Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Созандаву бунёдкор
Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣБарои ӯ ҳар рӯз оғози ҳаёти наву тавлиди орзуву ормони ҷадид, азму талошҳои навин ба хотири фардои дурахшони кишвар, худсозиву шукуфоист, ки боз ҳам бо ташаббусҳои созандаву андешаҳои ҷолиб раҳнамун месозад. Бале, вай занест созандаву бунёдкор, пайваста пайи ободкорӣ...
Ҷаннатой дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашт ба дунё омада, дар оғӯши табиати биҳиштосои ин маъмани бобоӣ ба камол расидааст. Зодмандонаш ҳунарманд буданд, аз ин рӯ шуғли ӯ дӯхтани пироҳани миллӣ ва тоқии мардона шуд. Зиёд заҳмат мекашид, то дар зиндагӣ муваффақ гардад. Ба орзуяш расид, соҳиби иззату эҳтироми мардум ва Ватани маҳбуб гашт. Дар маросими ифтитоҳи корхонаи бунёднамудааш-«Маҳина» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, ба матонату устуворӣ ва ҳам заҳмати муттасили ин бонуи меҳнатқарин сипосҳо хонданд.
Мавсуф пешаи дӯзандагиро аз модари равоншодаш Қундузой Абдуалиевна ва нозукиҳои ин касбро аз холаи гулдасташ Саодат Қӯзибоева омӯхт, ки пас аз фавти модар барояш рисолати модариро ба ҷо меовард.
Дар бораи зиндагӣ, пастиву баландии рӯзгораш ҳарф зада, аз хушдомани боиффату кордонаш Сорохон Аскарова ёд овард. Ӯ мегӯяд: «ҳунару ҳунармандиро аз холаю модарам омӯхта бошам, тарзи дурусти зиндагиро, ҳадафрас гардидани корҳоям ва шуҷоату мушкилнописандиямро аз модаршӯям омӯхтам».
Ҷаннатхон Абдуалиева соли 2020 ба бунёди коргоҳи дӯзандагӣ пардохт. Азм намуд, ки занону духтарони бешуғлро соҳиби кор созад, то ки онҳо баҳри пешбурди зиндагии хеш, дарёфти ризқу рӯзӣ ҷаҳд намоянд. Ба азми хеш содиқ монд. Моҳи ноябри соли 2022 коргоҳи дӯзандагии худро таъсис дод. Бале, он рӯз ӯ хеле хушбахт буд, ки заҳмати чандинсолааш самар овард. Коргоҳ аз ду ошёна иборат буда, дар доираи тадбирҳои созандагиву ободкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт. Дар корхона 40 дастгоҳи муосири дӯзандагӣ васл карда шуда, кормандон ба истифодаи он либоси ягонаи мактабӣ, корӣ, тиббӣ, номгӯйи гуногуни либосҳои хизматии занонаю мардона омода месозанд.
Аввал ҳашт нафар зан, баъди хатми курси омӯзишии дӯзандагӣ, ба кор ҷалб гардида бошанд ҳам, алҳол дар коргоҳ 30 нафар фаъолият дорад, ки 20 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд. Кормандон сари вақт маош мегиранд ва бо хӯроки гарм таъминанд.
Коргоҳи мазкур имрӯз муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистонро бо либосҳои ягонаи мактабӣ таъмин намуда, дар ҳар мавсим зиёда аз 60 нафар кӯдаки оилаҳои камбизоатро бо пойафзол ва дар арафаи иду ҷашнҳо ниёзмандонро бо маводи хӯрока таъмин менамояд. Маҳсулоти коргоҳ дар бозорҳои шаҳри Душанбе низ харидор доранд.
Ҷаннатхон коргоҳи пойафзолбарории «Маҳина»- ро низ дар доираи эълон гардидани «Солҳои 2022–2026 – солҳои рушди саноат» ифтитоҳ кард. Чармро аз хориҷи мамлакат ворид намуда, бо истифода аз технологияи муосир ва дастӣ 20 намуд пойафзоли кӯдакона, мардонаву занона ва ҳарбӣ дӯхта мешавад.
Имрӯз вай мекӯшад, то сифати
маҳсулоти коргоҳро дар рақобат ба бозори ҷаҳонӣ мутобиқ созад. Аз ин рӯ, пайваста дар фикри эҷодкорист. Нақша дорад Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо бунёди бинои нави коргоҳи истеҳсолӣ пешвоз гирад.
Ҷаннатхон дар оиладорӣ низ намунаи ибрат буда, бо ҳамсараш Баҳоралӣ Аскаров дар фазои орому осуда фарзандон Рухшед, Фирдавс, Марҳабо, Озодахону Оминахонро дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия менамоянд.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
шаҳри Гулистон
Мубодила:
Шарҳҳо
