Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
РӮЗГОРДИДА
Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣЗимни сафари хидматӣ ба шаҳри Левакант дарк намудам, ки дар ин мавзеъ бонувони номдору муваффақ зиёд буда, дар пешравию тараққиёти ин гӯшаи диёр саҳмгузоранд. Барчиной Ашӯрова, бонуи кордида, бо тинати мардона, тули ҳаёт дар самту бахшҳои фаъолиятнамудааш мақсадро танҳо дар содиқона иҷро кардани вазифа медонист. Шаҳрвандон ӯро ҳамчун табиби собиқадор, ҳунарманди чирадаст, кадбонуи моҳир ва оиладори намунавӣ хуб мешиносанд.
Сокини деҳаи Зағертути Ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант бону Барчиной 15-уми августи соли 1956 дар деҳаи Булакдашти шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба дунё омадааст. Деҳаашон дар баландӣ қарор дошта, падараш мутахассиси бодуҳавошиносӣ буду саҳару бегоҳ аз асбобу дастгоҳҳои ҳавосанҷиаш хабар мегирифт. Барчинойи хурдакак, сарфи назар аз гармову сармо, ҳар гоҳе қиблагоҳро ҳамроҳӣ менамуд.
Дар баробари майл доштан ба табиату иқлим, ҳамчунин, дар мактаб хонандаи фаъол буду пайваста дар чорабиниҳо ровигӣ мекард. Боре дар озмуни «Андалеб» байни синфҳои 8–9-ум ровигӣ намуду бо ифтихорнома сарфароз гардид. Он солҳо, мутаассифона, духтаронро ба хондан иҷозат намедоданд. Пас аз ба балоғат расидан, Барчинойро хонадор карданд. Ба бахти вай шавҳараш Холназар Ашӯров марди бофарҳангу маълумотдор баромад.
- Ҳамсарам аз мавзеи Сангтӯда буду дар мактаби деҳаамон муаллими фанни таъриху ҳуқуқ буд. Пеш аз хонадор шудан шарт гузоштам, ки танҳо дар сурати идомаи таҳсил ба шавҳар мебароям. Пас аз чанд муддат ба шаҳри Сарбанд (ҳоло Левакант) кӯчидему ман, ки маълумоти синфи 8-умро доштам, бо дастгирии шавҳарам мактаби шабонаро хатм карда, маълумоти миёнаи пурра гирифтам, - иброз намуд бону Барчиной.
Сипас, Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтарро хатм кард. Ҳам дар басти шабонаи муассисаи тиббӣ фаъолият мекарду рӯзона ҳамчун ҳамшира дар шуъбаи умумии беморхонаи Қарияи болои шаҳри Бохтар заҳмат мекашид. Бонуи матин солҳои 90-уми асри гузашта кумаки аввалияи тиббию санитариро ба афсарону сарбозони захмӣ мерасонд. Он замон Бохтар нуқтаи даргири ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буду камбуди кормандони соҳа ба назар мерасид. Зани ҷавон софдилона масъулияти ба зимма гирифтаашро ба сомон мерасонд.
- Ҳангоми низоъҳои дохилӣ баъзе мардон ҳатто ҷуръат намекарданд, ки аз хонаҳояшон берун оянд, аммо ман вазифаамро муқаддас медонистам. Рӯзҳое мешуданд, ки ба хона нарафта, дар сари болини беморон шабро саҳар мекардем. Вақтҳое буд, ки то сад нафар маҷруҳро ба беморхона интиқол медоданд. Хонаамон дар қарибии беморхона воқеъ буд. Аз хона хӯрок оварда, ба маҷруҳон мехӯрондам. Гарчанде аз ин ҳодиса зиёда аз 30 сол гузаштааст, то ҳол симои баъзе аз он ҷавонмардони ғӯрамарге, ки ҷонашонро баҳри пойдории Ватан аз даст додаанд, аз пеши назарам дур намешавад, - бо афсус изҳор дошт табиби ҳозиқ.
Барои ман истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон мебошад, зеро даҳшати ҷангу хунрезиро бо чашми сар дидааму бароям сулҳу ваҳдат неъмати бебаҳоянд. Сипос ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бароямон ободиву осудагиро оварда, тамоми шароити корию таҳсилро барои мардуми кишвар фароҳам овардаанд. Фарзандони мо имрӯз на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он метавонанд озодона рафта, таҳсил намоянд, - бо шукргузорӣ зикр кард мусоҳибам.
Барчиной Ашӯрова ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқ низ вазифаашро сарбаландона ба сомон расондааст. Дар деҳаашон бунгоҳи тиббӣ вуҷуд надошту вай беморонро дар пешайвони масҷид қабул мекард. Масъулияти баланд ва мартабаи пизишкиаш буд, ки бо ёрии маъмурияту соҳибкорон дар деҳа бунгоҳи тиббӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло бунгоҳи тиббӣ ба маркази саломатӣ табдил ёфта, ба наздикӣ аз нав таҷдиду таъмир дида, бо дастгоҳу асбобҳои зарурии тиббии замонавӣ таҷҳизонда шуд.
Ӯ мудири маркази саломатии деҳаи Зағертути Ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант аст. Ба дилу дидаи мардум ҷо гирифтанашро дида, масъулин вазифаи раиси бонувони маҳалларо низ барояш бовар карданд. Ба занону духтарони ҷавон таъкид менамояд, ки ба тозагӣ риоя намоеду ҳатман аз ҳунарҳои мардумӣва кадбонугӣ бархӯрдор шавед, зеро меҳру муҳаббати зану шавҳар аз кордониву чақонии зан ва кадбонугияш вобастагӣ дорад. Агар зан тозаву озода ва кадбонуи моҳир набошад, зиндагиаш хуш намегузарад…
Табиби маҳбуб рисолати модариашро анҷом дода, дар баробари яккаписараш боз чанд нафари дигарро ҳамроҳи ҳамсараш ба фарзандӣ хонда, онҳоро тарбият карда, ба камол расондаанд. Хушбахтона, ҳар яке аз онҳо дар кору пайкор устоди хеш шуда, дар зиндагӣ низ муваффақанд.
Ин пешавари моҳир зиндагии худро бе ҳунару ҳунарварӣ тасаввур карда наметавонад. Бо дастовардҳояш дар чорабиниҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, борҳо бо мукофотҳо қадр шудааст.
- Дар озмунҳои ҳунармандӣ ва кадбонугӣ иштирок намуда, чапотӣ, сатрӣ, кулчаи хурду калон, фатир, таҳмол, қалама ва маҳсулоти ҳунармандиамро ба намоиш мегузорам. Чакандӯзиро аз модараму модаркалонам ёд гирифтаам. Дар давраи арусии мо қолину қолинкорӣ набуд. Шерозу тоқии зардӯзӣ, ойинахалта, чойхалта, чолбанд, рафидаву остинча омода менамудем. Ба наздикӣ барои худ ва ду набераам куртаи чакани дастдӯз тайёр кардам, - гуфт ҳунарвар.
Аз рӯзгори Барчиной Ашӯрова бисёр чизҳо метавон навишт, аммо бо ҳамин чанд нукта иктифо мекунем. Аз он шодем, ки ӯ аз роҳи тайкардааш розӣ асту бо ифтихору қаноатмандӣ саҳми гузоштаашро баҳри Ватан қарзи ҷонии худ медонад.
Мадина БАЛАҶОНОВА,
Душанбе-Левакант-Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
    
    
    
    
 



 
 






