Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Шаҳритус — макони ёдгориҳо
Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Аз ҳар бобНоҳияи Шаҳритус аз шумули ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин ҳудуд 21 қавму миллатҳои гуногун дар баробари тоҷикон зиндагӣ мекунанд.
Рисолатхон Маҳмадрасулзода, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, аз соли 2017 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолият дорад. Мавсуф ҳамчун сармутахассиси шуъбаи рушд ва робита бо ҷомеаи мақомоти маҳаллӣ, фаъолияти самти сайёҳӣ ва туризмро дар ноҳия чунин арзёбӣ намуд:
- Шаҳритус ҷойҳои дидании зиёд дорад, ки наздиктарини он 10 ва дуртаринаш 70 километр аз маркази ноҳия ҷойгир шудаанд. Ноҳия соли 1930 дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ ташкил шуда, марҳалаҳои таърихии гузоштани пойдевори сотсиалистӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941– 1945) ва барқарорсозии харобаҳои низои дохилиро гузашта, дар рушди босуботи даврони истиқлолият гомҳои устувор мегузорад. Масоҳати ноҳия 1,5 ҳазор метри мураббаъро дар бар гирифта, бо ноҳияҳои Қубодиён, Носири Хусрав ва аз самти ҷанубу шарқӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад мебошад. Аз 120 ҳазор нафар аҳолӣ 70 ҳазор нафар тоҷикон, 38 ҳазор нафар ӯзбекҳо ва боқиро халқияту миллатҳои дигар ташкил медиҳанд.
Рисолатхон меафзояд, ки МИМҲД ноҳияи Шаҳритус бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ тавонист тайи солҳои охир дар инфрасохтори хизматрасонӣ дигаргуниҳои зиёдеро ворид созад. Меҳмонхонаҳои замонавӣ, тарабхонаю ошхонаҳои барҳаво, даҳҳо нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ ва нақлиёти мусофирбар дар ихтиёри шаҳрвандон ва сайёҳони хориҷию ватанӣ қарор доранд, ки барои буду бош ва саёҳат ба мавзеъҳои таърихӣ истифода мешаванд.
«Чилучорчашма», наздиктарин мавзеи таърихии ин маҳал аст, ки дар масофаи 10 километр аз маркази ноҳия воқеъ аст. Ин макони қадимию бостониро на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки ҳазорҳо шаҳрвандони хориҷӣ, минҷумла сайёҳон дидаву таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд. Баҳору тобистону аввалҳои тирамоҳ шабонарӯз моломоли гардишгарони дохиливу хориҷӣ аст.
- Хусусан аз Ӯзбекистон ба ин мавзеи хушбоду ҳаво тамошогарон зиёд меоянд, чун дар баробари тамошо, оби шифобахши чашма давои чандин бемориҳост, - мегӯяд Рисолатхон.
Масъули бахш роҳнамоеро пеши мо мекушояд, ки ин ёдгории таърихиро аз 44 чашма иборат дониста, оби мусаффои онҳоро ба бемориҳои табларза, хуни бинӣ, устухондард, споризм (сафедпӯстӣ), ветелига (песшавӣ), равшанкунии чашмҳою безурётӣ даво медонад.
Воқеан, лаҳзаҳое, ки дар оғӯши «Чилучорчашма» будем, ба қавле, «ҷойи холӣ барои сӯзанпартоӣ» дар ин макон намеёфтем. Иддае аз оби чашмаҳо нӯши ҷон мекарду қисме дар зарфҳо барои худ об мегирифт, сеюмӣ ба манзараҳои дилфиребу шинои моҳичаҳо назар медӯхтанд. Чашмаҳо ба ҳам омада, ҳарҷо – ҳарҷо кӯлҳои давраю нимдавраро ташкил дода, миёни онҳо ҳазорҳо моҳичаҳо, ки дар ҳаҷм якеро мемонданд, шино мекарданд. Чашмаҳо поёнтар якҷо шуда, рӯди равоне мегарданд, ки ҷавонони зиёд дар он машғули оббозӣ буданд. Чойхонаи барҳавои дохили «Чилучорчашма» таъмиру азнавсозӣ шуда, ба хизматрасонӣ омода мешуд, ки дар як навбат имкони қабули садҳо муштариро доштааст. Барои мусофирони шабмонда сохтмончиён дар гӯшаҳои алоҳида макони будубош омода мекарданд, ки ташкили корҳо хеле хуб ҷараён дошт…
Дигар аз ёдгориҳои таърихии ноҳияи Шаҳритус мадрасаи Хоҷа Машҳад мебошад, ки дар қисми ҷанубии ноҳия, дар даромадгоҳи деҳаи Сайёд ҷойгир аст. Сарчашмаҳо ин маконро ба асрҳои IХ- Х мутааллиқ дониста, яке аз калонтарин мадрасаҳои давр меҳисобанд, ки Носири Хусрави Қубодиёнӣ низ гӯё таҳсилдидаи ин мадраса будааст.
Мақбараи Хоҷа Дурбод ҳам, ки дар дурии 15 километр аз маркази ноҳия мавқеъ гирифтааст, макони дидании меҳмонону сайёҳон аст. Мақбараи курашакли аз хиштҳои чорпаҳлу бунёдёфтаро муаррихон мероси асрҳои Х1-Х11 баҳо додаанд, ки боми иморат гунбазшаклу қисми берунии он бо хишт гулпартоӣ шудааст. Девори ҳаштқираи дохили бино дар санъати меъмории Осиёи Миёна беҳамто ва дар назар бағоят зебост, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад.
Зиёратгоҳи Ҳазратбобо, бо вуҷуди дар масофаи хеле дур, 70 км аз маркази ноҳия қомат афрохтанаш, мавриди таваҷҷуҳи зиёд қарор дорад. Ба ёдгориҳои таърихӣ МИМҲД ноҳия арҷ гузошта, соли 2008 зиёратгоҳро таъмиру азнавсозӣ намуданд. Ҳазратбобо дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Пахтаобод дар баландии 1700 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Ба қавли мардум, ба қуллаи он баромада деҳкадаҳои кишвари ҳамсоя ва водиҳои ҳамвору боғу киштзоронаш пеши назар намоён мешаванд.
Рисолатхон Маҳмадрасулзода бо қаноатмандӣ мегӯяд, ки солҳои охир сафи меҳмонони дохилию хориҷӣ ба мавзеъҳои таърихии ноҳия ба маротиб афзудааст. Танҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ, ки бештари рӯзҳои он ба фасли зимистон рост меояд, 686 нафар сайёҳи дохилию хориҷӣ аз макону манзараҳои афсонавии ноҳияи Шаҳритус дидан намуда, ба андешаи ин бонуи масъул, таассуроти нек бардоштааст.
Дар ояндаи наздик Маркази ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ бо ҷалби кормандони соҳибтахассус ба кор шуруъ хоҳад кард, ки тамоми маъхазҳои таърихии ноҳия мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор мегиранд. Марказ бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти бахши сайёҳӣ ва туризм дар ноҳияи Шаҳритус ва ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ дар назди мадрасаи Хоҷа Машҳад созмон ёфта, наздики 10 нафар дар ин муассисаи хурд фаъолият хоҳад кард.
Рустами НАЗИР,
Душанбе-Шаҳритус-Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
