БОЙГОНӢ

«    Май 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Эҳтироми оила эҳтироми ояндаи мост!

Сиёсат / Слайдер

Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15-уми май таҷлил мегардад, фурсати муҳимест барои рондани андеша перомуни арзишҳое, ки ҳастии ҷомеаро устувор нигоҳ медоранд.

 

Дар тӯли таърих оила ҳамчун асоси пойдории ҷомеа хизмат мерасонад. Ҳеҷ ҷомеаи солимро бидуни оилаи солим тасаввур кардан имкон надорад. Маҳз дар муҳити оила инсон нахустин қадамҳои худро дар роҳи шинохти зиндагӣ мегузорад ва меъёрҳои рафтору муносибатро аз худ мекунад. Аз ҷумла, эҳтиром ба бузургсолон, меҳрубонӣ нисбат ба дигарон, масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба Ватан…

Оила ҳамчун ниҳоди муқаддас ва пояи асосии ҷомеа дар ташаккули шахсият, таҳкими ахлоқ ва рушди маънавии инсон нақши калидӣ дорад. Бесабаб оиларо «мактаби аввалини инсон» наменоманд.

Дар сиёсати иҷтимоии давлатдории муосири Тоҷикистон низ ба масъалаи таҳкими оила таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Бо роҳбарии асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаҳои марбут ба ҳифзи арзишҳои оилавӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва таъмини шароити мусоид барои рушди оилаҳои солим ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.

Пешвои миллат дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки оилаи солим заминаи асосии бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати устувор мебошад.

Қабули санадҳои муҳими давлатӣ, татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ ва роҳандозии ташаббусҳои гуногун дар самти дастгирии оила ва бонувон далели равшани ин таваҷҷуҳ аст. Аз ҷумла, сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, дастгирии модарон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияи насли солим, ояндаи ҷомеаро устувор месозад.

Дар баробари ин, дар шароити муосир, ки ҷаҳон бо суръати бесобиқа тағйир меёбад, арзишҳои анъанавии оилавӣ низ зери таъсири омилҳои гуногун қарор дорад. Равандҳои ҷаҳонишавӣ, рушди технология, муҳоҷирати меҳнатӣ ва мушкилоти иқтисодӣ ба муносибатҳои хонаводагӣ таъсир мерасонанд. Дар чунин вазъ, ҳифзи пояҳои ахлоқии оила ва тақвияти робитаҳои самимӣ миёни аъзои он аҳамияти муҳим пайдо мекунанд.

Нақши зан ҳамчун меҳвари оила дар ин раванд бесобиқа арзёбӣ мегардад, зеро зан — модар, тарбиятгар ва посдори гармии дилхоҳ хонадон аст. Аз хираду заковати зан — модар, аз меҳру муҳаббат ва таҳаммулпазирии ӯ фазои маънавии оила ташаккул меёбад. Бо вуҷуди ин, таъкид бояд кард, ки пойдории оила танҳо ба заҳмати зан вобаста нест. Ин масъулияти муштаракест, ки бар дӯши зан ва мард қарор дорад.

Падар ҳамчун такягоҳ ва роҳнамо дар тарбияи фарзандон нақши калидӣ мебозад ва ҳузури фаъолонаи ӯ дар ҳаёти оилавӣ барои рушди солими кӯдакон аҳамияти бузургро молик аст.

Ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми мутақобила ва дастгирии ҳамдигар заминаи асосии оилаи хушбахт мебошад.

Зимнан, яке аз масъалаҳои муҳим дар замони мо тарбияи дурусти фарзандон аст. Тарбияе, ки бар пояи арзишҳои миллӣ, фарҳанги воло ва эҳтиром ба инсон бунёд ёфтааст, метавонад насли босавод, худогоҳ ва ватандӯстро ба воя расонад. Барои ин оила бояд муҳите бошад, ки дар он кӯдак худро эмин, дӯстдошта ва қадршуда эҳсос намояд. Танҳо дар чунин шароит вай метавонад қобилиятҳои худро пурра рушд диҳад ва ба ҷомеа ҳамчун шахси комил ворид гардад.

Имрӯзҳо ҳар яки моро зарур аст, ки дар ҳифз ва таҳкими оила саҳмгузор бошем. Оилае, ки бар пояи муҳаббат, эҳтиром ва масъулият бунёд ёфтааст, метавонад ҷомеаро ба сӯи рушду пешрафт раҳнамун созад, зеро оила мактаби зиндагӣ ва сарчашмаи саодати инсон аст.

Орзуманди онем, ки ҳар як хонадон макони муҳаббат, оромиш ва ҳамдигарфаҳмӣ бошад. Бигзор хандаҳои кӯдакон, дуои модарон ва дастгирии падарон ҳаргиз аз ҳаёти мо дур нашаванд.

Ҳифзи оила ин ҳифзи миллат аст ва эҳтироми он эҳтироми ояндаи мост.

         Бо орзуи саломатӣ, саодат ва рӯзгори обод барои ҳар яки шумо!

                                                                       ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2026_small.pdf [3.92 Mb] (зеркашиҳо: 60)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон