БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон василаи муҳими таҳкими ҳувияти миллист

Сиёсат / Слайдер

Ҳар як ҷашни давлатӣ, ки ба феҳристи рӯзҳои иди Тоҷикистон ворид карда шудааст, дар тарбияи маънавию ахлоқӣ, худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию ифтихори ватандорӣ ва таҳкими ҳувияти миллии шаҳрвандони кишвар мақому аҳамияти хоси худро дорад. Тавассути ин идҳо ҳар як фарди ҷомеа дар шинохти арзишмандии таърихии ин ҷашнҳои расмӣ имкони мувофиқ пайдо мекунад ва дар ниҳоди ӯ арзишҳоеро ташаккул медиҳад, ки рафтори сиёсию ҷамъиятии ӯро танзими комилтар мебахшад. Дар ин радиф, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳамияти хоси иҷтимоию таърихии худ мақоми махсусро дорост. Боризтарин хусусияти Рӯзи Президентро метавон бо якчанд нуктаи муҳим шарҳу тафсир дод:

 якум, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи ташаккул ва рушди давлатдории миллии мост, ки дар он ниҳоду мақомоти хоси идоракунӣ бо назардошти зарфиятҳои миллию давлатии мо таъсис ёфта, низоми идораи ҷомеа ва давлатро муваффақона пеш бурда истодааст. Ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи ниҳодҳоест, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ба шарофати азму талош, маҳорату фазилатҳои хоси сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист зарурату аҳамият ва самаранокии худро барои ҷомеа собит созад (ҳол он ки ду Президенти пешин натавонистанд самаранокии фаъолияти ин ниҳодро барои ҷомеа таъмин намоянд). Вобаста ба ин, метавон иброз дошт, ки идоракунии президентӣ ва ниҳоди Президент дар Тоҷикистон ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар натиҷаи эҳтиёҷоти таърихию сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд омада, минбаъд дар низоми давлатдорӣ ва таъмини рушди босуботи он мавқеи хоссаи худро пайдо намуд:

- дуюм, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи эҳтирому арҷ гузоштан ба заҳмату кӯшишҳо ва талошу азхудгузариҳои шахсияти таърихиест, ки тавонист дар масири давлатсозӣ намунаи мардумсолорию сиёсатмадорӣ, инсондӯстию таҳаммулпазирӣ, хирадмандию оқилӣ барои насли имрӯзу фардои ходимони сиёсию давлатии дохил ва берун бошад. Таҷрибаю кордонӣ, ҳидоятгарию роҳнамоӣ, шуҷоату мардонагӣ ва маърифату фарҳанги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимоду боварӣ ва муҳаббату самимияти ҷомеаро ба ин шахсияти барҷастаи таърихию сиёсӣ афзун гардонда, бо орову иттифоқи кулли мардум ин фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат унвон гирифтанд. Барҳақ, дастоварди бузурги миллати тоҷик дар марҳалаи кунунии давлатдориаш ин соҳиби Пешвои миллии худ будан аст, ки бо ин месазад ифтихор дошта бошем;

- сеюм, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон василаи муҳими тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими худшиносӣ, ҳувияти миллию давлатӣ ва шинохту дарки арзишҳои инсонию ҷамъиятӣ мебошад. Фаъолияти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фазилатҳои сарварию роҳбариашон, хислатҳои накуи инсониашон, башардӯстию хиради сиёсиашон худ намунаи кору рафтор барои ҳамаи мост;

- чорум, Рӯзи Президент василаи муттаҳид намудани тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар масъалаи шинохт ва дарку эътирофи авлавияти манфиатҳои миллию давлатист, ки Президент ҳамчун кафили таъмини онҳо баромад мекунад.

Интихоби санаи 16 ноябр ҳам як қатор заминаҳои таърихию сиёсии худро дорад. 6 ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯзӣ ба даст оварда, Президенти мамлакат интихоб гардиданд ва рӯзи 16 ноябр бо ёд кардани савганд ба иҷрои вазифа шуруъ намуданд, ки нахустин интихоботи президентӣ баъди муваққатан боз доштани идоракунии президентӣ ва гузариш ба низоми идоракунии парлумонӣ маҳсуб меёфт. Яъне, дар заминаи дигаргунии шакли идоракунии давлатӣ, ки Конститутсияи нави кишвар пешбинӣ менамуд, гузариш ба низоми идоракунии президентӣ амалӣ гашта, Президент тавассути интихоботи озоду шаффоф ва раъйи озоди мардум интихоб карда мешуд.

Савгандёдкунӣ ва ба вазифа шуруъ намудани Президенти мамлакат баъд аз интихоботи солҳои 2013 ва 2016 низ ба рӯзи 16 ноябр рост омад. Чунин иттифоқ афтодани санаҳои таърихӣ, ба ақидаи мо, яке аз сабабҳои баргузида шудани санаи мазкур ҳамчун рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштааст.

Бо ифтихору қаноатмандӣ аз таҷлили ин Рӯзи наку метавон иброз намуд, ки дар заминаи сарварию давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории ин абармарди сиёсӣ ташаккул ёфтааст, ки принсипҳои асосии онро шаклҳои усулии рафтору муносибат, амсоли хирадсолорӣ, ақлгароӣ, инсондӯстӣ, қонунмандии фаъолият, масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ ва адолатпарварӣ ташкил медиҳанд.

Тайи солҳои сарварии Пешвои муаззами миллат ҳамаи мо ба хубӣ эҳсос намудем, ки рисолати Президенти давлат фақат ишғоли мансаби олии давлатӣ нест. Бо таваҷҷуҳ ба кору пайкори ин шахсияти бузурги таърихӣ мо дарёфтем, ки Президенти давлат будан ба дӯш гирифтани рисолати таърихии соҳибият ба миллат аст. Амали мазкур заҳмати сангинест, ки таҳаммули он дар таърих ба камтар пешвоёну сиёсатмадорон муяссар шудааст. Хусусан дар замони муосир соҳиби миллат будану давлатдории онро пойдору устувор нигоҳ доштан хираду истеъдод ва қудрату маҳорати тавонои фит­рию ҷисмониро тақозо мекунад. Дар замоне, ки ҳудуди давлати миллӣ, фарҳанги миллӣ, забони миллӣ ва тамоми манофеи дигари он метавонад дар ҳар лаҳза осебпазир гардад, дар замоне, ки ба суботу амнияти он ҳамарӯза хавфу хатарҳо таҳдид мекунанд, дар замоне, ки абарқудратҳо пайваста давлатҳои миллиро барои ба даст овардани мақсадҳои худ ба майдони набард мекашанд, истиқрори тавозуну таносуб дар низоми муносибатҳои дохилию хориҷӣ кори басо сангин аст. Хушбахтона, Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷодаҳо сафинаи давлатдориро бо камоли эътимод ба соҳили мурод пеш бурда истодаанд. Ин ҳақиқатро бояд эътироф кард ва ба фазилати сарварии Президенти кишвар қоил бояд шуд. Ба ин маънӣ зарур аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба санаи воқеии омӯзиши давлатдорӣ ва нақши ин шахсияти бузурги таърихӣ дар масири соҳибдавлатии муосир мубаддал намоем. Нозукӣ ва зарфиятҳои хоси идоракунии сиёсиашонро омӯзем, маҷмуи арзишҳои сиёсии мавҷударо дар ҷомеа таҳким бахшем, дар зеҳну мафкураи ҳар як шаҳрванд аҳамият ва моҳияти ин санаро ҷой намоем. Бо ин амал, мо метавонем тарбияи ватандӯстию ифтихори миллии аҳли ҷомеаро то ба зинаҳои нави камолот рушд диҳем ва пояҳои давлатдории миллиро то ба ҳадди қалъаи фатҳнопазир истеҳком бахшем.

Махфират ХИДИРЗОДА,

сиёсатмадор

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон