БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ахтари занро мунаввар нури истиқлоли мо

Сиёсат

Истиқлоли давлатӣ, ин ганҷи бебаҳо, баъди орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллати тамаддунофари тоҷик дар ҳолу замоне ба вуқуъ пайваст, ки Тоҷикистони дар гирдоби ҳодисаҳои шаҳрвандӣ ва мардумонаш ба чорсӯи олам сарсону саргардон ба Сарвари тавонманду нексириште эҳтиёҷ доштанд.

  Ба бахти мардуми азияткашидаи Тоҷикистон Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсатҳои бузург овард, ки дар муддати кӯтоҳ пеши ҷангу даргириҳоро гирифта, сокинони парешонгардидаро ба ҳам овард. Дар партави сиёсати сулҳҷӯёна таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо ба хотири рушд таҳким бахшида, такя ба бовариву неруи мардум соҳаҳои фалаҷгаштаро барқарор, рукнҳои давлатдориро таҳким бахшида, ҳоло марҳала ба марҳала Ватан ободу зебо ва рушду пешрафтҳо дорад.

Тули даврони давлатсозӣ бо қабули қонуну санадҳои муҳими меъёрӣ, амалисозии ҳадафҳои бузурги ояндасозӣ ҷиҳати ноил шудан ба пешрафту тараққиёти соҳаҳои ҳаётан муҳим ва рушду инкишофи неруи инсонӣ, ҳамвора, дар Мактаби сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорон кадрҳои ҷавон, аз ҷумла занону духтарони лаёқатманд тарбияву обутоб ёфта, имрӯз дар арсаҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолият доранд.

Ҳуснигул Одиназода аз зумраи насли озодагони аҳди Истиқлол аст, ки бо баҳрамандӣ аз таваҷҷуҳу дастгириҳои роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати ба таҳсилоти оливу касбӣ ва бозомӯзиҳои илмӣ фаро гирифтани занону духтарони деҳоти дурдаст, фаъолияти худро аз вазифаи мутахассиси шуъбаи маънавиёти дастгоҳи раиси ноҳияи Дӯстӣ оғоз бахшид. Мурури такомули таҷрибаву донишҳои сиёсӣ ба фаъолияти ҳизбӣ пардохта, дар соли 2012 раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва аз июли соли 2021 тариқи интихоботи миёнадаврӣ аз ҳавзаи интихоботии № 30 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Истиқлоли давлатӣ, ин неъмати бебаҳои таърих, аз ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик маншаъ гирифта, сарчашмаи ҳама дастоварду пешрафтҳои Ватани азизамон ба ҳисоб меравад, - бо шукргузорӣ аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ риштаи суҳбатро мекушояд Ҳуснигул Одиназода. – Дар қиёс ба масири тайкардаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, тараққиёту навгониҳои даврони Истиқлоли давлатии мо беназир асту мавриди таваҷҷуҳи оламиён, ки таҳти ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат Тоҷикистони азизро дар саросари ҷаҳон мешиносанд. Аз эҳёву муаррифии ҳунару фарҳанги тамаддунофари халқи тоҷик, самараи таваҷҷуҳу дастгириҳо ва натиҷаҳои ҷаҳонии варзишгарони кишвар, ҳамчунин, ташаббусҳои муҳими Президенти мамлакат дар ҳалли мушкилоти глобалии сайёра, намунае аз талошҳои ҷомеа ва Сарвари давлат ба хотири парчамбардории давлати Тоҷикистон ва муаррифии арзандаи он дар ақсои олам аст.

  

Ба шарофати азми устувору тадбирҳои заковатмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боло бардоштани мақому мартабаи зан дар ҷомеа, имрӯз модари тоҷик дар баробари тарбияи шоистаи фарзандони худогоҳу ватандӯст, ҳамвора, бо ҳама ҳастии ҷон баҳри ободиву созандагиҳо дар Ватан баробари мардон заҳмат мекашад. Дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифта сол аз сол шумораи занону духтарони лаёқатманд дар коллективҳои меҳнатӣ ва зинаҳои роҳбарикунандаи соҳаву сохторҳои гуногуни давлатӣ афзуда истода, бонуи тоҷикистонӣ дар пешбурди давлатдорӣ нақши меҳварӣ мебозад.

Ба гуфтаи Ҳуснигул Одиназода, дар баробари давра ба давра афзудани сафи бонувон дар мансабҳои соҳаи хизмати давлатӣ ва вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, айни замон дар мақоми олии қонунбарори кишвар шумораи намояндагони мардумӣ аз ҳисоби бонувон 15 нафарро ташкил медиҳад, ки ҳар нафари онҳо аз зинаҳои одии сохтору соҳаҳои мақомоти маҳаллӣ содиқона фаъолият бинмуда, бо раъйи мардум вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардидаанд.

 Воқеан ҳам, лаҳзаҳои таҳия ва қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва ба вижа, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки уқдакушои масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ арзёбӣ шуда, дар ташаккули афкори ҷомеа ва мафкурасозии ватандӯстона заминаҳои ояндасозӣ мегузорад, мурури солу замонҳо ҳамчун санаҳои муҳими таърихии марҳалаи бунёдгузории давлати соҳибистиқлоламон сабт хоҳанд гардид, - бо итминони комил изҳор медорад вакили мардумӣ.

Вакилбону меафзояд, ки, хушбахтона, дар рафти суҳбату вохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ дар самти маърифатнокии аҳолӣ ва тарғиби фарҳангу арзишҳо, аз ҷумла пӯшидани либоси миллӣ, мушоҳида мешавад, ки ҳатто сокинони музофоти дурдасти кишвар бо дарки амиқу ҷонибдорӣ аз тадбирҳои андешидашуда тақлидкории баъзе занону духтаронро ба фарҳанги бегона маҳкум менамоянд. Мардум ба хубӣ дарк карда истодаанд, ки арконҳои диниро бо амалҳои шоиставу санъати волои муошират ба ҳамдигар риоя бояд кард ва сарулибоси миллӣ, ки аҷдодонамон аз насл ба насл мерос гузоштаанд, баёнгари имону иффати тоҷиконаи мост.

Бо ёдоварӣ аз орзуву ангезаҳои овони мактабхонӣ иқрор меояд, ки барои тарбияву омодасозии кадрҳои шоиста ба вазифаҳои роҳбарӣ ва масъулиятҳои ҷамъиятӣ, зиёиёну фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва устодону волидони онҳоро мебояд, ки бо таваҷҷуҳи бештар ба баланд бардоштани сатҳи таълим ва тарбияи ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҳамзамон, бо садоқат ба Ватан ва хизматҳои арзандаву дастовардҳои бузурги илмиву эҷодӣ, намунаи ибрат ва идеали ҷавонон гардем. Роҳнамову андешасози насли меросбарони Истиқлоли кишварамон бошем, то ояндасозони мо бо ғуруру ифтихор, донишу тавонмандиҳои беназир дар масири ватандорӣ ва ҳимояи арзишҳои миллии хеш ба сони қуллаҳои баланди Ватан сарбаланду устувор бошанд, - меафзояд Ҳуснигул Одиназода.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 3)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон