БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Сафир набудам, аммо…

Сиёсат / Слайдер

Мусоҳиба бо Абдураҳимзода Шаҳло Рустам, дипломати тоҷик,мушовири   Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО

Абдураҳимзода Шаҳло Рустам аз зумраи бонувоне мебошад, ки солҳои зиёди ҳаёташро ба хидмати давлатӣ ва дипломатияи тоҷик бахшидааст. Роҳи касбии ӯ аз рӯзҳое оғоз ёфт, ки сохтори дипломатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз дар марҳалаи ташаккул қарор дошт. Аз фаъолияти хидматӣ дар чанд кишвари хориҷӣ то кори имрӯза дар Париж, назди ЮНЕСКО, ин роҳи ӯ бо омӯзиш, забондонӣ, масъулият ва талош барои муаррифии фарҳангу таърихи тоҷикон пайваста аст.

Дар ин муколама аз дипломатия, ЮНЕСКО, мероси фарҳангӣ, Наврӯз, нақши занон дар хидмати давлатӣ ва паҳлуҳои шахсии зиндагии як дипломатбону сухан рондем.


– Шумо дар Намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО фаъолият доред. Вазифаҳои аслии ниҳоди мазкур аз чӣ иборат аст?

– Оғози фаъолияти меҳнатии ман дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солҳои душвори соҳибистиқлолии кишвар рост омад. Солҳои зиёд дар Вазорати корҳои хориҷӣ таҷриба андӯхта, сипас, дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Миср, Чин, Федератсияи Россия кор кардам, айни замон дар Фаронса фаъолият дорам.

Ба назари ман, рисолати асосии дипломати тоҷик дар ҳар гӯшаи ҷаҳон як аст: Тоҷикистонро бо сиёсат, таърих, фарҳанг, арзишҳо ва имкониятҳои воқеияш ба ҷаҳониён муаррифӣ кардан ва ҳимоят намудан аз манфиатҳои Ватан мебошад.

Фаъолияти Намояндагии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО низ аз ҳамин рисолат сарчашма мегирад. ЮНЕСКО майдонест, ки дар он таърих, фарҳанг, илм, маориф ва мероси миллатҳо ба ҳам меоянд. Моҳи декабри соли 2024 Намояндагии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО таъсис ёфт ва ман ба вазифаи мушовири Намояндагии доимӣ таъин гардидам. Дафтари кории мо дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж ҷойгир аст.

Фаъолияти Намояндагии доимӣ, пеш аз ҳама, ба таҳкиму рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва ЮНЕСКО роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба фарҳанг, илм, маориф ва тарғиби мероси ғании миллати тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ равона шудааст.

– Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Намояндагӣ ҳифз ва муаррифии мероси миллӣ аст. Ин кор барои Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад?

– Мероси фарҳангӣ хотираи зиндаи миллат аст. Вазифаи мо ворид намудани унсурҳои арзишманди мероси моддӣ ва ғайримоддии Тоҷикистон ба рӯйхатҳои байналмилалии ЮНЕСКО мебошад. Чунин эътироф ба муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ, рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба арзишҳои моддию маънавии мардуми тамаддунофар, шаҳрдору шаҳрсоз, соҳиби нобиғаҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

Имрӯз дар рӯйхатҳои ЮНЕСКО як қатор унсурҳои фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷашнҳои Сада, Наврӯз, «Шашмақом», «Фалак», «Чакан», «Оши палав», атласу адрас, суннатҳои кирмакпарварӣ, Тазҳиб (заркорӣ), санъати сохтану навохтани рубоб ва дигар намунаҳои мероси зиндаи фарҳангӣ ҷой доранд. Ҳар як номина, пеш аз ҳама, кори илмӣ аст. Барои ворид намудани як унсури фарҳангӣ ба рӯйхати ЮНЕСКО бояд таърих, аҳамият, анъанаҳои марбут ба он ва роҳҳои ҳифзу интиқолаш ба наслҳои оянда асоснок карда шаванд. Аз ин рӯ, имрӯз мо ба мутахассисоне ниёз дорем, ки ҳам мероси худро хуб бишносанд ва ҳам тавонанд онро бо яке аз забонҳои фаҳмои байналмилалӣ пешниҳод ва муаррифӣ созанд.

– Вақте Шумо дар ЮНЕСКО аз Наврӯз ҳарф мезанед, мавзӯъ аз ҷониби намояндагони миллатҳои дигар чӣ гуна пазироӣ мешавад?

– Наврӯзи бостонӣ ҷаҳонӣ шуд. ЮНЕСКО онро ҳамчун мероси фарҳангии муштараки кишварҳои зиёде эътироф кард. Соли 2024 номинаи муштараки Наврӯз бо иштироки кишварҳои минтақа ва ҳамроҳ шудани Муғулистон васеъ гардид. Барои ман ҷолибтарин паҳлуи Наврӯз дар он аст, ки он инсонро ба табиат, зиндагӣ ва ҳамдигар наздик мекунад. Наврӯз рамзи оғози рӯзи нав, эҳтиром ба табиат, сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Наврӯз ба ягон дин ё мазҳабе рабт надошта, он чун ҷашни ба ҳам омадани мардумони кураи Замин гаштааст, ки ҳамасола дар қароргоҳи ЮНЕСКО чун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» таҷлил мегардад.

Вақте дар ЮНЕСКО мо фарҳанги Наврӯзро муаррифӣ мекунем, танҳо як ҷашнро нишон намедиҳем. Мо мусиқӣ, ҳунар, таом, либос, расму оин ва фалсафаи зиндагии як тамаддунро пеши назари ҷаҳон мегузорем. Карнаю сурнай, сурудҳои анъанавӣ, хони тоҷикӣ, суманак ва либосҳои миллӣ забони дигаре ҳастанд, ки бе тарҷумон ҳам фаҳмида мешаванд.

– Дар мулоқотҳо кадом паҳлуи Тоҷикистон бештар таваҷҷуҳи хориҷиёнро ба худ ҷалб мекунад?

– Пеш аз ҳама, шахсият ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хориҷиён ҷолиб аст. Аз ҷумла, пешбурди сиёсати хориҷии «дарҳои кушода», эҳёи дубораи фарҳанг ва таърихи миллати форсу тоҷик барояшон мароқангез аст. Вақте бо тоҷикони бурунмарзӣ ва форсизабонон суҳбат мекунем, бисёре аз онҳо мегӯянд, ки орзу доранд, ки Тоҷикистонро бубинанд, мисли мардуми мо озод бошанд ва сарваре мисли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дошта бошанд. Барои ман ин суханҳо маънои махсус доранд, зеро инсон берун аз Меҳан бештар дарк мекунад, ки дар муаррифии Ватан чӣ масъулияти бузурге бар дӯш дорад.

Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ роҳи пурпечутоб ва душвореро тай кард. Давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу субот ва бозгашти гурезагон саҳифаҳои муҳими таърихи муосири кишвар мебошанд. Вақт собит сохт, ки сиёсати дурбинона ва сулҳофари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳанӯз зимни иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд муайян гашта буд, сиёсати муваффақе будааст. Иҷлосияи таърихсоз самтҳои минбаъдаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян сохт.

Тули се даҳсола аст, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ масъалаи сулҳ ва суботи пойдорро ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати худ пеш мебарад. 25-уми июни соли 2026 Маҷмаи умумии СММ Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036»-ро қабул кард. Ин нишонаи он аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба доираи фарохи байналмилалӣ роҳ ёфта, бо иттифоқи орои кишварҳои узви СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ҷонибдорӣ шуд.

– Мавзӯи обу иқлим ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ин самт аз нигоҳи дипломатӣ чӣ гуна шарҳу тафсир меёбад?

– Барои Тоҷикистон масъалаи обу иқлим басо муҳим аст. Он ба зиндагии мардум, кӯҳҳо, пиряхҳо ва ояндаи минтақа ва ҷаҳон бевосита иртибот дорад. Боиси ифтихор аст, ки ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои глобалӣ, марбут ба обу экология, таҳкими сулҳ, мубориза бо терроризм, рақамикунонӣ ва ғайра дар сатҳи байналмилалӣ бо қатъномаҳои СММ якдилона дастгирӣ гардида, амалӣ шуда истодаанд.

Соли 2025 «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» барои солҳои 2025–2034 дар Нитсаи Фаронса расман оғоз гашт. Ин ташаббус бо дастгирии Фаронса ва Тоҷикистон пеш бурда шуда, ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар омӯзиши пиряхҳо, ях ва дигар унсурҳои криосфера равона шудааст. Барои кишвари кӯҳсор, мисли Тоҷикистон, ин мавзӯъ аҳамияти махсус дорад. Ҳар иқдоме, ки ба ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об мусоидат мекунад, дар ниҳоят ба амнияти экологӣ ва рушди устувор иртибот мегирад, ки ин нишони ҳамқадами ҳадафҳои СММ мебошад.

– Шумо бо кадом забонҳо Тоҷикистонро дар хориҷ муаррифӣ мекунед?

– Ман бештар бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва русӣ кор мебарам. Дар фаъолияти ЮНЕСКО бошад, коргузорӣ бо чанд забони кории Созмон сурат мегирад. Донистани забон барои дипломат муҳим ва зарур аст. Забон имкон медиҳад, ки фарҳанг, тафаккур ва ҳатто нозукиҳои ҷомеаи кишвари мизбонро беҳтар дарк созӣ.

Ман ҳамеша ба ҷавононе, ки мехоҳанд ба дипломатия ворид шаванд, мегӯям: пеш аз рафтан ба ҳар кишвар забон, таърих ва фарҳанги онро омӯзед. Агар забонро надонед, «набз»-и кишвари иқоматро пурра эҳсос карда наметавонед.

– Баргузории чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангӣ яке аз роҳҳои муассири муаррифии Тоҷикистон дар хориҷ аст, дар ин росто баргузории кадом маъракаҳои муҳим дар ЮНЕСКО пешбинӣ мешавад?

– Соли 2025 дар ЮНЕСКО як қатор чорабиниҳо ба мероси адабии форсӣ, аз ҷумла ба Ҳофизи Шерозӣ, бахшида шуданд. Конфронсу барномаҳои фарҳангӣ, аз қабили «700 сол бо Ҳофиз» дар қароргоҳи ЮНЕСКО ва Конфронси илмӣ бахшида ба эълони Қатъномаи ЮНЕСКО оид ба Эъломияи Куруши Кабир таҳти унвони «Эъломияи ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ», таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд. Имсол низ баргузории чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла муаррифии мероси Абӯалӣ ибни Сино ва бузургдошти шахсиятҳои адабию фарҳангии минтақа, дар меҳвари барномаҳои Намояндагии доимӣ қарор доранд.

– Биёед ба оғози роҳ баргардем. Чӣ водор сохт, ки маҳз дипломат бошед?

– Шояд ҷавоби ин саволро аз зиндагиномаи шодравон падарам оғоз кунам. Падарам, Рустам Абдураҳимов, муаллими забонҳои хориҷӣ буданд.Ба хонаамон тез-тез меҳмонони хориҷӣ меомаданд. Падар бо забони англисӣ озод ҳарф мезаданд ва ба шогирдонашон сабақ медоданд, ба хатти форсӣ балад буданд, шеър эҷод мекарданд, бо дутори миллиамон оҳангҳо меофариданд, ки ҳанӯз дар хазинаи тиллоии радио ва телевизиони тоҷик маҳфузанд. Мо, фарзандон, дар муҳити эҳтиром ба забон, китоб, фарҳанг ва адабиёт ба воя расидем.

Дар факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ забонҳои англисӣ ва олмониро омӯхтам. Ҳанӯз дар солҳои донишҷӯӣ дар «Хонаи дӯстӣ»-и пойтахт барои меҳмонони хориҷӣ тарҷумонӣ мекардам ва дар радиои Тоҷикистон низ барномаеро бо лисони англисӣ мебурдам. Падарам дар солҳои нооромии кишвар барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ ҷони худро дареғ надоштанд. Ин талафот ба зиндагии ман таъсири амиқ гузошт. Шояд маҳз муҳаббат ба падару модар ва эҳтиром ба рӯҳи он кас маро ба омӯзиши забонҳо ва баъдан ба дипломатия ва хидмат ба халқу Ватан овард…

– Чӣ хотираву ёддоште аз солҳои аввали коратон дар Вазорати корҳои хориҷӣ доред?

– Вақте соли 1992 ба Вазорати корҳои хориҷӣ омадам, сохтори Вазорат ба куллӣ аз буди имрӯзааш фарқ дошт. Мо ҳамагӣ чанд нафар будем ва дар миёни онҳо се зан кор мекардем. Ҳама чиз аз сифр оғоз мешуд. Сафоратҳо ва намояндагиҳои Тоҷикистон зиёд набуданд. Имкониятҳои сафар ва таҷрибаомӯзӣ дар хориҷ низ маҳдуд буд. Он солҳо барои ҳамаи мо муҳимтарин масъала сулҳу субот ва нигоҳ доштани якпорчагии давлатамон буд. Баъдтар барои мо, ҷавондухтарон, имкони иштирок дар ҷаласа, конфронсу чорабиниҳои байналмилалӣ дар Олмон, Англия, Амрико, Чин ва дигар кишварҳо пайдо шуд. Дониш меомӯхтем, таҷриба мегирифтем ва саводи забони хориҷиро такмил медодем.

Солҳои 1997–1999 ман дар Академияи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар риштаи муносибатҳои байналмилалӣ таҳсил кардам. Вақте ба гузашта назар меафканам, мебинам, ки дипломатияи тоҷик ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар тӯли ин солҳо роҳи пуршараферо бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тай кардааст.

– Боре чун як бонуи дипломат дар қалб орзуи сафир буданро парвардаед?

– Ҳар дипломат, албатта, орзу дорад, ки рӯзе сафир шавад. Ман низ чунин орзу доштам. Аммо фаъолияти дипломатӣ танҳо ба унвони сафир маҳдуд намешавад. Гумонам, дипломати ҳақиқӣ будан ин худаш шараф аст!

Сафир набудам, аммо дипломат будам. Солҳои зиёд дар хидмати давлатӣ кор кардам, кишварҳои гуногунро дидам, таҷриба гирифтам ва Тоҷикистонро муаррифӣ кардам, ки аз он ифтихормандам.

– Дипломатия ба зиндагии шахсии Шумо чӣ таъсир гузошт?

– Ин таъсир ду паҳлу дошт. Аз як тараф, ман дар ин касб роҳи худро ёфтам. Донишу таҷриба гирифтам, ҷаҳонро дидам, забон омӯхтам ва ҷаҳонбиниам васеъ шуд. Фарзандонамро низ бо назари озод ба зиндагӣ тарбия кардам. Аммо аз ҷониби дигар, дар бисёр марҳалаҳои ҳассоси зиндагӣ корро интихоб кардам.

Модари ду фарзанд ҳастам. Духтари калониам ҳуқуқшинос аст, оиладор, фарзанди дуюмам донишҷӯ буда, забони чиниро меомӯзад. Албатта, мехостам, ки яке аз фарзандон роҳи маро идома диҳад, аммо интихоб дар дасти худи онҳост, дар ҳар иқдоме чун модар дастгирашон хоҳам буд!

                                                                                 Гулноза БОБОМУРОДОВА




Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_09_2026_small.pdf [4.1 Mb] (зеркашиҳо: 29)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон