БОЙГОНӢ
« Октябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Тоҷикистон, ба пеш!
СиёсатҲанӯз муждаи мустақилияти Тоҷикистон аз гӯшҳо нарафта, душманони миллат аз ноуҳдабароии роҳбарони сиёсии вақт истифода бурда, кишварро ба гирдоби даҳшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Ба бахти тоҷикон, сарфи назар аз мушкилоти зиёд, Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шурои Олии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор шуд. Муҳимтарин рухдод дар ин Иҷлосия ба симати Сарвари давлат - Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон аст.
Маҳз дар ин Иҷлосия мамлакат соҳиби рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ гашт. Воқеан, то баргузории ин Иҷлосия Тоҷикистон Парчаму Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва Конститутсияи худро надошт.
Роҳбари ҷавону дурандеш тавонист дар муддати кӯтоҳ бо душвориҳои зиёд Артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро созмон дода, ин ниҳодҳоро устувор гардонад. Тоҷикистон пас аз ин Иҷлосия ва сарварии кишварро ба зимма гирифтани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар давраҳои аввали роҳбарии ин давлатмарди ҷавон, ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд. Тоҷикистон бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гашт.
Дар назардошт бо дастовардҳои бузургу ҳамаҷониба фарогири давраи истиқлоли комили ҷумҳурӣ, ки амалан дар асоси қарорҳои Иҷлосияи XVI, хосатан таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омаданд, дастоварди бузургу бесобиқаи таърихи муосири миллат маҳсуб меёбанд.
Маҳз дар даврони роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ихтиёри идораи кишвар ба дасти миллати тоҷик афтод, то дар давлатсозӣ ва давлатдорӣ мустақил бошанду тамоми мушкилоту норасоиҳоро мустақилона бартараф созанд.
Шахсиятҳои машҳури дунё эътироф кардаанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори аввалин асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ мебошанд, ки тавонистанд дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ин миллатро дар партави фарҳанги сулҳ аз парокандагӣ наҷот бахшанд ва мамлакатро ба истиқлоли комил расонанд. Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид намудаанд, ки Тоҷикистон дар як қатор бо давлатҳои абарқудрат дар кулли созмону ташкилотҳои байналмилалӣ як овоз дорад ва ин ченаки бисёр муҳим дар истиқлоли як давлат аст.
Пешвои муаззами миллат хуб медонанд, ки ба дастоварду пешрафтҳои дастёфта набояд дода шуда, худро аз музаффариятҳои дунёи навин қафо гузошт. Аз ин ҷост, ки шиори таҳрикдиҳандаи «Тоҷикистон, ба пеш!»-ро вирди забонҳо кардаанд. Алҳол дар кишвар ва ҳатто дар хориҷ ин шиорро аз хурд то бузург, бо ифтихор ба забон меоранд ва ҳини ғолибият аз майдонҳову минбарҳои баланд садо дармедиҳанд.
Ин шиор ва ангезаи сухани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд чунин фаҳмид: акнун, ки фазои муътадили сиёсию иқтисодӣ барои ободонии Ватан комилан мусоидат мекунад, бояд якдилона барои таъмини амалии барномаи дурнамои рушди ҳамаҷонибаи мамлакат кӯшиш ба харҷ диҳем. Тарбияи насли ҷавону созандаи имрӯзу фардо, соҳиби руҳияи худшиносии таърихӣ ва ифтихори миллиро қарзи авлодӣ дар назди руҳи поки аҷдодоне донем, ки эҳёи давлатдории тоҷиконро тули садсолаҳо орзу мепарвариданд. Бовар дорем, ин нуктаи муҳимро мардумони соҳибватан дарк месозанд ва аз рӯйи ин фаҳмиш кору зиндагӣ мекунанд.
Ҷашни Истиқлоли давлатии Ватани обод муборак, азизон!
ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон