БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Садоқат ба Ватан ва ҳифзи давлати миллӣ

Сиёсат

    То ба имрӯз дар бораи хидматҳои бузурги Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар фоҷиабортарин давроне аз таърихи миллати тоҷик бо ҷасорати инсонӣ ва хиради сиёсӣ тавонистаанд, якҷо бо ҳамсафони содиқ, халқ ва мамлакати хешро аз коми оташи ҷанги таҳмилӣ бираҳонанд, асару мақолаҳои зиёде навишта шудаанд.

Китоби журналист Камолиддин Каримов таҳти унвони «Садоқат ба Ватан ва ҳифзу ҳиросати давлати миллӣ», ба ҷуз аҳамияти бузург, дар баёни ҳақиқати таърихӣ аз лиҳози тарбия ва парвариши меҳандӯстона дорои арзиши зиёде аст, зеро корнамоӣ ва пайкори қаҳрамононаи шахсиятҳои бузург дар бедор кардани ҳисси ифтихор аз халқи хеш дар зеҳни миллат ҳамчун намунаи ибрат хидмат мекунанд ва арзишҳои воло, чун муқаддас донистани Ватан, густариши анъанаву одоби миллӣ ва гиромӣ доштани хотираи ниёгон, маъно ва моҳияти воқеӣ пайдо менамоянд.

 Дарки ҷаҳони беинтиҳои шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз қудрати як ё ду муаллиф берун аст. Дар чунин андешаем, ки дар пайвастагӣ бо китобҳои дигар, оянда низ чунин китобҳо навишта хоҳанд шуд ва онҳо барои таҷассум намудани азамати шахсияти ин сиёсатмадори тавоною муваффақ хидмат хоҳанд кард.

Он рӯзҳо, ки Эмомалӣ Раҳмон бо тадбири хирадмандонааш хиштҳои иморати муҳташами давлатдории навини тоҷиконро рӯйиҳам мегузошт, ба осорхонаи таърих раҳсипор шудаанд. Кайҳост, ки Тоҷикистон номи як кишвари ҷангзадаро аз худ афшонда, ба сарзамини сулҳу салоҳ ва майдони заҳмати созанда табдил гаштааст. То имрӯз Тоҷикистон маротибаҳои зиёд бо оғӯши кушоди тоҷикона мизбони бузургтарин ҳамнишиниҳои муҳими сиёсии байналмилалӣ гаштааст ва Пешвои миллати тоҷик аз минбари бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ паёми сулҳҷӯёна ва пешниҳодҳои созандаи халқи хешро ба аҳли башар расондааст. Тоҷикистон чеҳраи хоси як давлати комили мустақилро бо дастгоҳҳои муназзами сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба даст овардааст ва дар роҳи боз ҳам таҳким бахшидан ба пояҳои давлатдории миллии хеш гом мениҳад.

  Аммо таҳлилу баррасии он ҳама рӯйдодҳо, ки аз оғози соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон то ба имрӯз рух намудаанд, ҳамвора дар мадди назари журналистон ва таҳлилгарони сиёсӣ қарор доранд, ки, мутаассифона, бархе аз ин таҳлилҳо бо ҳақиқат наздикие надоранд. Агар бар пояи воқеияти таърихӣ таъкид нашавад, ки яке аз самтҳое, ки ба амнияти ҷомеа халал ворид месозад, ҳамин туҳмату буҳтон аст ва он таҳлилгарони ғаразманд аз ифротгароён хатари камтаре надоранд. Барои ин ҳам, дар саҳифаҳои китоби Камолиддин Каримов аз дастовардҳои Тоҷикистон, ки имрӯз хеле пешрафт кардааст, нақши бузурги Пешвои миллат, инсони дорои ақли табиии истисноӣ ва наҷобат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сахттарин замон дар раъси ҷумҳурӣ истода ва онро ба суботу назму қонун овардааст ва ҳамаи ин пешрафтҳо аз бисёр ҷиҳат натиҷаи фаъолияти шабонарӯзӣ ва хастанопазири ӯст, сухан рафтааст.

На танҳо вазифа, балки қарзи ҳар фарди калонсол роҳнамоии насли ҷавон ба ишқи Ватан, бедор кардани алоқа ба гузаштаи бошукӯҳ ва шахсиятҳои ҷоннисори миллат ва ба сифати намунаи ибрат нишон додани онҳоест, ки барои саодати миллати хеш аз худ фидокорӣ ва қаҳрамонӣ зоҳир намудаанд.

Хеле муҳим аст шахсиятҳое, ки зиндагии худро ба хотири ормонҳои баланд ва асили миллӣ бахшидаанд ва хидматҳои фидокорона барои қавму миллати хеш кардаанд, сарчашмаи илҳом ва неруи маънавӣ бошанд. Насли ҷавон бояд итминон ҳосил кунад, ки инсони ҳақиқӣ мондан, ҳисси баланди ифтихори миллӣ доштан, садоқати ҳамешагӣ ба халқи худ хоси ҳар фард буда метавонад.

Неруи тарбиявии омӯзаҳои сиёсӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ ҳамон вақт пуртаъсир мегарданд, ки худи ҷавонон имкони мушоҳидаи бевоситаи равандҳои таърихиро пайдо мекунанд ва ба сифати муҳаққиқи таърихи миллати хеш ба омӯзиш мепардозанд. Ва чунин имконро ба онҳо китобҳое медиҳанд, ки ба мавзуъҳои корнамоии ҷовидонаи абармардони миллат, ки дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ барои сарнавишти халқи хеш нақши муҳим ифо намудаанд ва аз худ намунаҳои барҷастаи қаҳрамонӣ нишон додаанд, бахшида шудаанд.

Агар китоби «Садоқат ба Ватан ва ҳифзу ҳиросати давлати миллӣ» ба насли ҷавон дар дарки бештари ин ҳақиқати бебаҳс, ки тоҷикистониён ба шарофати хидматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон муваффақ ба эҳёи давлатдории миллии хеш шуданд ва бо идома додани роҳе, ки ӯ башоратгари он аст, ба дастовардҳои беш аз ҳоло муваффақ хоҳанд шуд, кумак расонад, муаллифи соҳибистеъдод Камолиддин Каримов метавонад худро баҳадафрасида ҳисоб намояд.

Зафар САЙИДЗОДА,

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия, доктори илмҳои таърих

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон