БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

ТУЛУИ ОФТОБ

Сиёсат / Слайдер

Дар ҷомеашиносӣ саволи ҷолибе ҳамеша мавриди баҳсҳост: «Оё пешвоён ҳамчунин ба дунё меоянд ё ин мафҳум сифату амалкардеро маъно медиҳад, ки баъдан дар натиҷаи фаъолиятҳои ин ё он нафар зуҳур мекунад?».

 Ин саволро олимон борҳо мавриди таҳқиқоти тулонӣ қарор дода, натиҷаҳои пурсиши иҷтимоиро дар бораи роҳбарӣ ва дигар хислатҳои шахсиятҳои матраҳи ҷомеа муқоиса кардаанд. Дар натиҷа маълум шудааст, ки баъзе хислатҳои ин гуна одамон вақти кору зиндагӣ метавонанд иваз шаванд, аммо эътимоду боварии онҳо ба амалкардҳояшон дар давоми тамоми умр пойбарҷост. Ин ба он маъност, ки қобилияти роҳбарӣ, аслан, модарзодӣ буда, дар давоми зиндагӣ қавитар мешавад ва на ба ҳама хос аст. Аз ҷумла, натиҷаҳои таҳқиқоти маҷаллаи машҳуру таъсиргузор дар олами сиёсат «Journal of Personality and Social Psychology» ба ҳамин далолат мекунанд.

Афлотун ҳам гуфтааст, ки сиёсат санъати хосе буда, донишу маҳорати хоси идоракуниро тақозо менамояд. Яке аз мутафаккирони бузурги тоҷик Абунасри Форобӣ, ки дар асрҳои миёна умр ба сар бурдааст, хусусият ва хислатҳои асосии сарвари сиёсиро тафсир намудааст:

- Сарвар бояд аз ҷиҳати табиӣ мутлақо ҷисми мустаҳкам дошта бошад;

- Ба таври аъло гуфтаҳои худро дарк намояд;

- Хотираи мустаҳкам дошта бошад, ҳамаи он чизҳоеро, ки ба ӯ мегӯянд, тасаввур карда тавонад;

- Нутқи бурро ва тафаккури равшан дошта бошад;

- Муҳаббат ба таълим ва маърифат дошта бошад;

- Ҳақиқатро дӯст дорад ва тарафдори он бошад, дурӯғ ва дурӯғгӯёнро бад бинад;

- Дили кушод дошта, шаъну шарафро қимат донад;

- Беадолатӣ ва зулмро бадбинӣ намояд;

- Ба одамони худӣ ва бегона адолатнок бошад, дар назди адолат якравӣ накунад;

- Ҷасур бошад ва зуд қарор барорад, тарсу буздилӣ надошта бошад;

- Ба таври хуб санъати идоракуниро донад.

Бо дили пур метавон гуфт, ки ин сифатҳои сарварӣ бевосита ба шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хос буда, борҳо дар равандҳои душвори идоракунии давлатӣ исботи худро пайдо намудааст. Дар ҳақиқат донишу маҳорати идоракунии ба худ хос - ин яке аз ҷиҳатҳои муҳими сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ки меъёри асосии он, бегуфтугӯ, хирад ва зеҳни амиқи сиёсӣ мебошад.

Таҳлилгарон ва сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ борҳо иқрор шудаанд, ки махсусиятҳои сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмонро хеле пештар аз он бояд ҷустуҷӯ кард, ки ӯ ба арсаи сиёсати бузург – ҳамчун намояндаи Шурои Олии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон қадам гузошт.

Воқеан, дар яке аз вохӯриҳояшон Пешвои миллат бо ёдоварӣ аз замони роҳбарии худ дар совхози ба номи В.И.Ленини ноҳияи Данғара нақл карданд, ки як мушкили хоҷагиро дар сатҳи ноҳия ва вилоят ҳал карда натавонистанд, аммо барои ба сатҳи болотар масъалагузорӣ кардани ин мушкил номенклатураи вақт иҷозат намедод ва ҳатто имкон дошт барои ин кор ӯро муҷозот намоянд. Новобаста аз ин, боре шабона аз Данғара ба пойтахт омад, саҳари барвақт, ки дар ноҳия ва вилоят касе огоҳ набуд, ба идораҳои марказӣ ворид шуд, масъаларо бо роҳбарони сатҳи аввал дар миён гузошт, ба ҳаллаш муваффақ гардиду баъд ба зодгоҳ баргашт. Роҳбарони ноҳия ва вилоят на танҳо барои ин «шаккокӣ» ба ӯ ҷазо надоданд, балки аҳсан гуфтанд. Мардуми одӣ бошад, роҳбари худро бештар дӯст дошт.

Зимнан, ҳамин устуворӣ дар мавқеъ ва муҳаббати мардумӣ буд, ки соли 1990 аз байни 9 нафар номзад, мардум маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар интихоботи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои худ вакил интихоб карданд. Албатта, ин кори осон набуд ва интихобот ба даври дуюм кашида шуд. Дар натиҷа сиёсатмадори асил ва дӯстдоштаи мардум будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳатто фишори сахти номенклатураи қавии шуравиро ба шикаст рӯ ба рӯ кард.

Баъдан вакили худро дар иҷлосияҳои Шурои Олӣ мардум ҳамчун шахсияти варзида шинохтанд. Дар ин росто чанд омил барои ин боис гардид. Қабл аз ҳама, мавқеи устувори ӯ ба ҳайси вакили мардумӣ, чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон вақт дар баррасии аксари масъалаҳо мавқеи муайян ва устувори худро дошт. Омили дигаре, ки ӯро соҳиби эҳтиром намуд, ин ҷасорати хосашон буд. Ҳамин ҷасорати хос буд, ки дар замони душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, аввал - 2 -юми ноябри соли 1992 роҳбарии вилояти аз ҳама азияткашида – Кӯлобро ба зимма гирифт. Баъдтар дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд, дар шароите ба сари қудрати сиёсӣ омад, ки Тоҷикистон дар байни 15 моҳ 6 маротиба (Қаҳҳор Маҳкамов, Қадриддин Аслонов, Раҳмон Набиев, Акбаршо Искандаров –Раҳмон Набиев ва Акбаршо Искандаров) раҳбари аввалашро иваз карда, ба домани ҷанги таҳмилии хунини шаҳрвандӣ фурӯ рафта буд.

Боиси зикр аст, ки Сарвари давлат то расидан ба ин мансаби воло дар зинаҳои гуногуни роҳбарикунанда фаъолият карда, чун сиёсатмадори ҷавону ҷасур ташаккул ёфта буданд. Он кас дорои тафаккури нав буда, даврони гузаришро бо масъулияти баланд дарк мекарданд. Аз Роҳбари мардумӣ будани ӯ дарки мушкилоти мардум ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардуми одӣ дарак медод. Маҳз ҳамин одат ӯро маҳбуби халқ гардонд. Омили дигари соҳибэҳтиром гардиданашон, ҳамон тавре ишора кардем, ин ҷасорат ва фидокорияшон аст. Боҷуръат сухан мегуфтанд ва ҷасурона амал мекарданд. Баъди интихоб гардидан ба Сарварии кишвар низ ҳамин ду омил дар фаъолияташон нақши бориз дошт ва ӯро маҳбуби халқ гардонд.

Маҳз ҷасорати ин марди фидокор буд, ки соли 1993 бори аввал ба шаҳри Хоруғ, ки маркази гурезаҳои иҷборӣ ва силоҳбадастон аз баъзе манотиқи кишвар буд, сафар карданд. Шоҳидон, аз ҷумла мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода навиштааст, ки он замон, ҳангоми мулоқот бо фаъолон ба толор гурӯҳи ҷавонони мухолиф бо автомату пулемёт даромаданд, вале Пешвои миллат ором буданд ва бо забони нарм нияти некашонро баён карданд. Ягон зарра тарс надоштанд ва ҷасурона оид ба мавқеи Ҳукумати нав сухан гуфтанд. Яке аз лидерони мухолифин гуфт, ки ман ҳукумати Шуморо эътироф намекунам. Сарвари давлат бо табассум гуфтанд, ки «ҳатто дар оила низ на ҳамаи фарзандон ба волидон итоат мекунанд. Ин амри табиист». Аҳли толор бори аввал қарсак заданд ва ин кафкӯбӣ муждаи ваҳдат буд. Пас аз маҷлис Сарвари давлат дар берун, ки се қабат ҷангиёни мухолифин камин гирифта буданд, бо мардуми қаторӣ суҳбати самимӣ ороста, озодона аз собиқ майдони Ленин, ҳоло майдони Исмоили Сомонӣ бо ҳайат таҳти иҳотаи мардум ба қисми низомии марзбонони шаҳри Хоруғ раҳсипор шуданд. Яъне мардуми одӣ ӯро ҳамчун наҷотбахш шинохтанд.

Далели дигар мулоқоти Хусдеҳи Афғонистон аст, ки моҳи декабри соли 1996 иттифоқ афтод. Маҳз ҷасорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки ба хотири таъмини сулҳ ва ояндаи миллат ба ин макони хатарзо парвоз карданд. Вагарна он замон ҳатто ҷониби Афғонистон низ амнияти Сарвари давлати Тоҷикистонро кафолат намедод. Ин сафари таърихӣ иқдоми ҷасуронаи Пешвои миллат дар роҳи истиқрори сулҳ буд.

 

Барои тамоми оламиён маълум аст, ки хатми ҷанги таҳмилии хунин ва сулҳи соли 1997 ва ободониҳои солҳои охир ба номи Эмомалӣ Раҳмон сахт марбут буда, Тоҷикистон дар даврони раҳбарии ӯ ба дастовардҳои бузург ноил шудааст.

Муҳаққиқон дар маҷмуъ, фаъолияти Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати Сарвари сиёсӣ ва Пешвои миллӣ ба 8 марҳала тақсимбандӣ намудаанд:

-марҳалаи якум, солҳои 1990–1991, то қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ ва эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз 24.08.1990 то 9.09.1992;

- марҳалаи дуюм – даъвати Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтидои муттаҳидшавии халқи тоҷик – аз 16.11.1992 то 6.12.1994;

- марҳалаи сеюм - ташаккули муносибатҳои нави сиёсӣ бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби Президенти Тоҷикистон - аз 06.11.1994 то 27.6.1999;

- марҳалаи чорум – имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ва фазои баъдиҷангӣ - аз 27.06.1997 то 11.03.2002;

- марҳалаи панҷум – имзои ризояти миллӣ аз ҷониби ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ - аз 11.03.2002 то 22.06.2003;

- марҳалаи шашум - гузарондани раъйпурсии умумихалқӣ ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз 22.06.2003- то ноябри соли 2006;

 

- марҳалаи ҳафтум – интихоби умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006).

- марҳалаи ҳаштум - гузарондани раъйпурсии умумихалқӣ ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат эътироф гардидани Эмомалӣ Раҳмон - аз 22.05.2016.

Ҳамин тавр, гуфтан мумкин аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як шахсияти воқеӣ, табиӣ ва таърихист. Ӯ мисли аксари сиёсатмадорон дар заминаи таблиғи шабакаҳои телевизионӣ ва расонаҳои хабарӣ шахсият нашудааст, балки дар як марҳалаи муайяни таърихӣ ва дар пеши чашми тамоми мардум шахсияташон ошкор шуд. Яъне, мардум диданд ва медонанд, ки ӯ корро аз кадом нукта оғоз кард, чӣ марҳалаҳову мушкилотро гузашт ва то куҷо расонду охири ин роҳ куҷост. Аз ҳамин ҷост, ки ягон таблиғи сиёҳ ва интиқоди ғаразнок наметавонад бинишу тасаввури одамонро нисбат ба Пешвои муаззами худ дигар кунад.

Таҳлилгарон мегӯянд, корномаи Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сиёсатмадору Президенти Тоҷикистон як мавзуи доманадор ва муҳим аст, аммо Пешвои миллат будани он касро мешавад ҳамчун мавзуи ҷудогона баррасӣ кард, зеро мақоми Пешвои миллат ҳатман васеътару муҳимтар аз президентист. Ба гуфтаи сиёсатшиносон ҳар миллат метавонад дар таърихи худ садҳо президент дошта бошад, аммо Пешвои миллат танҳо нафаре буда метавонад, ки масъалаҳои таърихиву сарнавиштсози як миллатро ҳал карда, боиси наҷоти як миллату давлат гардидааст. Мисли Данко – қаҳрамони қиссаи Максим Горкий, ки вақте дунёро зулмот фаро гирифт, ӯ дилашро аз сина берун карду ба мардум равшанӣ бахшид.

Дар робита ба ин, сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо ҳафт хизматеро хулоса кардааст, ки нақши Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат мушаххас мекунад:

1. Наҷоти давлатдории миллии тоҷикон ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ;

2. Ҳифзи ягонагии ҳудудӣ, тамомияти арзӣ;

3. Наҷоти миллат аз тариқи барқарории сулҳ ва ваҳдати миллӣ;

4. Ташаккули мактаб ва модели давлатдории муосири миллии тоҷикон;

5. Ташаккули зерсохторҳои ҳаётии ваҳдати миллӣ;

6. Эҳёи таърихии тоҷикон ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва фарҳангӣ;

7. Таъмини ҷойгоҳи сазовори тоҷикон ва Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ин амалкардҳо аз корҳои амалии ҳар президент сахт ва ҷиддӣ тафовут дораду ҷойгоҳи Пешвои миллатро маҳз ин нуктаҳо мушаххасу маълумтар мегардонанд. Албатта, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Тоҷикистон масъулиятҳои муҳимро анҷом додаанд, аммо нақши ӯ ба симати Пешвои миллат ҷойгоҳи махсус дорад, ки онро касе инкор карда наметавонад.

Нуктаи муҳими дигар ин аст, ки Пешвои миллат бо сулҳ, об ва рӯшноӣ умри ҷовидонӣ пайдо карда, обу рӯшноиро на танҳо барои кишвари мо, балки ба оламиён чун армуғони тоҷикон таҳия намуданд. Ҳоло иқдомоти байналмилалии он кас вобаста ба таъмини мардуми сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ, суханрониҳояшон аз минбарҳои баландтарини олам оид ба ҳифзи иқлими сайёра, муборизаи ашадӣ ба муқобили падидаҳои номатлуби олам, аз қабили терроризм, экстремизмро аҳли сайёра хуб медонанд.

Дар ин замина, метавон хулоса кард, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли Офтобе тулуъ карда, на танҳо Тоҷикистон, балки дунёро рӯшанӣ бахшиданд…

Таваллуди чунин Пешво, воқеан, барои ҳама муборак аст!

ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 3)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон