БОЙГОНӢ

«    Март 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Муқаддас

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Слайдер

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ва сулҳу суботи кишвар Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин муддат дар мамлакат, дар баробари даҳҳо корхонаҳои хурду миёна, коргоҳҳои дӯзандагӣ низ бо таҷҳизоти муосири замонавӣ на танҳо дар пойтахт, балки дар шаҳру ноҳияву деҳаҳо ифтитоҳ ёфта, садҳо бонувони хонашинро бо кор таъмин намуда, ба пешрафти иқтисодиёти кишвар мусоидат карданд.

Яке аз онҳо коргоҳи дӯзандагӣ ва адрасбофии «Сомон»-и Муқааддас Султонова дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аст, ки бо фаъолияти худ барои пешрафти ҷомеа саҳми босазо мегузорад.

— Коргоҳи мазкур соли шашум аст, ки фаъолияти пурсамар дорад. Аҳли ҳунармандон ҳамеша мекӯшанд либосҳои фармударо бо сифати хуб омода намоянд, — иброз дошт Муқааддасбону.

Сарфи назар аз он ки дар вилояти Хатлон коргоҳҳои дӯзандагӣ кам нестанд, талабгорони маҳсулоти омодакардаи «Сомон» зиёданд. Аз ин рӯ, талаботи мизоҷон онҳоро водор месозад, ки ба сифати кор хубтару беҳтар аҳамият диҳанд.

— Дӯзандагони коргоҳи мо дар омодасозии либосҳои мактабӣ, тиббӣ, ҳарбӣ ва махсуси корӣ моҳир мебошанд. Ҳамчунин, чакандӯзӣ, попурзанӣ, гулдӯзӣ ва қуроқдӯзиро низ ба роҳ мондаем. Ин коргоҳ барои занони хонашин на танҳо асоси пешбурди зиндагӣ, балки маъвои ҳунаромӯзӣ ба шумор меравад. Талаботи бозори меҳнат сол ба сол ба маҳсулоти корхонаи дӯзандагии «Сомон» зиёд мегардад, — иброз дошт бону Муқааддас.

Ҳунарҳои мардумӣ таҷассумгари фарҳангу маданияти миллат буда, бонувони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин роҳ ташаббускору заҳматписанданд. Ба ақидаи ин зани чевар, барои беҳтар шудани рӯзгорашон аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, дастовардҳояшонро афзун менамоянд.

Корхона аз тарафи ташкилоту муассисаҳо барои хизмати аъло сазовори баҳои баланд гашта, бо ифтихорномаву дипломҳои соҳавӣ қадрдонӣ шудааст, ки ҳамаи ин аз сифати баланди маҳсулоти коргоҳи дӯзандагии «Сомон» далолат медиҳад.

Феълан, шумораи дӯзандагони корхона бист нафарро ташкил медиҳад, аз ин шумора шаш нафар чевари касбӣ мебошанд. Онҳо дар тайёр кардани либосҳои гуногуни милливу аврупоӣ пешсафанд. Корхонаи дӯзандагӣ дар рушди ҳунарҳои миллӣ дар ноҳия муваффақ буда, омӯзиши ҳунарҳои дастиро ба роҳ мондааст.

— Корхонаи мо дар ҳамкорӣ бо бахши шуғли аҳолии ноҳия хонандагони мактабҳоро бо нозукиҳои касб шинос намуда, онҳоро ба омӯзиши ҳунарҳои аҷдодӣ фаро мегирад. Зодмандон духтаронро дар баробари донишомӯзӣ барои аз худ кардани афзорҳои ҳунари дастӣ тарғибу ташвиқ мекунанд, — иброз дошт Муқааддас Султонова.

Дар навбати худ ин зани ҳунарманду чирадаст аз иқдомҳои беназири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳунарҳои мардумӣ изҳори хушнудӣ намуда, зикр кард, ки тавонистааст бо дарёфт кардани гранти Президент ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ коргоҳи хешро бо дастгоҳҳои корӣ муҷаҳҳаз гардонда, шароити кори кормандонро беҳбуд бахшад. Сарфарозиву сарбаландӣ ва мавриди иззату икроми ҳамагон шудан барои Муқааддас Султонова ба осонӣ муяссар нагашт. Вай бо заҳмати пурмасъул ба ин дараҷа расидааст.

— Падарам Садриддин Султонов, ки ба тиҷорат машғул буд, дар 39-солагӣ бар асари садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиду модарам Бибираҷаб Мирова, ки мудирии боғчаи бачагонаи ноҳияро ба уҳда дошт, маҷбур гашт, ки тарбияи панҷ духтарро ба танҳоӣ сомон диҳад. Модарам, дар баробари серкориаш, ҳамеша дастгиру саробони фарзандон буд. Ӯ ба хотири бекор намондан хоҳарбузургамро, ки дар синфи нуҳум таҳсил мекарду ман он овон синфи шашум будам, дар нуқтаи дӯзандагии маркази ноҳия ба шогирдӣ дод. Панҷ духтари хонавода бо ҳамин минвол ба ҳунармандӣ рӯ овардем, — ёд меорад он рӯзҳоро Муқааддас Султонова ва идома медиҳад.

— Ба шарофати сулҳу салоҳ, ободии ҷумҳурӣ ба рӯзҳои нек расидем. Шукрона мекунам, ки имрӯз бонувони кишвар дар тамоми гӯшаву канори мамлакат дар кадом самте, ки фаъолият мекунанд, соҳиби нону номи нек гаштаанд.

                                                                                     Мадина БАЛАҶОНОВА,

                                                         Душанбе – Абдураҳмони Ҷомӣ – Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2026_small.pdf [2.9 Mb] (зеркашиҳо: 17)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон