Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Аз чину ҳам мочин бояд омӯхт
Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / СлайдерБори чаҳорум ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кардам. Нахуст дар ҳайати ҳукуматӣаз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудем. Баъдан, бо гурӯҳи кории ҲХДТ ва ду бори дигар бо дастгирии Ширкати «FOHOW» дар Тоҷикистон, ки ба масоили саломатӣ, дарозумрӣва зебоӣмуваззаф аст.
Ҳар бор таассуроти сафарам ҳар гуна аст. Дар сафари аввал дидам, ки занони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай чи гуна бо ақлу заковат ва дониши хеш кишварашонро муаррифӣмекунанд. Яъне, дарёфтам, ки кас донишманду ҷаҳондида бошад, обрӯйи давлати хеш аст. Ҳамчунин, дар ин сафар дидам, ки Тоҷикистон миёни давлатҳои узви СҲШ баробарҳуқуқ ва барои давлати Чин соҳибэҳтиром аст. Ин сафар ба ман ҳамчун сармуҳаррири маҷаллаи сиёсии занон - «Бонувони Тоҷикистон» ҷаҳонбинии васеи сиёсӣ дод. Намояндагони 5 давлати узви ин Созмони байналмилалӣаз суханронии банда иттилоъ гирифтанд, ки Президенти муаззами мо ЭмомалӣРаҳмон барои занони кишвараш маҷаллаи хосае созмон додаасту шахсан муассиси нашрия буда, сарпарастии пурраи онро бар дӯши хеш гирифтааст. Аҳли толор дар ҳайрат мондаву ба ифтихори Президенти маҳбуби мо каф кӯфтанд. Ин соли 2010 буд.
Дар сафари дувум, ҳайати Тоҷикистон миёни 135 давлати дунё ҲХДТ- ро намояндагӣмекарду аз корномаҳои ин Ҳизб ва Раиси муаззами он Эмомалӣ Раҳмон мо барои дигар кишварҳо бо ифтихор навору китобҳо намоиш додаву тақдим карда будем.
Куртаи чакани ман парчами дувуми муаррифгари миллати қадимаву бофарҳанге гашт, ки таваҷҷуҳи ҳазорон-ҳазор ширкатдорони ин ҳамоиши бонуфузи ҷаҳониро тасхир мекарду онҳо бо ман акс мегирифтанд, то дар кишвари хеш аз ин ҳунари зебои тоҷикон қисса гӯянд. Баъдан, чакан ба шумули мероси фарҳангии тоҷикон аз ҷониби ЮНЕСКО эътироф гашт.
Сафари сеюми банда тули 10 рӯз дар ҷазираи Хайлин дар шаҳрҳои Чухай ва минтақаи Гуанҷу ошноӣбо маҳсулоти табобатӣва таҷҳизоти тиббии муосир ва дидани тараққиёти боварнокардании нанотехнологӣ дар заминаи таҷрибаи 5000-солаи дастхатҳои тибби халқӣсохтаи чиниҳо буд.
Мо дар ифтитоҳи Комплекси истеҳсолие ширкат намудем, ки зиёда аз 50 намуд маводи шифобахш ва дастгоҳи муосиртарини табобатии Ширкати «FOHOW» истеҳсол мешаванд ва дар Тоҷикистон ҳам онҳо мавриди истифодаанд, то одамон саломатии хешро барқарор созанду умри дароз дидаву қуввату ҷавонӣва зебоиву нишоти хешро нигоҳ бидоранд. Ин сафар соли 2023 доир гашта, моро ба олами садранги тибби мардумии Чин ошно намуд ва баъдан мо аз он истифода бурданро омӯхта, ба ниёзмандони зиёде ёрӣрасондему мерасонем.
Инак, моҳи сентябри соли 2025 боз як сафари дигаре ба Чин насиби мо гашт. Ин дафъа бо роҳхати Ширкати «FOHOW» дар Тоҷикистон мо барои истироҳат ба ҷазираҳои Хайнан, ки дар ҷаҳон бо зебоӣва фароғатгоҳҳои беназираш машҳур аст, омадем.
Ин сафар ҳам вижагиҳои худро дошт. Ду шаҳри ин ҷазира - Хайко ва Сане моро бо тараққиёту пешрафт ва зебоиву табиати нодираш мафтун кард. Аз сафар ҳам пандҳое ба худ гирифтем ва ифтихоре, ки аз тоҷик будан доштем, ба дигарон намоиш додем.
Мо, 32 нафар тоҷик, миёни 1200 намояндаи миллату кишварҳои дунё аз тоҷику тоҷикистонӣбудан ифтихор доштем. Мо тули 10 дақиқаи бароямон ҷудокарда як тӯйи тоҷикие оростем, ки ровии маърака онро ҷашни аср номид. Як ҳамсафари мо ба духтараш, ки дар Олмон зиндагӣдорад, роҳхат ба умри якҷоя бо номзадаш ҳадия кард. Мо ин ду ҷавонро он ҷо бо ташкили маъракаҳои «саршӯён» ва «сартарошон», бо базми осмонкаф тӯй кардему ҳамаро бо зебоии расму оин ва сарулибоси миллӣдар ҳайрат гузоштем. Зери Парчами Тоҷикистон бо кафкӯбии 1200 нафар тӯйи тоҷикӣосмонкаф шуд. Ҳама ин маросимро навор мегирифт ва то охири сафар аз зебоии тӯйи тоҷикӣҳарф мезад.
Барои инсон, хосса меҳмон, забони ширину чеҳраи кушод муҳимтарин шарт аст, ки дили одамҳоро тасхир мекунад. Дар тарабхонаву мағоза, дар меҳмонхонаву лаби баҳр, дар театру боғҳо, дар бозору киштӣ, хулоса ҳама ҷо муносибати хубу хуши хидматгузорону мизбонон моро нишот мебахшид.
Сафар ва ҷаҳонгардӣчашми касро мекушояд ва ӯро бештар ватандӯсту пешрав мегардонад, зеро дар хориҷ аз кишвар бештар ба қадри Ватан мерасӣва шавқи хидмат ба миллату Меҳан барои рушди он саҳим будан, дар дил зиёдтар мегардад.
Ҳуриннисо АЛИЗОДА,
Корманди шоистаи Тоҷикистон
Мубодила:
Шарҳҳо
