Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳунаристони нодире дар қалби Истаравшан
Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣМоҳи августи соли 2022 дар фазои фарҳанги кишвар рӯйдоди муҳиме ба вуқуъ пайваст. Дар шаҳри Истаравшани бостонӣ, ки сокинонаш бо пешаву ҳунарҳои миллӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он мумтозу номваранд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумиро мавриди истифода қарор доданд. Дар боргоҳи таълимӣ, ки бо дастгирии Президенти мамлакат бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ таъсис ёфт, бо усули «устод – шогирд» ҳунарҳои дастии ниёгон омӯзонда ва аз насл ба насл ҳифз карда мешаванд.
Бинои сеошёнаи замонавиро даромадгоҳаш оинабандӣ буда, саҳни онро намунаҳои зиёде аз дастранҷҳои муҳассилини Коллеҷ зеб медиҳанд. Хосса, деворнигорае, ки унвони «Шаҳри ман»-ро дошта, амали донишҷӯйи соли дувуми гурӯҳи гаҷкорӣ аст. Дар он намои зебои шаҳри Истаравшан бо Қалъаи Муғ, мавзеъҳои дигари таърихӣ ва иншооти ҷашнӣ бо усули гаҷкорӣ тасвир ёфтаанд. Дар самти чап аз даромадгоҳи Коллеҷ осорхонае созмон додаанд, ки намунаҳои маҳсули дасти устодону шогирдони ҳунаристон ин ҷо маҳфузанд. Нақшу нигор, манзараҳои зебои Ватан, бонувони шаҳлочашми миллипӯш, мавзеъҳои таърихӣ, қолину сӯзаниву абзорҳои гуногун аз атласу чакан, армуғонҳои назаррабо, маснуоти заргариву оҳангарӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шудаанд. Дар шафати осорхона устохона ҷойгир аст, ки шогирдон хилъатҳои корӣ ба бар саргарми кандакорианд. Фаротар аз ин макон, пушти бинои Коллеҷ сохтмони 17 устохонаву озмоишгоҳ дар авҷ аст, ки бо анҷом ёфтани он дарсҳои амалӣ ин ҷо доир мешаванд.
Дохили бинои Коллеҷ бо санъати олии кандакорӣ дар чӯб зинат ёфта, муҳити гарму хосеро ба вуҷуд овардааст. Тоқчаҳои пур аз маҳсулоти заргариву кулоливу оҳангарӣ, созҳои миллии мусиқӣ, сақфу равоқу сутун ва болорҳои кандакоришуда намунаҳое аз эъҷози дасто- ни ҳунармандони ин гӯшаи ҳунархезро ифода менамоянд.
Аз фаъолияти Коллеҷ
Директори Коллеҷ Насриддин Хоҷаев, ки аз суҳбат бо ӯ фарҳангдӯстиву ватандориаш бармалост, бо ифтихор аз дастовардҳои ҳунармандони ҷавон қисса намуда, шамшери зебову рахшонеро рӯйи дастон бардошт.
- Ин нусхае аз шамшери шахсияти таърихӣ Спартак аст, ки аз ҷониби дӯсти ӯ Озари истаравшанӣ бо тахаллуси «Форс» ба ӯ ҳадия гардида буд. Ин дар романи таърихии адибон Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин «Озар аз Уструшана ва ё шамшери Спартак» нигошта шудааст. Рӯйи шамшер чунин навиштае ҳаст: «Озар форс, дӯсти Спартак». Ин намунаро донишҷӯёни курси 3-юми гурӯҳи корду шамшерсозии Коллеҷ бо дарёфти илҳом аз муҳтавои роман таҳия намудаанд. Дами шамшер аз дастааш дида, вазнинтар аст, то зарба ба рақиб нишонрас бошад. Донишҷӯён вақти шамшерсозӣ ин хусусиятро низ ба инобат гирифтаанд.
- Ғайр аз корду шамшерсозӣ боз чӣ ҳунарҳоро донишҷӯён аз худ мекунанд? – мепурсем аз ӯ.
- Ҳоло аз рӯйи шаш ихтисос ва 13 равия донишҷӯён дарси ҳунар меомӯзанд. Беш аз 40 нафар устодону омӯзгорон, рассомон ва ҳунармандони халқӣ ба шогирдон нозукиҳои ҳунарҳои халқии кандакорӣ, заргарӣ, мисгарӣ, наққошӣ, армуғонсозӣ, графика ва хаттотӣ, гаҷкорӣ, оҳангарӣ, гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ, кулолӣ, ҳуштаксозӣ, тарроҳии либосҳои миллӣ ва ғайраро меомӯзонанд. Донишҷӯён аз минтақаҳои гуногуни кишвар – вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурианд. Дар баробари омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин, аз фанҳои таълимии мактаб низ баҳравар мегарданд. Барои онҳо хобгоҳ фароҳам буда, стипендия ба миқдори 460 сомонӣ муқаррар шу- дааст. Ба ҷуз ин, онҳо имкон доранд баъди дарсҳо ба устоҳо ёрӣ расонда, дастмузде ба даст оранд, - изҳор дошт роҳбари муассиса.
Дар ин ҳунаристон нозукиҳои фанҳои тахассусии рангкашӣ, расми соҳавӣ, композитсия, анато- мияи пластикӣ, тарҳсозӣ, хаттотӣ, назарияи касбӣ ва масолеҳшиносӣ ба шогирдон омӯзонда ме- шаванд. Китобхонаи электронӣ бошад бо беш аз 550 ҳазор нусха китоб барои муҳассилин фароҳам аст. Аз оғози таъсисёбии Коллеҷ ҳунармандони он дар намоишҳо, озмуну фестивалҳои шаҳрӣ ва сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, бо ҷоизаву ифтихорномаҳо қадр гардидаанд.
- Дар Форуми байналмилалии пиряхҳо, ки моҳи июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе доир шуд, омӯзгорон ва шогирдони мо ҳунарҳои во- лои хешро намоиш доданд ва шонаҳои чӯбиро ҳамчун рамзи умрдарозӣ ба меҳмонон ҳадия намуданд. Солҳои пеш бобову бибиҳои мо дар зери болини кӯдак корд – рамзи қудрату тавоноӣ, китоб – рамзи донишу фарҳанги воло ва шона – рамзи дарозумрӣ мегузоштанд. Ҳунари шонатароширо, ки аз байн рафта буд, эҳё намудем. Ҳоло як гурӯҳи армуғонсозон ба шонатарошӣ машғуланд. Хосияти хуби шонаҳои чӯбӣ он аст, ки мӯйро намерезонаду сарро аз сабӯсак пок месозад, - афзуд Насриддин Хоҷаев.
Қиссаи як ҳунарвар
Яке аз омӯзгорони ботаҷрибаи муассиса Мағфират Адҳамова, омӯзгори ҳунарҳои гулдӯзиву кашидадӯзӣ ва тарроҳии либос, ки аз ҳунармандони чирадасти шаҳри Истарав- шан маҳсуб меёбад, наздики 45 сол дар МТМУ №10-ум ба хонандагон аз фанни таълими меҳнат сабақ додааст. Сӯзании симини ӯ, ки рӯйи матои бузург бо нахи нуқрафом ба шакли хатҳои шикаста гулпартоӣ шудааст, ҳамчун дастранҷи нодире дониста шуд, ки то ин дам касе ба ин тарз сӯзанӣ таҳия накардааст. Ин сӯзании беназир тули чанд сол зеби тамоми озмуну намоишҳо гардида, Мағфиратбонуро чун ҳунарвари моҳир маъруфгардонд. Директори муассиса аз таҷрибаи ғаниву рангини омӯзгор муассир, ӯро ба Коллеҷ даъват намуд. Бонуи ҳунар то имрӯз шогирдони зиёдеро ба кори мустақилона раҳнамун сохтааст. Гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, дӯхти тоқиҳои чустии мардона, чоргули занонаро ҳамроҳи шогирдон бо маҳорати баланд сомон медиҳад, ки бо маҳсули дастонашон дар озмунҳо ғолиб омадаанд. Дастанҷом, ҳамён, ҷома, тоқичаҳо барои армуғон, гулдӯзиҳои дар чаҳорчӯба ҷой дода, камзӯлчаву пироҳанҳои ча- кан ва даҳҳо ҳунари дастиро шинаму нафис таҳия карда, аз ин ҳисоб рӯзӣ низ меёбанд. Ҳоло ду шогирди ин бонуи корсолор дар Коллеҷ ҳамчун омӯзгор фаъолият дорад.
-Имрӯзҳо чойхонаву тарабхонаву меҳмон хонаҳоро соҳибкорон бо унсурҳои миллӣ оро медиҳанд. Аз ин рӯ, талабот ба ҳунарҳои миллӣ афзудааст. Аксари шогирдон алҳол дар Коллеҷ омӯзгоранд. Духтарон пас аз оиладоршавӣ дар хона сӯзанидӯзӣ ва дигар ҳунарҳоро ба кор бурда, маҳсули дасташонро ба бозорҳо месупоранд. Писарон низ кордсозӣ, кандакорӣ, гаҳвора, сандуқ ва ғайра сохта, маблағ меёбанд. Набераам, хатмкардаи ҳамин Коллеҷ, боз маълумоти олӣ гирифта, ҳоло устои кандакор аст ва аз ин ҳисоб даромади хуб меёбад. Ҳоло баъзе ҳунармандон оилавӣ ба ҳуштаксозӣ масруфанд, ки аз ин миён духтарон бештар ба рангубордиҳии ҳуштакҳо даст ба коранд, - ироа намуд омӯзгори соҳибтаҷриба.
Ҳунару ҳунармандӣ барои бону Мағфират маънии зиндагӣ ва ҷузъи муҳими ҳаёт аст, чун аз хурдӣ ба кӯкзаниҳои модару бибӣ зеҳн монда, тадриҷан ба нозукиҳои ҳунармандӣ чира шуд. Се писару ду духтарро тарбияи хуб дода, соҳибмаълумот ва соҳибкасб намуд. Яке аз духтаронаш Дилором Адҳамова ҳоло мудири кафедраи фанҳои тахассусӣ ва гуманитарии Коллеҷ буда, мисли модар гулдӯзиву кашидадӯзиро ба донишҷӯён меомӯзонад.
Арӯсони хонавода низ аз фазои фарҳангии ин хонавода ранг гирифта, ҳама соҳибмаълумот ва соҳибпешаанд. Амалҳои неку корҳои шоиста бармалост, ки аз назарҳо дур намемонанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои бонуи пурҳунар Мағфират Адҳамоваро соли 2016 бо медали Хизмати шоиста қадр намуданд.
Сарфароз аз ҳунар
Дар омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ, ки қаблан дарсҳо то бунёди Коллеҷ он ҷо мегузаштанд, ҳоло хобгоҳи донишҷӯён воқеъ аст. Роҳбарияти Коллеҷ тасмим доранд, ки баъди ба истифода додани озмоишгоҳҳо дар ҳудуди Коллеҷ ошхона ва хобгоҳ бунёд намоянд. Бо таъсиси ин ҳунаристон аксари ҳунарҳое, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, аз нав эҳё гардиданд, амсоли кундалкашӣ, наққошии классикӣ ва миниатюраи Шарқ. Ҷавонон имрӯзҳо саъй менамоянд, ки ин ҳунарҳоро аз худ кунанд.
- Аз таҷрибаи 50-солаи хеш хулоса бурдам, ки шахси ҳунарманд ҳеҷ гоҳ хор намешавад. Дар кадом давру замоне набошад, аз ҳисоби заҳмати дастони хеш дастмузди устувор дорад, соҳиби об- руву эътибор ва орому осуда аст. Бо назардошти ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз набзи ҷомеа комилан огаҳанд, ҳар бори аз вилояти Суғд сафари корӣ анҷом додан, аз ҳунару ҳунармандӣ ҷӯё мешаванд. Баҳри пешрафти фаъолияти ҳунармандон ғояҳои нав пешниҳод менамоянд, ки баъди ҳар як вохӯрӣ илҳоми тоза дармеёбем. Ин аст, ки дар оянда нақша дорем ҳунарҳои аз байнрафтаро, амсоли сангтарошӣ, коғази қиматбарорӣ, чармгарӣ – коркарди бадеии чарм ва дигар ҳунарҳоро аз нав эҳё созем. Бо таълифи асарҳои илмӣ дар оянда мехоҳем ин ҳунаристони нодир ба Академияи ҳунарҳои мардумӣ мубаддал гардад, - изҳор намуд Насриддин Хоҷаев.
Боиси шукргузорию фахр аст, ки бо мавҷудияти маҳаллаву гузарҳои ҳунармандон ва ривоҷи беш аз 160 навъи ҳунар, бо кӯшишу эҳтимоми ҳунарварони асил ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 Истаравшан расман шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ эълон гардид ва ба узвияти Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ пазируфта шуд.
Ситора АШӮРОВА,
Душанбе – Истаравшан - Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
