БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Натиҷаи муҳимтарини интихоботи президентии соли 1994

Сиёсат / Слайдер

Интихоботи президентии рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 аз рӯйи ҳисоб интихоботи сеюми президентӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Интихоботи аввалини президентӣ дар мамлакати мо мисли аксари кишварҳои пасошуравӣ аз тариқи овоздиҳии парлумонӣ соли 1990 доир шуд ва вакили халқ Қаҳҳор Маҳкамов Президент интихоб гардид.

Интихоботи аввалини аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ баргузоршуда моҳи ноябри соли 1991 иттифоқ афтод ва бо пирӯзии Раҳмон Набиев ҷамъбаст шуд. Мутаассифона, кашмакашиҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз ёфтанд ва моҳи сентябри соли 1992 боиси ба истеъфои маҷбурӣ рафтани Президент гардиданд. Дар натиҷа, мамлакат бе роҳбари устувор монд. Танҳо Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ тавонист ҳокимияти давлатиро барқарор созад. Дертар, вақти таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон, мамлакат шакли идораи президентиро интихоб намуд ва маъракаи интихоботӣ эълон гардид.

Ҳамин тавр, чанд сабаби ҷиддие вуҷуд дорад, ки тибқи онҳо бояд ба интихоботи президентии соли 1994 ҷойгоҳи махсус дод. Тақрибан моҳи сентябри соли 1994 гурӯҳи махсуси тарғиботӣ ба ҷонибдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созмон ёфт. Маро ҳам, ки он вақт дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор мекардам, ба ин гурӯҳ хонданд. Сабабгори даъват ва ҷалб ба ин гурӯҳи корӣ супориши вазири амнияти вақт Сайдамир Зуҳуров ба профессор Саид Аҳмадов шуда буд, ки тибқи он бояд ҷавонони фикрашон тозаро ҷамъ карда, ба гурӯҳи мазкур ворид ва маъракаи интихоботи аввалини президентиро бо Конститутсияи кишвар тарғиб мекарданд.

Ситоди интихоботиро академик Талбак Назаров раҳбарӣ мекард, роҳбари гурӯҳи тарғиботӣ Саид Аҳмадов буд. Дар гурӯҳ, ҳамчунин, Абдуғаффор Рауфӣ, Бахтиёр Муртазоев, Муллохалил Саъдуллоев, Саймурод Фаттоев, Субҳон Кошонов, Шариф Раҳимзода, Умари Шерхон, Ҷумъахон Наботов, Файзалӣ Қодиров ва дигарон ҳузур доштанд. Дертар журналисти номошно Нас­рулло Асадуллоев аз ситоди интихоботии Абдумалик Абдуллоҷонов даст кашида, ба гурӯҳи мо пайваст.

Вазифаи мо навиштани матлабҳо, пешниҳоди тезисҳо ба барномаи пешазинтихоботӣ, мусоҳиба бо журналистон, иштирок дар мубоҳисаҳои ҷиддие, ки вақти вохӯриҳо пеш меомад, иборат буд. Дар Радиои Тоҷикистон барномаи таҳлилие бо номи «Афкор» вуҷуд дошт ва онро журналисти зиндаёд Шарифи Мисайзод пеш мебурд, ки аксар вақт аз мо мусоҳиба мегирифт. Ману профессор Иброҳим Усмон ва ҳуқуқдон Халифабобо Ҳомидов дар ҳамкорӣ бо журналистон фаъол будем. Барномаи пешазинтихоботии номзади моро Абдуқодир Маниёзов тариқи шабакаи телевизион муаррифӣ намуд.

Зимнан, он замон, сарфи назар аз шароити душвор, ки ҳоло сулҳ комилан барқарор нашуда буд, як рақобати сахти сиёсӣ пеш омад. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии кишвар, ҳамон тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намудаанд, даъвогарони мансаб зиёд набуданд. Рақобат дар интихобот чунин маъно дошт, ки Ҳукумати нав аркони асосии давлатсозиро аллакай гузошта буд.

Ҳамзамон, баррасии лоиҳаи Конститутсия ҳам давом дошт ва баҳсҳои гуногунро ба бор меовард, аммо барои Эмомалӣ Раҳмон ин гуна фазо нав набуд, зеро ӯ ҳанӯз соли 1990 дар натиҷаи рақобати шадид бо номенклатураи вақт вакили парлумон интихоб шуда буданд.

Рақиби Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири собиқ Абдумалик Абдуллоҷонов буд, ки мардум дар борааш фикри хуб надошт. Мегуфтанд, ки ӯ як тоҷир аст ва метавонад ба хотири манофеаш мамлакатро ҳам ба фурӯш гузорад. Ин андешаро дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, ҳам олимон, ҳам мардуми одӣ шунидан имкон дошт.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон на танҳо номзаде буданд, ки баромадашон аз байни мардум буду мушкилоти одамони одиро медонистанд, балки манфиатҳои миллиро дар авлавият қарор медоданд. Аз ҳама муҳимаш, ӯ дар шинохти мардум шахсияте ба ҳисоб мерафтанд, ки дар кашмакашиҳои сиёсӣ ҳамроҳ набуданд, сиёсатмадори ҷавон буда, дар баҳсҳои парлумонӣ ба муқобили андешаҳои ифротӣ қотеона ва баҷуръатона мавқеи созанда мегирифтанд.

Мардум ба ҳаракату тарзи гуфтору рафтори сиёсатмадорон ва ҳар сухани маънидори нафари сиёсӣ таваҷҷуҳ карда, аз рӯйи онҳо шахсияташонро маълум месозанд. Аз ин нуқтаи назар, Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввали ба сари минбару қудрати сиёсӣ омаданашон, ба чеҳраи мондагор табдил ёфтанд.

«Ман ба шумо сулҳ меорам!» танҳо шиор набуд, балки ҳарфи самимии як сиёсатмадори баҷуръат ба ҳисоб мерафт. Бӯсидани Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ Сарвари давлатро на танҳо ба сифати як сиёсатмадори амалгаро, балки содиқу самимӣ ба арзишҳои миллӣ муаррифӣ намуд. Воқеан, мардуми Тоҷикистон то ин замон ёд надоштанд, ки як сиёсатмадор, хоса Роҳбари давлат Парчами давлатро бӯса карда бошад. Ин ҳолат, албатта, дар зеҳниятсозии одамон нақши муҳим бозид. Махсусан дар байни ҷавонон, ки аксарияти мардумро ташкил медоданд, Эмомалӣ Раҳмон аллакай ба идеали онҳо табдил ёфта буданд, чун то ин замон раҳбарони зинаҳои аввал дар Тоҷикистон аксаран одамони синну солашон калонсолтар буданд. Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин вохӯриҳояшон бо ҷавонон ваъда доданд, ки барои ин қишри муҳими ҷомеа сохтори нави давлатӣ ташкил мекунанд ва ба ин ваъда вафо карданд. Кумитаи ҷавонон маҳз пас аз интихоботи президентии соли 1994 ташкил шуд. Дарвоқеъ, Эмомалӣ Раҳмонро аввалин шуда маҳз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба президентӣ номзад пешниҳод кард. Баъдтар Иттифоқи касаба ҳам дар анҷумани худ ба пешниҳоди ҷавонон ҳамовоз шуд. Ҳамроҳ шудани Иттифоқи занон ба маърака ва дастгирии онҳо аз номзади мо интихоботро ба авҷи худ расонд, зеро занон қувваи бузург ва аксарияти ҷомеаро ташкил медоданд.

Сокинони кишвар дуруст фаҳмида буданд, ки бе лидери сиёсии воқеан мардумӣ имкони раҳоӣ аз мушкилот вуҷуд надорад ва дар симои Эмомалӣ Раҳмон, ҳамин гуна шахсро медиданд. Ин ҳама ба натиҷаи интихобот таъсири амиқ гузошт ва Сарвари давлат интихоботи аввалини худро хеле муваффақ ҷамъбаст намуданд.

Ҳамин тавр, интихоботҳои дигари президентии Тоҷикистон бо иштироки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 1999, 2006, 2013 ва 2020 бомуваффақият сурат гирифтанд ва дар худ ҳикмат ва паёмҳо доштанд.

Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми раҳбарии худ тавонистанд мардуми тоҷикро дар атрофи як дастархони сиёсӣ муттаҳид намуда, манфиатҳои миллӣ, давлатӣ ва умуман мардуми Тоҷикистонро аз ҳама боло гузоранд ва халқи ҳазор сол дар вартаи парешонӣ мондаро соҳибдавлат гардонда, мамлакати моро ба ҷаҳониён дар симои як давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муаррифӣ намоянд. Ин натиҷаи муҳимтарини интихоботи президентии соли 1994 ба ҳисоб меравад.

Сайфулло САФАРОВ,

раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон