БОЙГОНӢ

«    Март 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Бофандагӣ

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

      Бофандагӣ воситаи пурқуввати саломатӣ буда, асабоният, изтироб ва фишори хунро коҳиш дода, хотира ва тамаркузро беҳтар мекунад. Он ҳатто  бехобиро бартараф карда,  дарди музминро кам менамояд.

Бофандагӣ метавонад тавассути намунаҳои мураккаб майнаи инсонро фаъол ва мустаҳкам кунад. Ин воқеан ба ташаккули пайвастҳои нави асаб мусоидат мекунад, ки хотираро хубтар намуда,  метавонад таназзули маърифатии вобаста ба синну солро суст кунад.

Вақте шахс бофандагиро оғоз мекунад, мағзи сар маҷмуи пурраи пайвастагиҳои асабро фаъол мекунад, ки онҳо  бо ҳамоҳангсозии даст, дарки биноӣ ва тамаркуз алоқаманданд.

Бофандагӣ тафаккури эҷодиро фароҳам оварда, тасаввуротро инкишоф дода, тахайюли зебоиро рушд медиҳад. Ба даст овардани малакаҳои нави эҷоди ашёи беназир ба худбаҳодиҳӣ ва эътимод ба худро зиёд мекунад.

Кори мунтазами дастӣ мушакҳои даст ва ангуштонро мустаҳкам намуда, чандирӣ ва чолокии онҳоро афзун мекунад. Ин махсусан барои онҳое, ки аз ҷароҳат ё дарди буғум азият мекашанд, муфид аст.

Машғулияти бофандагӣ ба шахс истироҳатро фароҳам оварда,  ҳаракати якрангии дастҳо аз садои сӯзанҳои бофандагӣ машқи равониро ба вуҷуд меорад. Намунаҳои мураккаб ва дӯхтаҳои ҳисоб ба шумо кумак мекунанд, ки ташвишҳои худро фаромӯш кунед ва руҳияи худро беҳтар намоед.

Илова бар истироҳати ҷисмонӣ, бофандагӣ ба ақл оромӣ мебахшад. Барои бисёриҳо бофандагӣ ҳамчун як шакли мулоҳиза хидмат мекунад, ки ба кас имкон медиҳад, ки сари худро тоза ва руҳро ором намояд.

Занҳое, ки ба ҳунарҳои дастӣ, аз қабили бофандагӣ машғуланд, аксар вақт умри дарозтар доранд, зеро ин фаъолият изтиробро коҳиш дода,  ҳолати руҳиро беҳтар карда, робитаҳои иҷтимоиро тақвият медиҳад. Он қобилияти майнаи инсонро мустаҳкам карда, ба  пиршавии солим мусоидат мекунад.

                                                                           Таҳияи Мадина Балаҷонова

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2026_small.pdf [2.9 Mb] (зеркашиҳо: 16)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон