Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Сарфароз бо ҳунар
Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣАз Барно Бобокалон, мутахассиси пешбари Муассисаи давлатии Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Суғд дар ноҳияи Шаҳристон, васфи бонуи пешоҳангу мумтоз, омӯзгори собиқадор ва ҳунарманди гулдаст Оимнисо Суяроваро, ки сокини ин ноҳияи ҳосилхез аст, шунида, роҳ ҷониби зистгоҳи ӯ гирифтем.
Ӯ муаррифгари ҳунарҳои аҷдодӣ ва посдори заҳматҳои шабонарӯзии модарон аст, ки бо нӯги сӯзан рӯйи пораи матоъ сеҳр меофарад, розу ниёзҳои худро дар ҳар нақшу ҳар тасвир менигораду аз меҳри худ саршор мегардонад. Замони хурдсолӣ ба кашидадӯзиву қолинбофиҳои модар зеҳн мемонд, мисли ҳама кӯдакон пайравӣ ба амалҳояш мекард, мехост ҳарчи зуд сӯзану калоба ба даст гирад ва муъҷиза офарад. Дукони қолинбофии модар ончунон барояш писанд буд, ки то ҳанӯз ёд дорад чи гуна нахҳои қолинҳои одӣ ва патдорро модар шумурда, қайчӣ мезанад. Медид риштарангкуниҳои модарро, дар ду ҷониб мех мондану риштаҳоро аз дукон ба мехҳо бурда расонданро, ба ин кори заҳматталаб се-чаҳор узви хонавода пайвастанро, ба кор бурдани рангҳои тирукамонро, ба як пора қолини меросӣ зеҳн мондану ҳисобидани нахҳоро.
Инак, даҳҳо ҳунари дастии омӯхтаву сайқалдодаашро ба фарзанд, набераҳо, арӯсони хонавода ва хешовандон омӯзондааст, то ҳунарҳои зебои миллӣ аз байн нараванд. Порадӯзӣ (қуроқ), кашидадӯзӣ, гулдӯзӣ, кӯрпаву болиндӯзӣ, сачоқу шерозадӯзӣ, ҷиҳози гаҳвора ва дастархондӯзӣ, рафидаҳои гулдӯзӣ, ҷувздончаҳо, бодпар, рӯймолчаҳои ҳошияҳояш бофтаву шилшиладори чодари арӯсон ва даҳҳо ҳунари дигар аз тахайюли рангину нӯги ангуштони ҳунархезаш падид меоянду дидаҳоро об медиҳанд.
Ба рӯймолчаҳои ҳошияҳояш бо чангак бофтаю шилшиладор мароқ зоҳир намуда, суол медиҳем, ки ба арусон чодари гулдӯзӣ таҳия мекунанд?
- Чодари гулдӯзӣ дар мо роиҷ нест, балки анъанаи қадимие дорем, ки барои чодари арӯс се тор кашида, дар ҳар тори он рӯймолҳои калони фарангу гардиву докарӯймол мепартоем ва қисми болои ин чодарро бо рӯймолчаҳои шилшиладор оро медиҳем. Чунин чодари арусон бағоят зебо менамояд ва шукр, ки ин оини қадимӣ ҳифз шудаву дар ҳар ҷашни арусӣ онро ба ҷо меорем, - изҳор намуд бону Оимнисо.
Вақте овозаи бо сафари корӣ ба ноҳия ташриф овардани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шунид, дар айвони хона шабу рӯз ба дӯхтани чодари қуроқии 6-метра пардохт. Порадӯзӣ кори басо заҳматталаб аст. Вай порадӯзиҳои қаблан омодашударо ба ҳамдигар пайваста, чодари зебое таҳия кард. –
Порча-порча, ана, аз ин сӯ турнаҳо қатор дар парвозанд аз болои чаманистону лолазорҳои Ватани биҳиштосои мо, - бо меҳр ба дастранҷҳояш ишора карда мегӯяд ӯ.
- Шунидем, ки табъи шоирӣ ҳам доред? – мепурсем аз ҳунарвар.
- Аз овони ҷавонӣ шеър менавистам. Вақте дар Зафаробод мезистем, шеърҳоям дар рӯзномаи ноҳиявӣ чоп мешуданд. Дар рӯзномаи ноҳияи Шаҳристон низ чанд шеърам рӯйи чоп омад. Чанд дафтари шеър дорам. Дар васфи Ватан ва табиати афсункори он, падару модар, Ҷашни Наврӯзи гетиафрӯз, ишқу муҳаббат, зебоиҳои шаҳри Душанбе ва ғайра сатрҳо офаридаам, - изҳор медорад бонуи корсолор ва бо хоҳиши мо аз эҷодиёташ мисраъҳои зерро бо ҳаяҷон ба забон меорад:
Хоб будам ман, надонистам қадрат, модарам,
Модари пурсабру пуртоқат, ягона гавҳарам.
Дар фазои умри ман хуршеду моҳу ахтарам,
Ҷоннисорам, ғамгусорам, меҳрубонам, модарам…
Бо дуои неки ту роҳи ҳаёт дарёфтам,
Дар бари домони ту роҳат маконе ёфтам.
Баъди ту ман ҷумла оламро дигар дарёфтам,
Боиси сабру қаноатмандиҳоям, модарам…
Аз қироати омӯзгори ҳунарманд мутаассир, ба суҳбат Барно Бобокалон ҳамроҳ шуд:
-Замони хурдсолӣ ёд дорам, ки муаллима бо апаам, ки бармаҳал аз дунё гузаштанд, дар як синф мехонданд. Дар маҳфили «Бӯстон» ончунон сурудҳои фораму дилнишин месароиданд, ки мо, хурдсолон, гӯшу ҳуш мешудем.
Хоҳиши сурудхониаш намудем. Чанде бо шарм ба сукут рафт, пас нафаси амиқе кашиду бо садои ширин, мисли аллаи модар мисраи зерро замзама кард:
Шавам ба гирдоби ишқи ту ғарқ, надонӣ ҷони ман…
Садои ширадору гӯшнавозаш гоҳо дар ҷашнҳои хонаводагӣ, дар иҳотаи наздикон садо медиҳад ва хаёлҳоро парвози баланд мебахшад. Ҳунару истеъдоди ӯ бо ин хотима намеёбад, чун дар кадбонугӣ низ мумтоз аст. Қотурмаҳои дегии ӯ, ки бо ширу равғану қаймоқ таҳия мегарданду пас аз пухтан ба он равғани зард меандозанд, дар маҳалла овоза доранд.
Фарзандону набераҳояш аз ӯ таълиму тарбияи нек дарёфтаанд. Духтараш Нигора аз ҳунари модар баҳравар, тарроҳи либос асту пироҳанҳои миллӣ ва аврупоӣ медӯзад. Наберааш Амир аз нақшҳои бибӣ муассир, ҳоло дар факултети дизайн ва графикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров таҳсил дорад ва ҳамчун рассоми чирадаст тасвирҳои ҷолибу назаррабо меофарад. Набераҳояш Шукрона гирандаи стипендияи раиси ноҳия, Оиша дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз забони модарӣ ба зинаи сеюми шуҳрат баромадааст. Онҳо ба корҳои ҳунарии модар ёрӣ мерасонанду пора кардани матоъ, дӯхти либос ва ороиши пироҳанҳои миллиро бо маҳорат сомон медиҳанд. Робия бошад аълохони мактаб, дар омода намудани зеҳ (ободок) барои мӯйи духтарон моҳир.
Оимнисо Суярова, омӯзгори МТМУ № 1-уми ба номи Камоли Хуҷандӣ, дар айёми бознишастагӣ қарор дошта, бекориро намепазирад ва аз ташаббусҳои наҷиби Президенти мамлакат дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ изҳори хушнудӣ намуда, орзу дорад як гӯшаеро барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ созмон диҳаду занону духтарони маҳалро ба кор ҷалб созад. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф ба дарёфти грантҳои Президент ва раиси вилоят талош меварзад.
Ситора АШӮРОВА,
Душанбе - Шаҳристон - Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
