БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Агар инсон ҳимоятгари табиат бошад…

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Пас аз ташвишҳои кору рӯзгор, ҳар шом, бахусус дар фасли гармо лаҳзае фароғат доштан дар миёни гулу себаргаҳо ва оғӯши дарахтони сарсабз аҷаб гуворост. Аз дидани ин сарсабзиҳои муҳите, ки инсон барои зисти худ муҳайё намудааст, чашм роҳат ва қалб осоиш меёбанд.

Вале, дар баробари ободкориҳо дар ҳар гӯшаю канори ҷумҳурӣ, кабудизоркунию хуррамгардониҳо, умуман дар тамоми сайёраи Замин ҳолатҳои вайронкориҳо нисбат ба муҳити зист ба назар мерасанд, ки он маҳз бо дасти одамон рух додааст.

Аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешравии соҳа ва ҷиҳати такмили қонунгузориҳо дар мавриди ҳифзи муҳити зист қарору фармоишҳои дахлдор ба тасвиб расидаанд. Дар ин давра Кумита 5 барномаи давлатӣ ва 1 стратегияи миллӣ дар ин самт қабул кардааст.

 Дар асоси қонунгузориҳо дар 9 самт назорати доимӣ роҳандозӣ шудааст, ки ҳар яке муҳимияти хосса дорад. Аз ҷумла, дар самти муомила бо партовҳо, ки ҳар рӯз шоҳиди қонунвайронкуниҳо дар ин самт ҳастем, назорати доимӣ роҳандозӣ шудааст. Дар давраи аввали соли равон 5 ҳазору 544 ҳолати қонуншиканӣ дар самти муомила бо партовҳо ошкор гардида, аз ин 475 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шуд, - мегӯяд Исфандиёр Шукуров, сардори раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастраи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Маконе, ки фаъолияти хоҷагидории одамон роҳандозӣ шудааст, хоҳ нохоҳ ифлосӣ ва партов ба вуҷуд меорад. Коршиносони соҳа бар онанд, ки ҳолати вайроншавии муҳити зист бахусус, дар панҷоҳсолаи охир бештар мушоҳида мешавад ва инсон таъсиргузори асосии он аст. Бо рушд ёфтани саноати кимиёвӣ, нобуд кардан ва истифодаи нодурусту бемайлони ҷангалзорҳо ва дигар сарватҳои табиӣ ба муҳити зист зарар ва хисороти зиёд ба бор овард.

Одамон барои осонии кору зиндагӣ ва камхароҷотии буҷети хонавода ашёҳо аз маҳсулоти синтетикию кимиёвиро, ба монанди халтаҳои селлофанӣ, баклашкаҳо, ки ҳатто истифодаи дуюмбораи онҳо мамнуъ асту садсолаҳо дар хок «ҳазм» нашуда, таркиби онро вайрон мекунад, истифода мекунанд.

 

Ҳамчунин, дар ҳаёти ҳаррӯза шоҳиди поймол гардидани гулу гиёҳҳо, ифлос намудани кӯчаҳо ва партофтани партовҳо дар сари роҳу зери дарахтон мешавем, ки ин бехабарӣ аз заҳмати инсон мебошад.

 Бо дастгирии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар асоси лоиҳаҳои татбиқшавандаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ дар пойтахт Маркази назорат ва мониторинги доимии партовҳо таъсис дода шуд. Дар ҷойҳои осебпазир, ба мисоли канори рӯду дарё ва ҷӯйҳо, ки мардум асосан он маконро ҷойи партовпартоӣ қарор додаанд, беш аз 50 адад камераҳои назоратӣ насб шудааст, ки тариқи маркази онлайнӣ ин нуқтаҳо назорат мешаванд. Алҳол, дар пойтахти кишвар қонуншиканӣ дар ин самт тариқи онлайнӣ ошкор шуда истодааст. Ҳамчунин, дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар таъсис додани чунин марказҳо дар назар аст, - иброз медорад ҳамсуҳбатам.

Ба гуфтаи Исфандиёр Шукуров солҳои охир дар аксар минтақаҳои кишвар биёбоншавии заминҳо дида мешавад. Ӯ мегӯяд, ки сабаби ба шӯшашавӣ ё ба истилоҳ ба «эрозия» гирифтор шудани заминҳои корам аз истифодаи нодурусти инсон ва риоя накардани технологияи обёрӣ мебошад.

Албатта, ҳамаи ин омилҳо босуръат ба ҳам омаданд, ки имрӯз инсоният ба яке аз масъалаҳои глобалӣ, яъне тағйирёбии иқлим мувоҷеҳ гардид. Тоҷикистон аз нигоҳи ҷуғрофӣ кишвари осебпазир аст, зеро қисмати асосии онро кӯҳсор ва қуллаҳои пиряхпӯш ташкил медиҳанд ва табиист, ки таъсири бештари тағйирёбии иқлим ба захираҳои обӣ мерасад. Сол аз сол аз баланд шудани ҳарорати ҳаво обшавии пиряхҳо мушоҳида шуда истодааст, инчунин, боришоти зиёд ба рӯзгори осоиштаи мардум хисорот расонда, ҳатто ҳар сол офатҳои табиат боиси талафоти ҷонии даҳҳо одамон мегардад.

Тағйирёбии иқлим яке аз мушкилиҳои муҳити зист буда, аксари ҷанбаҳои фаъолияти ҳаётии мардуми сайёраро бо он рӯ ба рӯ намудааст. Саломатии инсон ончунон ба боду ҳаво вобаста гардидааст, ки ҳангоми муроҷиат ба табибон онҳо низ чунин гуфтаҳоро тасдиқ менамоянд: «Таъсири обу ҳаво аст! Худро эҳтиёт кунед!»

Камҳосилшавии заминҳои корам, «беморшавии» долу дарахтон ва рустаниҳоро олимони соҳаи кишоварзӣ низ ба номусоидии обу ҳаво рабт медиҳанд. Хуллас, таъсири бади тағйирёбии иқлим дар ҳама самтҳои ҳаёти мавҷудоти зинда сол аз сол бештар мушоҳида мегардад, - меафзояд мутахассиси соҳа.

Исфандиёр Шукуров иброз дошт, ки вобаста ба муҳити зист ва масъалаҳои таъсири тағйирёбии иқлим ҳар сол байни мардум ва мутахассисон вохӯрию чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ гузаронда мешавад. Бо ин мақсад ба мисоли аксияҳои экологии «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» пайваста доир мешаванд.

 Тозагию ободкорӣ ва кабудизоркунии муҳити зист бо дасти инсоният анҷом меёбад, вале тағйирёбии иқлимро пешгирӣ карда намешавад. Нахуст мебоист инсоният ба ин шароит мутобиқ гардад. Баъдан, бо роҳи васеъ намудани ҳудуди ҷангалзорҳо ҳарорати баланди ҳаворо, ки сол аз сол баландтар мешавад, метавон коҳиш дод. Теъдоди обанборҳоро афзоиш бояд дод, то бухоршавӣ зиёд бошад ва ҳам об сарфа гардад. Дар хоҷагии халқ аз технологияи навтарини обёрӣ истифода намудан ба манфиати кор аст. Бо ин василаҳо метавон табиатро ҳифз намуд, - мегӯяд Исфандиёр Шукуров.

   Қутбия НЕЪМАТУЛЛО

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 12)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон