БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Пешвои қутбнамои мо

Сиёсат / Слайдер / Президенти ҶТ

      Чанд ҳарфи меҳру ихлос дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Борҳо андешидаам, агар кӯшишҳои ҷон­нисоронаи ин шахсияти барҷаста, сиёсатмарди бузурги сатҳи ҷаҳонӣ, Пешво ва Раҳнамои миллати тоҷик, Президенти мардумӣ, ки бо номи раҳмонии Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърихи башар сабт гардидааст, намебуданд, ҳоло кишвари мо дар кадом вазъи харобе қарор медошт? Агар ин родмарди меҳандӯст дасти миллатро гирифта аз вартаи нобудӣ наҷот намедоданд, корҳои бузург ва бесобиқаеро, ки бори садсолаҳоро мекашад, дар даҳсолаҳо анҷом намедоданд ва мардуми парокандаро, ки бо дили пур аз кин алайҳи ҳам ханҷар гирифта буданд, бо риштаҳои меҳр ва ватандорӣ ба ҳам намепайвастанд, пешорӯи ситами таърих чӣ басо залил будем?

Шояд барои баршумурдани сифоти сутудаи Пешвои қутбнамо дар маҳдудаи як мақола оҷиз бошам, чун ҳомилони улуми адаб ва таърихнигорон дар ин амр бо қалами меҳру ихлос ҷилд-ҷилд китоб навиштаанду менависанд. Вале, ҳароина тасмим гирифтам, чанд ҳарфи иродатро, ки ба унвони қатрае аз дарёи завқу иштиёқи банда аст, баён созам.

Солҳои зиёд бо ҳидоят ва чароғафрӯзии ин абармард, ки тавонистанд дар фурсати хеле кӯтоҳ, аз як давлати фурӯпошида ва як миллати пароканда, кишвари тавонову муқтадиреро бунёд намоянд, дар вазифаҳои масъули ҳукуматӣ фаъолият дорам. Рисолати дурахшандаи эшон барои банда ҳамеша оинаи ибрат буд ва хеле нуктаҳоеро, ки шояд умре ба дарки онҳо намерасидам, дарёфтам ва омӯхтам.

Борҳо аз худ суол пурсидаам, чаро бархе аз афрод дар ҷомеа баргузидаанд? Чаро як хонавода метавонад чандин роҳбари муваффақро ба ҷомеа эҳдо кунад?

Барои аксари мардум посух ба ин саволҳо мисли як роз аст. Вале, дар ҳамин ҳол, ағлаби бузургон бар ин андешаанд, ки назарияи «Инсони Комил» муддатҳост, ки ба ин суол посух додааст. Ин қоидаи собитшуда баён месозад, ки роҳбарони бузург ба таври табиӣ чунин таваллуд мешаванд ва ҳеҷ гоҳ зери таъсири муҳит ва тарбият шакл намегиранд. Бузургон бо вижагиҳои хосае ба дунё меоянд ва маҷмуаи хислатҳои фитрии эшон, воқеан, ба таври чашмгире аз дигарон волотаранд. Дақиқан ҳамин наҷибиҳову хислатҳои хосаи бузургворона ба онҳо иҷозат медиҳанд, то миллатҳоро роҳбарӣ кунанд ва таърих биофаранд. Ба Роҳбар ва Роҳнамои миллати мо низ ҳамин сифоти баргузидае мисли ҷаззобият, шуҷоат, хирадмандӣ, миллатдӯстӣ ва ватандорӣ хос аст, ки армуғони модарзодист.

Ин абармардро, ки мавриди назари Худованд дар заминанд, тули ин солҳо, ки ифтихори ҳамкорӣ даст додааст, чӣ гуна шинохтам? Пешвои мо тавоноии роҳбарӣ ва ҳидояти кишварро доранд ва дар замони хеле мураккаби сиёсӣ, ки ҷаҳонро ба ҷодаи хушунату муборизаҳои шадид кашидааст, қодиранд тасмимҳои муҳим ва стратегиро бо назардошти манофеи миллӣ ба таври муассир бигиранд;

 

Як диди густарда ва дурандешона нисбат ба ояндаи кишвар ва қудрати дарк ва пешбинии равандҳои дохилӣ ва байналмилалӣ доранд, ки аз моҳияти хосае бархӯрдор аст;

Пойбанд ба Конститутсия ва усули давлатдории демократӣ буда, дар заминаи арзишҳои бунёдии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқу озодиҳои мардум амал мекунанд;

Ба шеваи муниру шаффоф робитаи устувор ва пайваста бо мардуми одӣ, расонаҳо, ниҳодҳои давлатӣ ва роҳбарони соири кишварҳои хориҷӣ доранд, ки аз фазоили барҷастаи эшон аст;

Пешвои мо борҳо собит сохтаанд, ки дар шароити буҳронӣ ва печида қодир ба дарёфи тасмимоти сареъ буда, тавоноии мудирияти буҳронҳои миллӣ ва байналмилалиро доранд;

Дар умури сиёсӣ, иқтисодӣ, муносибатҳои хориҷӣ аз истеъдоди болое хушнасибанд ва он имкон медиҳад, ки аз бархӯрдҳои мухталифи ҷаҳони муосир бомуваффақият убур ва кишварро аз таҳдиди онҳо ҳифз кунанд;

Тавоноиҳои тағйири рӯйкардҳо, мутобиқ шудан ва устуворона амал кардан дар шароитҳои зудтағйирёбанда чӣ дар минтақа ва чӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аз вижагиҳои фаъолияти Пешвои бузурги мост;

Дар гузаштаи на чандон дур, ки баъзе неруҳои хиёнатпешаи дохилӣ бо таҳрик ва сарпарастии кишварҳои абарқудрати хориҷа мехостанд вазъи кишвари моро ноором созанд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон собит намуданд, ки бо донишу ҷасорати худ аз танишу ихтилофи дохилӣ ҷилавгирӣ намуда, бо эҷоди ҳамешагии ваҳдати миллӣ кишварро ба сӯи рафоҳу амн ҳидоят намоянд;

Ҳангоми сар задани буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва пандемияи даҳшатангези «Коронавирус», ки иқтисод ва иҷтимои садҳо кишварҳои мутараққии ҷаҳонро ба шикаст мувоҷеҳ сохт, дониш ва дарки амиқи сиёсатҳои иқтисодии Пешвои муаззами миллат имкон дод, ки Ватани мо бидуни осеби чашмгире аз ин вартаи фоҷиабор наҷот ёбад;

Президенти муҳтарами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ягона роҳбаранд, ки панҷ ташаббуси созандаи эшон аз ҷониби соири кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфт. Ин ҳақиқат далели он аст, ки назару андешаҳои ин бузургмарди сатҳи ҷаҳонӣ фаромиллӣ буда, барои фароҳам овардани фазои ором дар тамоми ҷаҳон ва таъмини зиндагии шоистаи на танҳо миллати тоҷик, балки тамоми ақвоми башар равона шудааст.

 

Вақте дар бобати масъулиятҳои Пешвои муаззами миллат ҳарф мезанем, далелу арқоми зиёде пеши назар меоянд, ки ҳеҷ мухолиф ва бадандеш аз дохилу хориҷ мадори баҳс бо ин воқеиятро надорад. Бунёди нақбу роҳҳо, иншооти бузурги барқӣ, корхонаҳои саноатии сатҳи байналмилалӣ, қасрҳои бузурги миллӣ, иншооти иҷтимоӣ дар риштаи тиб, маориф, фарҳанг, варзиш ва мисли ин, ки бо роҳбариву роҳнамоии мустақими Сарвари давлат ба сомон расидаанд, воқеан ҳам далели раднопазири тозакориҳои ин меъмори бузурги Тоҷикистони нав аст, ки дар ақсои олам шуҳрат ёфтаанд.

Пешвои бузурги миллат аз нахустин Сарвари давлат буданд, ки ҳанӯз солҳои аввали раҳбарии худ ба яке аз масоили муҳими бунёдӣ дахл намуданд, ки симои сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ ба самти мусбат тағйир дод. Даъвати бонувон ба умури давлатӣ ва ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, аз як тараф дар сатҳи ҷаҳонӣ нуфузи кишварро боло бурд ва аз дигар тараф ба рушди иқтисод ва беҳбуди вазъи иҷтимоӣ заминаҳои устуворе фароҳам овард. Натоиҷи ин иқдоми хирадмандона боис гардид, ки мисли мо ҳазорон бонувони музофотиву рустоӣ имрӯз дар вазифаҳои масъули давлатӣ фаъолият доранд ва барои рушду пешравии Ватани маҳбуб саҳми бориз мегузоранд.

Кору пайкорҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки дар минтақа ва ҷаҳон низ парчами шуҳрати миллатро барафрохтаанд ва ҳатто роҳбарони баъзе кишварҳо аз ибтикору тасмимҳои ин шахсияти камназири таърих дар умури давлатдории худ истифода мебаранд. Аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон то ба тасвиби қонунҳои танзими расму оин ва масъулияти зодмандон дар тарбияи фарзанд аз ҷониби парлумони кишварҳои хориҷӣ иқтибос мешаванд.

Дар саҳифаҳои мондагори таърих номи даҳҳо роҳбарони муваффақи давлатҳо, ки тавонистаанд миллату давлати хешро аз парешониву нобудӣ наҷот диҳанд, ҷовидон сабт аст. Бар ин боварам, ки номи неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кайҳост дар дили мардуми Тоҷикистон маъво гирифтааст ва дар сафҳаҳои таърихи давлатдории тоҷикон бо хатти зарҳалӣ сабт шудааст, ки ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳад шуд.

 Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи истиқлолу ваҳдату ҳамгироист, ба ҳар яки мо муборак бод!

 ЛУТФИ ХУДО

Пешво оинаи бахтнамо шуд моро,

Дар шаби тори Ватан субҳи сафо шуд моро.

Дасти мардум бигирифту ба саодат бирасонд,

Марг наздик буду оби бақо шуд моро.

Зиндагии ҳамаро чун хирадаш хуррам кард,

Тозапайки дигари нашвунамо шуд моро.

Сар ба сар ҷомеаро хайру саодатҳо дод,

Чашми фардонигараш нуру зиё шуд моро.

Пешво омаду таҷдиди нави миллат кард,

Ҳастияш ҳадяву ҳам лутфи Худо шуд моро.

Хайриниссо МАВЛОНОВА,

муовини Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон