БОЙГОНӢ

«    Июл 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Аз парокандагӣ то созандагӣ

Сиёсат / Слайдер

Таърихи нави давлатдории тоҷикон исбот намуд, ки ҳеҷ як дастоварди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бе мавҷудияти сулҳу суботи саросарӣ ва ҳамдигарфаҳмии миллӣ имконпазир нест. Калимаҳои «ваҳдат» ва «сулҳ» танҳо як истилоҳи сиёсӣ ё ҳуқуқӣ набуда, мафҳумҳои калидие мебошанд, ки ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистони муосирро шакл додаанд. Сулҳ танҳо ба маънои набудани ҷанг ё низоъ нест, як ҳолати равонӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиест, ки дар он шаҳрвандон худро бехатар ҳис мекунанд ва имкони рушду пешрафтро пайдо менамоянд. Ваҳдати миллӣ бошад, пайванди ноаёни қалбҳо, ҳамбастагии кулли сокинони кишвар, сарфи назар аз мансубияти миллию мазҳабӣ ва минтақавӣ, ба хотири як ҳадафи воло – ободии Ватан мебошад.



 

Миллати мо барои расидан ба Ваҳдати саросарӣ аз парокандагӣ то созандагӣ роҳҳои сахту душворро тай кард. Даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвар мардумро ба вартаи ноумедӣ кашонда буд. Дар он муноқишаҳои ҳалокатбор, эҳсоси хурофотпарастию давлатситезӣ ба авҷи аъло расида, пояҳои ҳокимияти давлатиро фалаҷ намуд…

Дар ин марҳалаи ҳассосу таърихӣ вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд ҷамъ омада, бо интихоби марди ҷасуру ростқавл ва ба ақида устувор – Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олӣ нақши ҳалкунандаро дар таърихи навини давлатдорӣ ва эҳёи дубораи Тоҷикистон бозиданд.

Сулҳофар, Сарвари тозаинтихоб, ки ҳастии хешро барои фидои Ватан намудан омода буданд, гуфтанд: «Ман ба шумо сулҳ меорам! То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, худро ором ҳис намекунам». Ин ҳарфҳо дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шуълаи умедро фурӯзон карданд.

Пас аз 40 моҳи гуфтушунидҳои тӯлонӣ ва мушкил, ки аз моҳи апрели соли 1994 то 27-уми июни соли 1997 давом кард, халқи тоҷик ба волотарин ҳадафи хеш – барқарории сулҳ ва ваҳдату ҳамдилӣ ноил гардид…

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки намунаи олии ваҳдатофарӣ буд, ҷомеаи ҷаҳонро водор намуд, то Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва дунявӣ шиносаду эътироф созад. Шаҳрвандони мамлакат ин санаи муборакро ҳамчун бузургтарин иди миллӣ ҷашн гирифта, дар таҳкиму пойдории он дар зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гаштанд. Бо азму талоши дучанд баҳри бартараф намудани харобиҳои ҷанги бародаркуш саҳм гузошта, дар сохтани Тоҷикистони навин камари ҳиммат бастанд.

Сулҳу ваҳдат барои татбиқи барномаҳои бузурги миллӣ шароити мусоид фароҳам оварданд. Сохтмони неругоҳҳо, роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо, пулҳо ва дигар иншооти муҳими стратегӣ ба беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум ва таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар мусоидат намуд. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи давлат ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, имкониятҳои навро барои рушди инсонӣ ба вуҷуд овард.

Сулҳу ваҳдати дохилӣ замина сохт, ки овози Тоҷикистон аз минбарҳои баландтарини ҷаҳонӣ шунида ва пазируфта шавад. Ба шарофати ваҳдат, имрӯз Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, Созмони ҳамкории Шанхай (ШОС), САҲА ва дигар ташкилотҳои ҷаҳонӣ мебошад ва бо зиёда аз 180 кишвари олам муносибатҳои расмии дипломатӣ дорад. Ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва иқлим, махсусан Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» ва эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», обрӯю эътибори кишварро дар арсаи байналмилалӣ ба авҷи воло расонд.

Рукни дигари муҳимтарин ва таъсирбахши сиёсати Сарвари давлат дар роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани он татбиқи принсипи башардӯстӣ ва гузаштҳои сиёсӣ буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ исбот намуданд, ки сулҳ бе бахшиш ва бе эътимоди мутақобила пойдор намемонад.

Дар таърихи нави Тоҷикистон, қонунҳои авф нақши таърихию тақдирсоз бозиданд. Санадҳои авфи умумӣ, ки бо ташаббуси Сарвари давлат қабул шуданд, ба ҳазорон нафар шаҳрвандоне, ки бинобар вазъияти печидаи сиёсии он солҳо ба хатоҳо роҳ дода буданд ё дар содир кардани ҷиноятҳои гуногун гунаҳкор эътироф гашта буданд, имкони дубора ба ҳаёти осоишта баргаштанро доданд. Ин иқдомҳо боиси он гаштанд, ки кинаву адоват аз қалбҳои мардум берун карда шаванд ва ҷойи онро умед ба фардои обод гирад. 

Авф на танҳо як санади ҳуқуқӣ, балки зуҳуроти олии фарҳанги бахшиши тоҷикона аст. Маҳз тавассути ин сиёсат ҳазорон оила дубора сарҷамъ шуданд, занони зиёде шавҳарон ва модарони бештаре фарзандони худро ба оғӯш гирифтанд. Ин раҳму шафқати роҳбарияти давлат заминаи маънавии ваҳдати миллиро чунон мустаҳкам намуд, ки ҳеҷ як қувваи бадхоҳи хориҷӣ дигар натавонист суботи дохилиро халалдор созад. 

Дар ин росто Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар бузургворона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар арафаи таҷлили Ҷашни бошукӯҳи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, баъд аз қабули қонун ба он имзо гузоштанд.

Қонуни мазкур ба 18 038 маҳкумшуда татбиқ мегардад, ки аз ин шумор нисбат ба занон ва ноболиғон имтиёзҳои бештар пешбинӣ мешаванд. Аз 507 нафар зан, ки адои ҷазо менамоянд, 248 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод гашта, нисбат ба 259 нафар муҳлати адои ҷазо кам карда мешавад.

Қабули ин Қонуни инсондӯстона барои мо, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мояи ифтихор ва сарфарозӣ буд, ки дар татбиқи иқдоми бахшандаву хирадмандонаи Сарвари давлат саҳмгузор бошем.

Аъзои Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон дар радифи дигар вакилон сиёсати сулҳҷӯёна, башардӯстона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайгирӣ намуда, тамоми дониш, таҷриба ва неруи худро барои ҳифзи сулҳу ваҳдат, истиқлолу озодӣ ва рушди Тоҷикистони маҳбубамон равона месозанд.

Халқи тоҷик аз парокандагӣ то созандагӣ марҳалаҳои душвору монеаҳои гуногунро паси сар гузошта, ба он қуллае расид, ки Ваҳдату Ягонагӣ ном дорад. Бо таҳкими ин бузургтарин ҳадафи давлатдорӣ ниҳоли орзуву ормонҳои миллӣ боровару самарбахш гаштанд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ арзишест, ки ҳар рӯз бо амали нек, эҳтироми қонун, меҳнати содиқона ва масъулияти шаҳрвандӣ таҳкими бештар меёбад…

Фарзона ХОҶАЗОДА

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон



Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_07_2026_small.pdf [2.82 Mb] (зеркашиҳо: 0)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон