БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Рамзи давлати соҳибихтиёр

Сиёсат

Ҳар гоҳ сухан дар бораи истиқлолияти давлатии тоҷикон меравад, бояд дар назар дошта бошем, ки дастоварди бузурги таърихии миллат як амри тасодуф набуда, балки дар паси ин воқеа заҳматҳои фаровони мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир, танҳо ба василаи ваҳдату сарҷамъӣ, заҳмати аҳлона ва саъю талоши ватандӯстона метавонем истиқлолияти Ватани маҳбубамонро ҳифз намоем.

Мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон нахустин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки аз ҷониби халқ интихоб гардидаанд.

Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16-уми ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шуруъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гаштааст. Маҳз аз ҳамин рӯз, нахустин Президенти интихобшуда ба фаъолияти президентӣ, ки Конститутсияи нави давлати соҳибихтиёр муқаррар намудааст, шуруъ намуд. Ҳамчун рӯзи ид муайян кардани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ ба шахсият ишора надорад, балки чун рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳалаи муҳими давлатии шуруъ намудан ба иҷрои вазифаи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи навқабулгардида мебошад.

Бо мақсади эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки дар маҷмуъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад.

Президенти мардумии мо тавонистанд мамлакатро тадриҷан аз буҳрони сиёсиву иҷтимоию иқтисодӣ раҳо намоянд. Ин ҳақиқатро ҳеҷ кас инкор карда наметавонад…

Муносибат ба забони тоҷикӣ комилан тағйир ёфт, обрӯи он баланд шуд. Забони модарии мо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад ва ин садо садои бовиқору боҷасорат, ғамхор ба инсону инсоният мебошад.

  Таҳлилҳо нишон доданд, ки новобас­та аз фазои мураккабу тезутунди таҳаввулоти имрӯзаи ҷамъиятӣ Тоҷикистон ба зинаҳои чашмраси инкишоф боло меравад, ин шаҳодати тақвияти пояҳои иқтисодию иҷ­тимоии давлатдории миллии тоҷикистониён дар тули солҳои охир мебошад. Дар муддати сипаригашта кишварамон рушду нумӯ ёфта, он асосҳои боэътимоди дастгирии ҷамъиятиро дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба даст овардааст.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи мустақили инкишофи иқтисодӣ, сиёсӣ, маданӣ ва маънавиро пеш гирифта, сохти давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро мақсаду мароми худ қарор додааст. Бинобар ин, нигоҳдории истиқлолияту якпорчагии Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа аст. Дар чунин вазъият ба ҷавонон доимо диққати махсус дода мешавад. Тарбияи наслҳои нав инъикоскунандаи ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад. Тарбияи насли наврас на танҳо вазифаи оила ва мактаб, балки вазифаи давлат ва ҷомеа ҳам мебошад. То имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёде анҷом ёфтаанд.

Аз ҳама асосӣ, ин баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор мебошад, ки ҳамасола тамоми кӯшишҳои аз ҷиҳати моддиву маънавӣ ва молиявӣ дастгирии онҳо корҳои назаррас карда мешаванд.

Дар руҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини Ҳукумати кишвар мебошад. Пешравию дастовардҳои ҷавонон дар соҳаи варзиш ва фарҳангу маориф бори дигар собит месозад, ки насли ҷавони Тоҷикистон бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ роҳи интихобкардаи Пешвои миллатро дар масири ватансозиву ватандорӣ дастгирӣ менамоянд.

Иштироки фаъолонаи ҷавонони мамлакатро дар сохтмони неругоҳу корхонаҳои азими кишвар, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва корҳои бунёдкориву созандагӣ тасдиқи гуфтаҳои боло мебошанд.

 Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун доҳии миллат қувваю заковати худро дар арсаи байналмилалӣ нишон доданд, ки имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун кафили рушди босуботи давлатҳои рӯ ба инкишоф муаррифӣ менамоянд. Тамоми ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли масъалаҳои сулҳу амният ва обу иқлим дар сайёра равона шудаанд. Пешниҳоди нави Сарвари давлат дар бораи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» нишон медиҳад, ки имрӯз Тоҷикистон проблемаҳои ҷаҳониро хуб дарк карда, дар радифи давлатҳои бузург метавонад саҳмгузор дар амнияти экологӣ ва равандҳои ҷаҳонӣ бошад…

Ваҳдат, Истиқлолият ва Президент – неруи асосии рушди Тоҷикистон мебошанд.

СОДИҚӢ Насиба,

раиси Кумитаи МНМО Тоҷикистон,

доктори илми фалсафа,

профессор

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон