БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Лахш макони истироҳату табобат

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Кӯҳнавардӣ

Туризми экологӣ ва кӯҳию варзишӣ хоси ноҳияи Лахш буда, маҳз манзараҳои табиӣ, обҳои шифобахш, қуллаҳои барфпӯш, рустаниҳои доруворӣ, ҳавои хушу муътадил ва аз ҷиҳати экологӣ тоза диққати сайёҳони хориҷиро бештар ҷалб менамоянд. Соҳаи сайёҳӣ, махсусан туризми экологӣ ва кӯҳию варзишӣ дар ноҳия рушди бемайлон дорад.

 Ба гуфтаи Ислом Сафаров, омӯзгори забони англисии Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Лахш, ки дар баробари пешаи омӯзгорӣ ҳамчун тарҷумон дар ширкати сайёҳии «Қуллаҳои Помир» низ фаъолият менамояд, дар ноҳия таваҷҷуҳи сайёҳон ба соҳаи кӯҳнавардӣ зиёдтар аст.

 Мавсими сайёҳӣ, махсусан кӯҳнавардӣ, моҳҳои июл-август шуруъ шуда, бештари сайёҳоне, ки дар мавсими асосӣ ба ин қаламрав меоянд, кӯҳнавардонанд. Мақсад аз ташрифи онҳо фатҳ намудани қуллаи Исмоили Сомонӣ, ки баландиаш 7495 метр аз сатҳи баҳр аст ва қуллаи Корженевский мебошад. Инчунин, аз тамошои пиряхи Федченко ва манзараҳои зебою дилфиреби ноҳия низ бебаҳра намемонанд, - бо хушнудӣ иброз медорад И.Сафаров.

Сайёҳон бештар аз кишварҳои Россия, Украина, Чехия, Эрон, Булғория, Фаронса, Туркия ва дигар мамлакатҳои аврупоӣ буда, дар як сол 200–250 сайёҳ - кӯҳнавард вориди ноҳияи Лахш мегарданд. Қабл аз оғози кӯҳнавардӣ якчанд рӯз дар маркази ноҳия зиста, пасон тавассути чархбол ба нуқтаи зарурӣ бурда мешаванд.

Тандиқул

Имрӯз, бо вуҷуди пешрафти илми тиб ва доруву дармонҳои нав ба нав ҳанӯз бемориҳое мавҷуданд, ки гиреҳи табобаташон нокушода боқӣ мондааст. Хушбахтона, дар кишвар мавзеъҳои табобатие ҷой доранд, ки бо роҳи гиёҳдармониву обҳои шифобахш ба дардҳои гиреҳашон нокушода даво мебахшанд. Яке аз чунин мавзеъҳо дар ноҳияи Лахш Тандиқул аст, ки сайёҳон аз ин макон дидан намуда, баҳри солимгардонии руҳу ҷисми хеш аз оби шифобахши он истифода мебаранд.

 

Ин мавзеъ бо оби шифобахши худ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он шинохта шуда, чун ҳавзи сӯзон низ ном бурда мешавад. Ҳоло осоишгоҳ на танҳо таваҷҷуҳи мардуми ҷумҳурӣ, балки диққати шаҳрвандони мамолики гуногуни ҷаҳонро низ ба худ ҷалб карда, ба як мавзеи назаррабо барои сайёҳони хориҷӣ ва макони хуби табобат табдил ёфтааст. Чунончи, зимни суҳбат бо Хуршед Икромӣ огаҳӣ ёфтем, теъдоди сайёҳону меҳмонон дар як сол беш аз 1000 нафарро ташкил медиҳад. Ин гувоҳи он аст, ки рағбати меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ барои табобат ба макони мазкур сол аз сол афзуда, шумораи истироҳаткунандагон аз ҳисоби сокинони кишвар низ ҳамасола дар ҳоли афзоиш аст.

 Мавзеъ 26 километр дуртар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Ҳарорати оби гармчашма, ки аз зери замин фаввора мезанад, 950 гармиро ташкил медиҳад. Оби мазкур барои бемориҳои ҷигар, пӯст, асаб, тарбод ва бемориҳои занона, аз қабили безурётӣ, фоидабахш мебошад, - иброз дошт ҳамсуҳбатамон.

Ҳамасола дар ин макон ба воситаи гиёҳҳои шифобахш ва буғу чашмаи родонӣ даҳҳо намуди бемориҳои мардумро табобат мекунанд. Табибони кордон талош меварзанд, то бо роҳу усулҳои махсуси табобат ба дарди беморон даво бахшанд, аммо аксари сайёҳон ва мардуми маҳаллӣ аз он изҳори таассуф менамоянд, ки бо сабаби дар миёни қаторкӯҳҳо ҷойгир будани мавзеи табобатии Тандиқул, наметавонанд тамоми сол аз имкониятҳои табобатии он истифода бубаранд. Меҳмонону сайёҳон танҳо дар мавсими гармо метавонанд ба ин макон ташриф оваранд. Агарчи солҳои пеш шароити зарурӣ дар мавзеи мазкур барои сайёҳон мавҷуд набуд, алҳол қисмати зиёди мушкилиҳо бартараф шудаанд.

Мавҷудияти неъматҳои табиӣ, меҳмондӯстии тоҷикона ва кордонию ширинзабонии ҳайати кормандони осоишгоҳ, ки хизматрасонии босифатро асоси некуаҳволии худ медонанд, омилҳои ҷалби ҳарчи бештари меҳмонони ватанию бурунмарзӣ гардидааст. Айни замон, барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ва ҳарчи бештар ба табобат фаро гирифтани аҳолӣ бо роҳҳои табиӣ дар осоишгоҳ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омада истодаанд. Корҳои ободонӣ ва таъмиру тармим идома дошта, осоишгоҳ ободу зебо гардонда мешавад, то ин ки сайёҳони хориҷӣ бештар ҷалб гарданд.

Гиёҳҳои шифобахш

Яке аз боигариҳои беназири ноҳияи Лахш гиёҳҳои шифобахши нодири он мебошад, ки диққати ҳазорон сайёҳро ҷалб менамояд. Шахсони алоҳида ба ҷамъоварии гиёҳҳо камар баста, барои аз онҳо омода намудани маводи доруворӣ корҳои зиёде ба сомон мерасонанд. Аз гиёҳҳои шифобахши ҷамъоваришуда чойхалтаҳои дармонбахш ва ҳар гуна маҳлулҳо аз гулу гиёҳҳо омода мешаванд. Аслан, гиёҳҳои чойкаҳак, кокутӣ, пудинаи кӯҳӣ, иванчой ва амсоли инҳо гиёҳҳои зиёде ғун дошта мешаванд, ки бархе аз онҳо дар дигар минтақаҳои кишвар дида намешаванд. Гиёҳи иванчой аз қабили чунин гиёҳҳост.

Ҳамидулло Искандаров, сокини ноҳия, ки солиёни зиёд ба ҷамъоварии гиёҳҳо машғул аст, мегӯяд, дар бисёре аз мавридҳо бархе аз бемориҳо маҳз бо роҳи гиёҳдармонӣ шифо меёбанд. Вале аз он таассуф мехӯрад, ки солҳои охир талаботи корхонаҳои дорусозии кишвар ва ҷаҳон ба рустаниҳои худрӯйи табобатӣ зиёд гардида бошанд ҳам, аммо бинобар пурра ба роҳ монда нашудани парвариш ва коркард, ҷамъоварии онҳо ҳанӯз хеле кам аст. Аз иқтидори бузурги рустаниҳои кишвар истифодабарии дурусти онҳо, махсусан дар саноат, ҳанӯз комилан муайян нашудааст. Дар ҳоле, ки аз гиёҳҳо метавон дорувории воридивазкунанда истеҳсол намуд.

Масалан, аз мухаллас барои фишорбаландӣ ва аз кокутӣ барои бемориҳои асаб, ки таъсири оромкунанда дорад, дору тайёр кардан мумкин аст. Ё ин ки решаи ширинбия барои табобати касалиҳои зуком, узвҳои нафаскашӣ, бронхит, гастрит (дарди меъда), ҷароҳатҳои астма ва ғайраҳо истифода мешавад, - мегӯяд гиёҳшинос.

Ба гуфтаи ӯ, ҷамъоварии рустаниву гиёҳҳо муносибати хосро талаб менамояд. Онҳо набояд ғайриоқилона аз табиат ҷамъоварӣ шаванд, зеро бисёре аз онҳо худрӯй буда, маълумот доштан дар бораи чӣ гуна ва дар кадом мавсими сол ҷамъоварӣ намудани онҳо бағоят муҳим аст.

 Ба гунаи мисол, гиёҳи чойкаҳакро мебояд танҳо аз моҳи май то июн ва сӯзанкаҳаку иванчойро дар моҳҳои май, июн ва июл ҷамъоварӣ бояд кард. Дар сурати сари вақт ва ё дар муҳлати муайян ҷамъоварӣ нанамудани онҳо, рангашон сиёҳ шуда, хусусияти табобатиашон аз даст меравад. Ба миҷози гиёҳҳо низ бояд аҳамият дод. Ҳангоми ду навъи миҷози якхеларо ҳамроҳ кардан ба саломатӣ зарар мерасонад, - чунин мепиндорад ҳамсуҳбатам.

 

Ҳамидулло гиёҳҳои ҷамъовардаашро дар якҷоягӣ бо ширкати «Амончой» коркард намуда, аз он халтачаҳои чой омода менамоянд, ки яке аз машҳуртарину серхаридортаринаш «Иванчой» (Полвончой) мебошад. Ҳар як сайёҳе, ки вориди ноҳия мегардад, ҳатман аз ин чой харидорӣ менамояд.

Воқеан, ноҳияи Лахш, дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои зиёдеро дорост ва бо дуруст истифода бурдани ин имкониятҳо дар давоми солҳои пешомад, метавон шумораи сайёҳони хориҷиро аз кишварҳои гуногуни олам зиёд намуд.

Бунафшаи АБДУРАҲИМ,

ноҳияи Лахш

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 3)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон