштосо меросбарони ниёгон ба ҳисоб мераванд. Маҳсули дасти ҳунармандони чирадаст дар чорабиниву ҷамъомадҳо, бозгӯи санъати волои аҷдодон унвон мегардад ва яке аз нафарони соҳибмактаб Ҳалима Шарифова аст, ки дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзанда дорад.
Ҳалима 13-уми январи соли 1965 дар деҳаи Хами Савраи ноҳияи Файзобод, Ҷамоати деҳоти Ҷавонон, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Қиблагоҳаш Абдулло Шарифов саркори хоҷагӣ буда, модараш ба корҳои хона андармон буд. Зодмандони заҳматпеша ҳамаи ҳафт фарзандашонро соҳиби касбу ҳунар намуданд.
– Мо аз сидқи дил заҳмат кашидану ганҷ ба даст оварданро аз падари бузургворамон омӯхтем. Қиблагоҳ бисёр марди сахиву меҳмоннавоз буданд. Модарам дар пастиву баландии зиндагӣ ҳамеша ёрирасон ва каси қаринтарини падар ҳисоб меёфтанд. «Маҳз меҳнати ҳалол ояндаи касро дурахшону зиндагиашро хуррам мегардонад», – мегуфтанд мудом онҳо. Дар қалби ҳар яки мо чароғи меҳнатдӯстдор буданро фурӯзон менамуданд, – гуфт Ҳалимабону.
Ҳунармандиаш сабаби рӯзгори ободу ҳаёти шоиста гардид. Барои ба чунин рӯзгори неку осуда расидан, ин панҷазаррин аз уҳдаи дӯхтани либосҳои миллӣ, қуроқ, чакан, зардӯзӣ, тоқидӯзӣ, давридӯзӣ, кашидадӯзӣ, муҳрабофӣ, бофандагӣ, шероза, ҷома, гулдӯзӣ ва рафидадӯзӣ ба хубӣ мебарояд. Бо касб кардани соҳибистиқлолии кишвар ҳунармандӣ дар байни духтарону бонувон аз нав эҳё шуда, бо тарзи назаррас равнақ ёфт. Навъҳои гуногуни ҳунарҳои дастӣ, ки аз қадим байни мардуми тоҷик вуҷуд доштаву солҳои охир аз миён рафта буданд, бо тарзи наву замонавӣ аз нав эҳё гардиданд. Ҳамаи ин ба шарофати назари неки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳунарҳои мардумиро ҳамчун инъикосгари фарҳанги ғанию қадимаи тоҷик на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар ҷаҳон шуҳратманд гардонданд.
Ҳалима Шарифова пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и зодгоҳ Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзободро хатм намуда, дар хоҷагии давлатии «Файзобод» ҳамчун коргари мавсимӣ ба фаъолият пардохт. Дар филиали корхонаи «Дилором» низ заҳмат кашид. Аз соли 2009 ҳамчун устои таълими истеҳсолии ихтисоси «Дӯзанда»-и МДТ Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод фаъолият менамояд.
– Бонувони ноҳия ба аз худ кардани ҳунармандӣ ва кор дар корхонаҳои дӯзандагиро афзал медонанд. Аз ҳамин сабаб курсҳои кӯтоҳмуддати куртадӯзӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, кӯрпачадӯзиро ба роҳ мондем. Чанд нафар шогирдони мо аз ҳисоби ҳунарашон соҳиби манзилҳои шахсӣ ва мошинҳои сабукрав шуданд, – бо хушӣ иброз намуд ҳунарвар.
Ҳалима дар баробари озмунҳои ноҳиявӣ, дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, дастранҷҳои худро ба намоиш гузоштааст. Аввалин бор тарзи гулдӯзиро дар либосҳои аврупоии занона соли 2009-ум дар шаҳри Душанбе пешниҳод кард. Ин бонуи чирадастро бинобар дастони гулофаринаш узви Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон пазируфтанд. Бо ифтихорномаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ва МИМҲД ноҳияи Файзобод борҳо сарфароз шудааст.
Ҳалимабону тайи ин солҳо дасти чандин занону ҷавондухтаронро рост намудааст. Ӯ на танҳо духтарони ҷавонро ба ҳунаромӯзӣ, балки ба хондану соҳибмаълумот шудан низ ташвиқ мекунад. Хонуми дастбакор дар омода намудани ҳар гуна хӯроку хӯриш ва пухтани шириниву омода кардани кулчаву нонҳои маҳаллӣ ҳам моҳир аст.
– Модарам, ки кадбону буд, ҳамеша меҳмонҳои падарамро бо хушнудӣ пазироӣ мекард. Бар замми корҳои хоҷагӣ, боз ба занбӯриасалпарварӣ машғул буду дастархони оиларо бо асали табиӣ оро медод. Талқин менамуд, ки бештар ғизоҳои миллӣ омода намоем ва аз тамоми сабзавоту кабудиҳои мавсимӣ истифода барем. Он давра тарзи омода намудани кулчақанду хӯришҳоро мардум аз рӯзномаву маҷаллаҳо меомӯхтанд, – ироа дошт кадбону.
Устоди касби ҳунармандӣ меафзояд, ки дар ҷавонӣ пахтаро чигитак намуда, сипас аз он ришта тайёр мекарданд. Аз решаи тут, заъфарони ширинбия рангҳои гуногун омода менамуданд. Пахтаро барои гилему гулдӯзӣ истифода бурда, аз пилла ришта мегирифтанд. Риштаро ба воситаи саҷичи сиёҳ молиш медоданд, ки он сахту мустаҳкам шавад. Тавассути он маҳсӣ, чоруқ, абзори асп ва шероз таҳия мекардаанд.
Олами ин бонуи дастандаркор бо ҳунар пайвандӣ дошта, ин пеша ба ӯ неруву тавоноӣ мебахшад. Мегӯяд, ки маҳсулоташон бо сифати олӣ тайёр шуда, шумораи харидорон сол аз сол зиёд мегардад. Тавассути омӯхтани ҳунарҳояш ба шогирдон, ҳунару маҳорати ӯ боз ҳам сайқал меёбанд.
Мадина БАЛАҶОНОВА,
Душанбе – Файзобод – Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо











