БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Тавонмандии забони давлатӣ дар марҳалаи тозаи рушд

Сиёсат

Забони миллӣ категорияи иҷтимоӣ-таърихиест, ки воситаи муоширати миллат аст. Забони миллӣ дар баробари ташаккули миллат рушд меёбад. Забони миллӣ вориси миллат аст. Забонест, ки имкон дорад, моликияти муҳими аз насл ба насл интиқоли суннатҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва миллиро нигоҳ дораду ҳифз намояд. Забони миллӣ дар давраву марҳалаҳои таърихии худ, дар баробари тағйир додани бахшҳои забон, вижагиҳои нав пайдо мекунад ва ҳатман хусусиятҳои муҳими ҳолати пештараро нигоҳ медорад, бинобар ин, устувории худро нишон медиҳад, ки ин боиси побарҷойӣ ва ҳифз шудани таърихи миллат ва забон мегардад.

Хушбахтона, имрӯз дар кишвар сиёсати забон нақши меҳварӣ дорад ва заминаҳои бунёдии он – нумӯ ёфтани ифтихори миллӣ, кашфи роҳу василаҳои амалӣ кардани тадбирҳо доир ба таҳкими пояҳои иҷтимоии давлат ва рушди забон дурандешона ва хирадмандона тарҳрезӣ гардидааст. Забони модарӣ ба ҳайси забони давлатӣ будан мақоми расмӣ касб мекунад. Ба дӯши сокинон, роҳбарон, мақомот ва ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати татбиқ ва истифодаи он уҳдадориҳои муайян гузошта мешавад. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ коргузориро бо забони давлатӣ ба роҳ меандозанд. Қонунҳо нашр мешаванд, интихоботу раъйпурсӣ бо ин забон баргузор мегарданд.

Мусаллам аст, ки забон падидаи иҷтимоист, зеро бо инсон, фард ва ҷомеа иртибот дорад. Аз ин гуфтаҳо метавон қазоват кард, ки нишонаҳои асосӣ дар ҳаёти инсон барои ҳар халқу миллате аз нигоҳи арзишмандӣ ва тавонмандӣ аз ҷониби абармардони шуҷоъ, далеру содиқ, тамаддуншиносу бофазл, покизаманишу фарҳангсолор иброз, муаррифӣ, арҷгузорӣ ва ҳифз мегардад ва, барҳақ, бо дарки масъулияти волои фарзандӣ содиқонаву софдилона, возеҳу равшан муайян кардани аслияти шоиставу сазовор будани нишона, омил ва унсур чун муқаддасот дар побарҷойӣ, устуворӣ, покизагиву озодагӣ, мақом ва манзалат мавқеи муҳим дорад.

Ибтикору ташаббус, роҳнамоиву амалкарди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муайян кардани ҷойгоҳи воқеии забони тоҷикӣ, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати забонгустарии Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ аст, беқиёс мебошанд.

Бале, дар марҳалаи таърихи навини тоҷикон, бо сарварию роҳбарӣ, иқдому ташаббус, ибтикору пайкор, рафтору гуфтор ва эҷоду эъҷози Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ ҳамчун «чеҳраи хоси миллӣ» эътироф гардид. Аз минбарҳои бонуфузи дунё бо ин забони нобу шево иброз намудани андешаву пешниҳодот на танҳо барои халқи тоҷик, балки барои мардуми минтақаву ҷаҳон ва пазируфтани ин гуфтаҳо боз ҳам нишон аз муассирию мондагории забони тоҷикист ва талошу кӯшиши фарзанди миллат барои вориси ин забон будан аст.

Бо василаи муаррифӣ намудани миллату давлат ва забон дар ақсои олам Пешвои миллат ҳар як фарди бонангу номуси миллатро ба касб кардани ҷойгоҳи муътабару арзишманди забон ҳушманду ҳушдор намуда, ҳамзамон, ба нигаҳдошти беолоиши он таъкид менамоянд.

Пешвои миллат дар масири таърихи куҳану навини тоҷикон бо эҷоду гуфтору рафтор бори дигар хосияти «баҳамоварӣ» ва ё «ваҳдатофаринии» забони тоҷикиро бо маҳорату истеъдоди забондонӣ бо забон ва шеваи равону самимонаи тоҷикӣ, бо меҳру муҳаббати содиқонаи фарзандӣ исбот намуда, халқи тоҷикро ба ҳам оварданду сулҳу субот, ваҳдату осоиш ба ин сарзамин омад. «Тавоноӣ» ва «рақобатпазирии» ин забонро ҳамчун олими нуктасанҷ илман собит намуданд.

Бале, дар ситоиши забон устод Рӯдакӣ фармуда, ки бо арзишмандию беназирӣ забони тоҷикӣ ин забонест «чу гавҳар дурпош гардад ба маънӣ», Ҳаким Фирдавсӣ таъкид кунад, бо устуворию побарҷойӣ чун кохест, ки «аз боду борон наёбад газанд», бо нафису латиф будан устод Айнӣ гӯяд, ки ин забон «суханро чун арӯсон зеб дода». Аз ин рӯ, Пешвои миллат ин забонро «ганҷи гаронбаҳои ниёгон» меноманд ва барои он ки мардуми тоҷик ва ҷаҳон ин ганҷи гаронбаҳои ниёгонро ба даст оранд, бознашри асару осори мондагори шоирон, адибон ва донишмандонро роҳандозӣ намуданд, ки аз силсилаи «Ахтарони адаб» то «Тоҷикон»-у «Шоҳнома»-и безавол расидааст, ки боз идома хоҳад ёфт.

Забони тоҷикӣ, воқеан ҳам, бузургу тавоност, мағлубнопазир аст, забони қаҳрамон, забони афроди бузург ва осори безавол аст. Аз назари аҳли таҳқиқ, забони тоҷикӣ чандин марҳалаи рушд­ро паси сар кардааст ва ин марҳалаҳо ҳар яке махсусиятҳову умумиятҳои худро доштаанд. Ва бидуни шакку шубҳае, пурфайзтарину самарбортарин марҳалаи рушду такомули забони тоҷикӣ марбут аст ба даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ва боз ҳам вобаста ба волоияти забон суханро аз Пешвои миллат, аз нахустсатри китоби «Забони миллат – ҳастии миллат», ки ҳамчун «калиди дари ганҷи соҳибҳунар» падид омадааст, мегӯем: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».

 

Бо камоли ифтихор ва сарафрозӣ ба ҷомеаи сарбаланди тоҷик мужда мерасонем, ки баъд аз тарҷума ва нашри китоби якуми «Забони миллат – ҳастии миллат» бо забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ, инак, китоби дуюми «Забони миллат – ҳастии миллат» аз ҷониби омӯзгорони забондони соҳибтаҷриба ва собиқадори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ тарҷума гардид ва дар арафаи интишор қарор дорад. Мутахассисони мо бо камоли масъулият кӯшиданд, ки дар рафти тарҷума моҳияти маъно ва мазмунро ба таври комил нигоҳ доранд ва бо ин васила амали пойдорро анҷом бидиҳанд. Ҳадафу мароми мо аз ин ибтикор сараввал, муаррифӣ ва нишон додани хизматҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи илми забоншиносӣ ва баъдан тавассути тарҷумаи ин асари безаволи Сарвари тоҷикони дунё ба ҷаҳониён бори дигар собит намоем, ки миллати тоҷик соҳибтамаддун аст…

Нашри китоби мазкур бо се забон дастовези пурарзишу нафис ва мондагори аҳли Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба Рӯзи забони давлатӣ хоҳад буд.

Жило ГУЛНАЗАРЗОДА,

ректори ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон