Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
«Кӯҳсор» — ҳунаристоне дар қалби Айнӣ
Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Аз ҳар бобНасими фораму серунии кӯҳистонро дар аввали моҳи июн ба серӣ шамида, роҳ сӯи коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии «Кӯҳсор»-и ноҳияи Айнӣ гирифтем. Бинои дуқабатаи муосиру хушнамо гӯшае аз маркази ноҳияро зеб дода, ҳамчун маркази ҳунару пешаварии сокинони ин гӯшаи хуррамдиёр шинохта шудааст.
Қаблан бино кӯҳнаву фарсуда ва солиёни зиёд бекорхобида буд, ки бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Гулчеҳра Ҳасанова аз навсозӣ шудааст. Ин бонуи ободкор дар пайи иқдомҳои созандагӣ дар мамлакат бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани бонувон, бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия камари ҳиммат барбаста, харобазорро ба макони зебои ҳунархез бадал кардааст.
Коргоҳ дар заминаи Ташкилоти ҷамъиятии «Кӯҳсор», ки фаъолияти он ба пешгирии хушунати хонаводагӣ нигаронда шудааст, бунёд гардидааст ва бештари бонувоне, ки аз озори хонаводагӣ азият дидаанд ё камтавонанд, ба кор ҷалб гардидаанд.
Оғози фаъолияти коргоҳ ба соли 2021 рост меояд, замоне, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳия ташриф оварданд ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ коргоҳро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин иншоот дар масоҳати 750 метри мураббаъ доман густурда, пурра таъмиру тармим ва ба талабот ҷавобгӯст. Ду толори бузурги дӯзандагӣ дорои 40 мошини дарздӯзӣ ва дастгоҳҳои атласу адрасбофӣ буда, бораҳояшро намунаҳое аз ҳунари бонувони маҳалл зеб медиҳанд.
Дар самти чапи коргоҳ синфхонаи омӯзишӣ ҷойгир аст, ки иборат аз шаш мошини дарздӯзист. Ин ҷо ҳар семоҳа ба 13 нафар духтару бонувони маҳалл тарзи пора кардани либос ва дӯхти онро ба таври ройгон меомӯзонанд, ки ҳамасола 52 нафар соҳибпеша гардида, қисме дар ҳамин марказ ба кор ҷалб мегардад ва бархе дӯконҳои дӯзандагии худро ташкил дода, ба ин роҳ аз маҳсули дастони пурэъҷозашон ризқу рӯзӣ меёбанд. Ғайр аз синфхонаи дӯзандагӣ, дар ошёнаи якум ошхонаи барҳавову муҷаҳҳаз фароҳам аст, ки ба занону духтарон нозукиҳои ҳунари қандодӣ, нонпазӣ, ғизоҳои милливу аврупоӣ омӯзонда мешаванд. Омӯзиши ин ҳунарҳо ба мисли ҳунари дӯзандагӣ ройгон буда, дар ҳар семоҳа 13-нафарӣ омода мегардад.
Шоҳсанам Тилабова, муовини директори коргоҳи мазкур, зодаи шаҳри Панҷакент буда, баъди ҷашни арӯсӣ ба хонаводаи шавҳар ба ноҳияи Айнӣ омад. Ӯ таҳсилдидаи факултети журналистикаи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон аст, аммо сарфи назар аз ихтисос, тамоми имкону зарфияти худро барои пешрафти коргоҳи «Кӯҳсор» ва дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа равона намудааст.
– Директори мо ҳамеша аз набзи ҷомеа огаҳанд ва бо ҷомеа будану барои пешрафти он фаъолият бурданро вазифаи ҷонии худ медонанд. Ташаббусҳояшонро роҳбарияти ноҳия ҷонибдорӣ карда, бино ва 20 адад мошини дарздӯзӣ фароҳам оварданд. Бист мошини дигарро аз ҳисоби маблағҳои худ харидорӣ кардаанд.
Аз оғози фаъолият танҳо курсҳои омӯзиши компютер ва дӯзандагӣ роҳандозӣ мешуд. Ду сол боз курсҳои қандодиву пухтупаз ба роҳ монда шудааст. Ғайр аз ин, курсҳои омӯзиши забонҳои русиву англисиро, ки бо усулҳои интерактивӣ хеле ҷолиб доир мегарданд, ба роҳ мондаем. Худам омӯзгори курсҳои забони русӣ мебошам, ки ҳоло чор гурӯҳ дораму ҳафтае се маротиба ба хоҳишмандон дарс медиҳам. Барои дастгирии аҳолӣ омӯзиши забонҳо ба маблағи ҳамагӣ 100 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шудааст, ки дар қиёс бо дигар шаҳрҳо арзон аст. Ба омӯзиши забони англисӣ хонандагон мароқ зоҳир намуда, забони русиро бештар калонсолон омӯхтан мехоҳанд, зеро бархе дар Русия кору зиндагӣ пеш мебаранд, – иброз дошт Шоҳсанам.
Дар ду толори бузурги дӯзандагӣ, ки бағоят барҳавоянд, ҳоло ба таври доимӣ 11 нафар бонуи синну соли гуногун, ки аз курсҳои дӯзандагии ҳамин марказ гузаштаанд, ба кор машғуланд. Бо оғози мавсими дӯхти либоси ягонаи мактабӣ сафи онҳо ба 40 нафар мерасад. Коргоҳ бо муассисаҳои таълимӣ ва корхонаву ташкилотҳои ноҳия шартномаи ҳамкорӣ баста, онҳоро бо либосҳои хушсифати мактабӣ ва корӣ пурра таъмин менамояд. Соли гузашта коргоҳ 1500 ҷуфт либоси мактабӣ таҳия намуда, дар бозори истеҳсолии маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ҷойгоҳи хосса касб намуд. Дӯзандагони коргоҳ ҳамчунон хилъатҳои тиббӣ, рахти хоб, намудҳои гуногуни пӯшокҳои низомӣ ва дигар маҳсулоти дӯзандагиро низ омода месозанд. Ҳамчунин, либосҳои корӣ, номгӯи гуногуни либосҳои мардона ва занона, сарулибоси арӯсӣ ва ҷиҳози матоъгии хонаро бонувони гулдасти ин ҳунаристон бо завқу салиқаи хос таҳия менамоянд.
Ба ҷуз ин, дар дастгоҳҳои атласу адрасбофӣ занону духтарон дар як рӯз то 100 метр матои чашмрабо мебофанд. Агарчи бофтани атласу адрас кори на саҳл асту нозукиҳои зиёд дорад, бо дарки зарурати эҳёсозии ҳунари аҷдодӣ ва рушду равнақи он бонувони маҳалл аз уҳдаи кор ба хубӣ мебароянд. Атласу адрас дар асоси фармоиш омода шуда, ҳамчунин, дар дӯкону мағозаҳои алоҳида барои сайёҳону меҳмонон ва дигар завқмандон ба фурӯш бароварда мешаванд.
Ғайр аз кормандони асосӣ, коргоҳ бо 10 бонуи соҳибтаҷриба шартномаи ҳамкорӣ дорад, ки ба онҳо дӯхти ҷиҳозҳои матоъгиро фармоиш дода, онҳоро бо маоши хуб таъмин месозанд. Ҳамчунин, чор нафар шогирдон, ки аз курсҳои дӯзандагӣ гузаштаанд, ҳоло дар маркази ноҳия корхонаҳои хурди дӯзандагӣ ташкил кардаанду бештар таҳияи либосҳои миллиро ба роҳ мондаанд. Онҳое, ки аз курсҳои қандодӣ ва пухтупаз гузаштаанд, бо фармоиши мизоҷон дар иқоматгоҳи худ торту кулчақанду шириниҳо, нонҳои гуногунҳаҷми танӯрӣ, самбӯса ва дигар анвои ғизоӣ пухта, аз ин ҳисоб даромад меёбанд, – афзуд Шоҳсанам.
Коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии «Кӯҳсор» ғайр аз чанд иншооти ёрирасон боз дорои ошхонаи муосир бо 20 ҷойи нишаст мебошад. Роҳбари коргоҳ Гулчеҳра Ҳасанова ният дорад, ки дар оянда филиалҳояшро дар чанд деҳаи ноҳияи Айнӣ созмон дода, занону духтарони хонашинро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин намояд. Ин иқдоми бонуи соҳибкор шоистаи таҳсин ва қобили дастгирӣ буда, метавон онро ҳамчун тӯҳфаи пурарзиш ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар арзёбӣ намуд.
Ситора АШӮРОВА
Душанбе — Айнӣ — Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
