БОЙГОНӢ

«    Август 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Вақте кӯдак вориди синфхона мешавад…

Сиёсат / Слайдер

Моҳи август ҳамеша бӯйи омодагиро дар бар дорад. Омодагӣ ба фасли нав, ба умедҳои нав, ба рӯзе, ки барои ҳазорҳо кӯдак нахустин қадами огоҳона ба ҷаҳони дониш хоҳад буд. Рӯзи донишро барои ҳамин танҳо оғози соли таҳсил намеҳисобанд, балки онро оғози саҳифаҳои тозае медонанд, ки баъдтар сарнавишти инсон, оила ва ҷомеаро инъикос менамоянд.



Ин ҷойи баҳс надорад, ки ҳар миллатро метавон аз рӯйи мактабаш шинохт. Агар дар мактаб чароғи маърифат равшан бошад, дар ҷомеа низ рӯшноӣ бештар хоҳад буд. Яъне, мактаб нахустин маконест, ки дар он кӯдак амиқ мефаҳмад: китоб калиди дарҳои зиндагист!

Дар миёни ин ҳама нақши муаллим ҷойгоҳи хос дорад. Солҳо мегузарад, касбҳо иваз мешавад, фанновариҳо рушд мекунанд, аммо арзиши омӯзгор тағйир намеёбад, зеро ҳеҷ дастгоҳи муосир наметавонад меҳрубонӣ, сабр, тарбия ва муҳаббатеро, ки омӯзгор ба шогирдаш мебахшад, ҷойгузин шавад. Дар хотираи ҳар инсон барои ҳамеша номи устоде боқӣ мемонад, ки ба ӯ на танҳо хондану навиштан, балки инсон буданро омӯхтааст.

Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки соҳаи маорифи Тоҷикистон дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо муассисаи нави таълимӣ бунёд ва азнавсозӣ гардиданд, шароити таълим беҳтар шуд, имкониятҳои омӯзиш васеъ ва мақоми омӯзгор беш аз пеш мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Ин сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст.

Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки рушди ҷомеа аз рушди маориф оғоз меёбад, зеро давлате, ки ба мактаб таваҷҷуҳ мекунад, дар ҳақиқат ба фардои худ сармоя мегузорад. Китобхонаҳои нав, синфхонаҳои замонавӣ, технологияҳои рақамӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ, дастгирии ҷавонони болаёқат ва омӯзгорон ҳама ҳалқаҳои як занҷиранд, ки ҳадафи ниҳоии он тарбияи насли донишманду ватандӯст мебошад.

Бо вуҷуди ҳамаи ин, рушди маориф танҳо вазифаи давлат нест. Мактаб замоне неруманд мешавад, ки ҷомеа низ худро шарики он бидонад. Оила, омӯзгор, ҷомеа ва давлат чор омили муҳиме ҳастанд, ки ояндаи кӯдакро устувор месозанд. Агар яке аз ин сутунҳо суст шавад, таъсири он ба тарбияи насли нав зуд эҳсос мегардад.

Ҳоло фарзандони мо дар ҷаҳоне ба воя мерасанд, ки суръати тағйирот бесобиқа аст. Зеҳни сунъӣ, технологияҳои нав, фазои рақамӣ ва иттилооти фаровон аз онҳо на танҳо дониш, балки тафаккури мустақил, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти шаҳрвандиро тақозо менамояд.Аз ҳамин ҷост, ки рисолати мактаб аз пештара дида муҳимтар гардидааст. Мактаб бояд инсонеро тарбия кунад, ки ҳам донишманд бошад, ҳам соҳибфарҳанг, ҳам ватандӯст ва ҳам қодир ба рақобат дар фазои ҷаҳонӣ.

Зимнан, барои маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» мавзӯи маориф ҳамеша аз арзишҳои меҳварӣ буд, зеро модари босавод, омӯзгори соҳибмаърифат ва духтари донишманд се ҳалқаи як занҷиранд. Зане, ки китоб мехонад, на танҳо сарнавишти худ, балки сарнавишти насли ояндаро тағйир медиҳад. Аз ин рӯ, ҳар комёбие, ки дар соҳаи маориф ба даст меояд, дар асл муваффақияти тамоми ҷомеа мебошад.

Дар остонаи Рӯзи дониш ба ҳамаи омӯзгорон барои заҳмати пуршарафашон арзи сипос менамоем. Ба падару модарон сабру ҳамкорӣ, ба хонандагон шавқи донишандӯзӣ ва ба донишҷӯёну ҷавонон иродаи қавӣ орзу мекунем.

Бигзор ҳар синфхона макони парвариши ормонҳои бузург бошад, ҳар китоб роҳи тозаеро ба сӯйи маърифат боз кунад ва ҳар қадаме, ки фарзандони мо ба сӯйи дониш мегузоранд, Тоҷикистонро ба сӯйи фардои ободу пешрафта раҳнамун созад, зеро давлатҳоро бо сарвату конҳои фоиданок сохтан мумкин, аммо миллатҳоро танҳо бо дониш мешавад қавӣ гардонд. Ин нуктаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша гӯшзад мекунанд ва дар меҳвари сиёсати худ қарор медиҳанд. 

Пас, гуфтан мумкин, ки Рӯзи дониш оғози сарнавишти насли нав аст. Ҳар кӯдаке, ки имрӯз бо китоб ба синфхона ворид мешавад, фардо метавонад олим, омӯзгор, табиб, муҳандис ё масъули созандаи ин сарзамини бостонӣ гардад. 

Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба мактаб ва омӯзгор дар асл сармоягузорӣ ба амният, пешрафт ва бақои миллат аст. Миллатҳое, ки ба дониш такя мекунанд, барои худ таърихро месозанд. Миллатҳое, ки аз маориф ғофил мешаванд, таърих онҳоро канор мегузорад.

Пас, биёед чароғи маърифатро дар ҳар хона, ҳар мактаб ва дар дили ҳар ҳамватани худ фурӯзон нигоҳ дорем, зеро фардои Тоҷикистон аз китобе оғоз мешавад, ки имрӯз дар дасти фарзандони мост.

                                                         ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон


Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2026_small_.pdf [3.32 Mb] (зеркашиҳо: 0)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон