Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Талош баҳри ҳунар
Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣҲунар ойинаи рӯшани тамаддун ва фарҳанги ҳар халқу миллат ба ҳисоб меравад.
Ҳунармандӣ маҳорати амалиест, ки бо заҳмат, донишу таҷриба ва завқи зебоӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Ҳар халқ тавассути ҳунару ҳунармандони худ таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллиашро ба оламиён ошно месозад. Тоҷикон бо навъҳои гуногуни ҳунарҳои дастӣ машҳури оламанд, аз қабили заргарӣ, кандакорӣ, гулдӯзӣ, кулолӣ ва ғайра, ки ин ҳунарҳо то имрӯз побарҷо ва дар ҳолати рушд ҳастанд. Гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ ва чодардӯзӣ аз зумраи ҳунарҳоеанд, ки то имрӯз миёни мардум шуҳрати худро гум накардаанд. Дар ҷашнҳои мардумӣ, маросимҳои хурсандӣ ва маъракаву чорабиниҳои давлатӣ намунаи ҳунарҳоро вохӯрдан мумкин аст.
Давлатбӣ Ёдгорова 40 сол боз ба ҳунармандӣ шуғл дорад. Аз хурдӣ дилбохтаи ҳунар асту то ба имрӯз домони ин касбро раҳо накардааст. Зебоиофариҳои модарро дида, Давлатбӣ низ мехост вориди дунёи ҳунару ҳунармандӣ гардад, аммо модар ба ин розӣ набуд, чун ин роҳ басо пурмашаққат ва аз ҳунарманд сабру таҳаммули зиёдеро тақозо менамояд. - Модарам мехост табиб ё омӯзгор бошам, вақте мегуфтам ҳунарманд мешавам, розӣ намешуданд,- ёд меорад ӯ.
Баъди хатми мактаб, ба хотири модар ба Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дохил шуд ва ин боргоҳро бомуваффақият хатм намуд. Баъди хатми Коллеҷ боз хостори ҳунармандӣ шуд, аммо ин дафъа ҳам модар садди роҳаш гашт. Озурда нашуд, дар пеши худ мақсад гузошт то таҳсилашро идома диҳад. Ба ин хотир ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, ихтисоси педагог-психологро сазовор гашт.
Замони донишҷӯйӣ аз шавқи зиёди ҳунару ҳунармандӣ барои ҳамсабақон армуғонҳои месохт. Дӯстону наздиконаш ҳунару маҳораташро хуб қабул намуданд. Ин ҳама руҳбаландкуниҳо дар қалби Давлатбӣ меҳри ҳунармандиро меафзуд. Ин буд, ки баъди хатми Донишгоҳ, дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ, рӯ ба ҳунармандӣ овард. Аллакай нозукиҳои кор бо риштаву сӯзанро медонисту маҳсулоти зардӯзиву кашидадӯзӣ омода месохт. Модар дигар садди роҳаш нашуд. Ҳини бесарусомониҳои солҳои 90-уми асри гузашта, замоне, ки дар кишвар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга мезад, бекор набуд ва бо ҳунармандӣ рӯзгори хешро пеш мебурд.
Чодардӯзӣ, тоқидӯзӣ, зардӯзи, бофандагӣ намунае аз офаридаҳои ин бонуи ҳунарманданд. Маҳсули омоданамудааш дар чорабиниҳои давлатӣ ва намоишгоҳҳо пешниҳоди сокинони бумӣ ва сайёҳон мегардад. Бо истифода аз матоъҳои тоҷикӣ, атласу адрас барои мизоҷон ҷузвдонҳо омода намуда, аз риштаҳои ранга тоқиҳои миллӣ ва чодарҳои чаканӣ омода месозад.
Ҳар нақши рӯйи матоъ бо риштаҳои ранга, бо завқу шавқе тасвир ёфтааст.
-Вақте дастовези худро дар чорабиниҳо пешниҳоди муштариён мекунам, аз ҷониби меҳмонону сокинон хуб қабул гардида, меҳри маро ба ин ҳунар бештар менамояд,-мегӯяд Давлатбӣ. Ҳамзамон, ин бонуи зебоиофар роҳбарии Корхонаи дӯзандагии «Ёсуман» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Равшан» - и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аст.
Зебоиофарии ин бонуи ҳунарманд берун аз ҷумҳурӣ низ шуҳратёр мебошад. Соле се-чор маротиба ба хориҷи мамлакат сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, дар кишварҳои Ҳиндустон, Россия, Қирғизистон, Аморати Муттаҳидаи Араб бо тоқиҳои миллӣ, овезаҳо ва чодарҳои зардӯзӣ таъриху тамаддуни тоҷикро муаррифӣ менамояд.
Ҳар сӯзанӣ ва гулдӯзие, ки бону Давлатбӣ Ёдгорова омода месозад, диққати дилхоҳ бинандаро ба худ ҷалб месозад. Сайёҳон бештар ба овезаҳо ва тоқиҳои миллӣ таваҷҷуҳ доранд.
Маҳсулоти ҳунармандӣ муаррифгари таърихи давлату миллат мебошанд. Аз ин рӯ, бонуи ҳунарманд инро ба назар гирифта, дар ҳар офаридаи хеш нишонае аз тоҷику Тоҷикистон буданро мақом медиҳад. Ҳар сайёҳе, ки аз ин намунаҳо харидорӣ месозад, хуб мефаҳмад, ки ин маҳсул хоси тоҷику тоҷикистонист.
Ҳамзамон, бону Давлатбӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба донишҷӯён аз фанни психологияи мӯд ва нақшу нигор дар матоъ дарс мегӯяд ва ба омода намудани донишҷӯдухтарони дӯзанда ёрии ҳаматарафа мерасонад.
Ӯ зани хушбахт аст, оилаи хуб дорад, ҳамсараш мудом ӯро дар корҳояш дастгирӣ менамояд.
-Шавҳари меҳрубон ва фарзандони бомаърифат доштан ин аз тамоми дороӣ болотар аст, - мегӯяд бонуи ҳунарманд. Соҳиби се писару як духтар буда, бибӣ ҳам ҳаст. Ҳамин муҳаббату якдигарфаҳмӣ боис гардид, ки соли 2014 ба оилаи Давлатбӣ Ёдгорова унвони «Оилаи сол» - ро лоиқ донистанд. Бонуи ҳунарманд сунҳорҳои худро дар баробари маълумоти олӣ доштан, соҳиби ҳунар кард. Дар хонадон ҳама ба ҷуз фаъолияти гуногун ба ҳунармандӣ низ машғул аст.
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба ҳунармандон, ташкили грантҳои президентӣ, ба мисли Давлатбӣ Ёдгорова садҳо бонувони ҳунарманд мехоҳанд дар рушди ҳунари миллии тоҷик саҳмгузор бошанд…
Ҳунарманд на танҳо эҷодкор, балки посдори мероси фарҳангии миллат аст. Бинобар ин, эҳтиром ба ҳунару ҳунармандӣ арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ мебошад.
Гулшан ҶӮРАЗОДА
Мубодила:
Шарҳҳо
