БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

«Дастпарвари мактаби Пешво ҳастам»

Сиёсат

Мусоҳиба бо раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Дар арафаи ҷашни Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, табиист, ки барои ҳар соҳибватан ин санаи тақдирсозу ифтихорист, ҳамин рӯз шахсан барои Шумо бо чӣ хотираҳо пайванд аст?

 Ин моҳ куллан бо хотираҳои хубу хуршедиаш бароям азиз аст. Моҳи ҷашнҳост, Иҷлосияи тақдирсоз, Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи Президент. Санаи 16-уми ноябр азизу таърихист барои миллати мо. Рӯзи фаромӯшношуданист барои ҳар соҳибватан. Бо баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ, Тоҷикистон роҳи имрӯзу ояндаи дурахшони хешро муайян сохт... Вақт нишон дод, ки интихоб дурусту таърихсоз будааст. Маҳз Сарвари давлати тозаинтихоб, давлатмарди замон дар он рӯзҳои сахту сангин кафили сулҳу оромии кишвар гашт. 6-уми ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсӣ қабул шуд ва самти арзишҳои ҳуқуқии кишварро чун як давлати қонунмеҳвар муайян сохт.

Бо тарҳрезии нақшаву ҳадафҳои муайян муяссар гардид, ки нахуст ба сулҳу ваҳдати комил бирасем ва баъдан ҳадафҳои рушди кишварро муайян ва оҳиста-оҳиста сӯи амалисозиашон қадам ниҳем. Ҷониби се ҳадаф: раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ гом гузоштем ва ҳоло, ки ба ҳадаф расидем, саноатикунонии босуръати кишвар ба миён омад. Шоёни зикр аст, ки солҳои наздик бо иқтидори неругоҳҳои «Норак», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Сарбанд», «Қайроққум» ва «Роғун» дар ҷаҳон чун кишвари содиркунандаи қувваи барқи экологӣ шинохта мешавем.

Аз ҳисоби бонувон он давра низ сиёсатмадорони шинохта кам надоштем. Дар хусуси қаҳрамониҳои занон чӣ ёдовар мешавед, киҳо буданд он шабу рӯз чеҳраҳои фаъол, ки дар атрофи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуданд?

- Бонувони фаъоли он замон Рафиқа Мӯсоева, Адолат Раҳмонова, Гулафзо Савриддинова, Бозгул Додхудоева ва дигарон дар атрофи Президенти навтаъиншуда гирд омаданд ва аз рӯзи аввали давлатдорӣ барои пешбурди соҳаҳои гуногуни кишвар камар бастанд. Холо дар назди Кумита ташкилоти ҷамъиятии «Занони сулҳофар» аз ҳисоби бонувони собиқадоре, ки дар барқарорсозии сохтори конститутсионӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ саҳим буданд, амал мекунанд. Собиқадорони соҳибобрӯ чун ифтихори насли нав ташаббус нишон медиҳанд, бо шиори «модарони ваҳдатсаро» тамоми манотиқи кишварро мегарданд ва дӯстиву якдилиро тараннум месозанд.

Санаи 16-уми ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад, табиист, ки бо амри вазифа дар чорабиниву ҷаласаҳо ва вохӯриву суҳбатҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат меварзед, лутфан ягон ҳолати таъсирбахшро аз ин лаҳзаҳо ёдовар мешудед…

Фаъолиятро дар соҳаи хизмати давлатӣ аз сафи поён шуруъ карда, зина ба зина боло рафтам. Вақти таъин ба маснад Президент таъкид намуданд, ки вазифаи аввалиндараҷаатон ҳамчун раиси Кумита дастгирии занон аст. «Аз сари сидқ ба мардум хизмат кунед. Ба маҳал, ки рафтед, бо забони мардум ҳарф бизанед, сарулибоси мувофиқ ба бар намоед. Вазифаро ман медиҳам, обрӯро аз мардум, ба арзиши меҳнат соҳиб мешавед», - ҳамин суханони Сарвари давлат доим дар гӯшам садо медиҳанд ва онро сармашқи кори худ қарор додам.

Ҳар ҳамоиш, ҷаласа ва маъракаҳои Пешвои муаззами миллат бароям дарс аст, дарси сиёсат, ҳикмати зиндагӣ. Дар вохӯриҳо, ҳатто дар хона барои аҳли хонавода ҳам аз суханони пандомӯзи Роҳбари давлат мисолҳо меорам. Таъсирноктарин суханашон шахсан барои ман чун фарзанд ин аст: «Ба қадри падару модар дар зиндагиашон бирасед. Баъди марг оростани маъракаҳои пурдабдаба маънӣ надорад».

Зимни вохӯрӣ бо фаъолони вилояти Хатлон сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намояндаи фаъоли ҲХДТ пурсиданд, ки оиладор ҳаст ё не. Бо сабаби камбизоативу модари бемор доштан, оиладории ҷавон ба таъхир афтода будааст. Пешвои миллат ба масъулон супориш доданд, ки барои амалӣ гаштани кори хайр шароит фароҳам оранд. Тамоми хароҷоти тӯй аз ҳисоби Фонди махсуси Президент пардохт шуд ва шароити арзандаи зисту зиндагӣ барои оилаи ҷавон муҳайё гашт. Ҳоло ин оила соҳиби фарзандон аст. Ба ин монанд мисолҳои наҷиб зиёданд.

Қариб як сол мешавад дар яке аз вазифаҳои бисёр пурмасъул ва калидии кишвар баргузида шудед. Итминон аст, ки аз пешрафту дастовард то мушкилу камбудиҳои зиндагии занон бештару жарфтар огоҳед ва ҳоло аз чӣ дастовард­ҳои бонувон меболеду аз кадом мушкили зани тоҷик нигаронед?

- Бубинед, он қадар мавзуи зан ва оила барои давлату Ҳукумати Тоҷикистон муҳим аст, ки бонувон соҳиби Кумитаи алоҳидаанд. Дар фаъолияти ҳаррӯза аз тамоми паҳлуҳои ҳаёти занон ва оилаҳо, чӣ дастоварду пешрафт ва чӣ мушкилу камбуд муроқибат менамоем. Дастгириҳои давлату ҳукумат дар самти баланд бардоштани мавқеи бонувон дар ҷомеа хело зиёданд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудааст, ки бо фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа мушкили зиёди бонувон паси сар шуд. Барномаи рушди оила, пешгирии зӯроварӣ дар оила, барномаи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби бонувони лаёқатманд, курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзиву касбомӯзӣ хеле муфиданд. Бонувон дар соҳаи маориф, фарҳанг, тиб, илм, иқтисод ва варзиш дастовардҳои назаррасе доранд.

Бароям чун роҳбар, пеш аз ҳама чун модар ва як духтари деҳот, таъсиси квотаҳои президентӣ хело арзишноканд. Дар 10 соли охир зиёда аз 11 ҳазор духтарони деҳот ба шарофати квотаҳо соҳибихтисосу соҳибкасб шудаанд. Ин кори саҳлу андак нест. Натиҷаҳои хубу мақсадноки ин ҳадафи некро ба назар гирифта, барои ҷавонписарони минтақаҳои кӯҳистонии кишвар низ квотаҳо таъсис дода шуданд.

Грантҳои махсуси президентӣ барои фаъолияти соҳибкории занони деҳот яке аз дастгирии дигари Ҳукумат аст. Танҳо ҳамин сол ба 120 нафар бонуи довталаб, барои равнақи соҳибкориву тиҷораташон панҷ миллион сомонӣ ҷудо гардид. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ низ гранти махсусеро ба андозаи якуним миллион сомонӣ барои дастгирии занони ҳунарманд таслим кард.

Мутаассифона, дар баробари пешрафту дастовардҳо рӯзгори зани тоҷик аз камбудиҳо низ орӣ нест. Кумита барои рафъи тамоми мушкили бонувон ва оилаҳояшон талош меварзад, аммо рафъи ҳар мушкил дар ҷомеа бе дастгирии умумӣ ғайриимкон аст. Масалан, дар самти таълиму тарбияи насли наврас бе ҳамкории зичи оила бо мактаб наметавон ба мақсад расид.

Имрӯз омори ҷудошавии оилаҳои ҷавон нигаронкунанда аст. Дар 6 моҳи имсол 4100 оила вайрон ва 4080 кӯдак дар тарбияи яке аз волидон қарор гирифт. Аксар вақт кӯдакон бо модар мемонанду мушкили зиндагӣ пас аз талоқ бар дӯши зан меафтад. Ҳини адои вазифа дар шаҳри Левакант омори идомаи таҳсили наврасон пас аз хатми синфи 9-ро дида, сахт нигарон шудам. Қариб 70 дарсади хонандагон баъди хатми синфи 9 таҳсилро идома намедодаанд. Духтарон ба шавҳар, писарон ба муҳоҷират мерафтаанд. Чунин ҳолат дар аксар шаҳру навоҳии кишвар ҷой дорад. Дар ин синну сол аз мактаб дур мондани онҳо боиси ташвиш буд. Хушбахтона, бо супориши Сарвари давлат таҳсил дар макотиби миёна то синфи 11 ҳатмӣ шуд.

Аз модари босавод, миллат саводнок мегардад. Итминон дорам, агар духтарон босаводу соҳибмаълумот бошанд, сирри оилаву оиладориашонро ба берун накашанд, ҷавонписарон бо ғуруру мардонагӣ пайи бунёди оилаи обод камар банданд, ҳеҷ гоҳ ба оилавайронӣ роҳ намедиҳанд. Имрӯз модарон ба ҷои он ки фарзандро насиҳат кунанд, ба ҷудошавӣ талқин месозанд. Алимент муайян созед, дар хонаи шавҳараш маскун намоед, талаб мекунанд онҳо. Бо ҳамин гӯё мушкил ҳал мешавад, аммо мушкили духтари бечора пас тоза сар мешавад. Дар ин ҳолатҳо мегӯям, як бор андеша кунед, пас хулоса бароред, охир кадоме аз мо бе мушкилӣ ба ин рӯз расидем. Дар оиладорӣ ҳама ба сангҳои номаълуми зериобӣ пешпо хӯрда, лағжидаву афтодаву бархостаем. Кӣ аст, ки мегӯяд оилаам бе мушкил ба хушбахтӣ расидааст?

Камбудии дигари ҷомеа ин баланд шудани сатҳи хурофоти мардум аст. Мегирем сафари ҳаҷро, ки онро мардум ба мусобиқа табдил доданд. Се-чор маротиба ҳам аз ҳисоби фарзандони муҳоҷирашон мераванд. Ҳатто кӯдакони хурдсолу ноболиғро, ки чизеро дарк намесозанд, бо худ мебаранд. Аз ҳисоби буҷети оилаашон буҷети давлатҳои арабро ғанӣ месозанд. Охир сарфаву сариштакорӣ аз қадим кори зан аст. Хуб нест, ки ба ҷои ин ҳама сарфаҳои бемаъниву беҳисоб зиндагии фарзандонро обод созем, барояшон шарту шароити хуби таҳсилу истироҳатро фароҳам орем.

 Бо талошу кӯшиш метавонед тақдири зани тоҷикро ба ҷониби боз ҳам хубтаре гароиш бидиҳед. Дар самти беҳбуди ҳаёти бонувон чӣ пешниҳодҳое азм доред ироа бикунед?

- Ҳар кору амали мо имрӯз барои ояндаи дурахшони зан-модар ва оилаву фарзандонаш нигаронда шудаанд. Нақшаву кору пешниҳодҳоямон зиёданд, ки онҳоро қадам ба қадам амалӣ месозем. Ҳоло ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси Шурои миллии занонро дар назди Президенти мамлакат пешниҳод намудем. Мутмаинам, саҳифаи тозае дар авроқи зиндагии зани тоҷик боз мегардад ва боиси рӯзгори муфарраҳу хуштаре хоҳад гашт.

Зан, пеш аз ҳама, ҳамсар асту модар. Мушкил аст дар як вақт ҳам зани хубу ҳам роҳбари фаъол будан?

- Албатта, мушкил аст, аммо ҳисси ватандӯстӣ, масъулият пеши мардум моро руҳбаланду дилгарм месозад. Ман аз ҷавонӣ ба соҳаи хизмати давлатӣ омадам. Замони хурд будани кӯдакон, кор баъзан вазнинӣ ҳам мекард, аммо, дар таълиму тарбияи фарзандон, бисёр ҷиддӣ будам. Дар кор роҳбар бошам ҳам, дар хона рисолати ҳамсариву модариро фаромӯш намекардам. Шавҳарам хизматчии ҳарбӣ ҳастанд, боре ба фаъолиятам монеъ нашудаанд, баръакс ҳамеша дастгирӣ мекарданд.

Соҳиби 4 фарзанду 4 набераем. Духтари калониам табиб, писарам корманди хадамоти назорат дар соҳаи сохтмон, ду духтари дигарам донишҷӯи факултаи иқтисодиву ҳуқуқшиносианд. Фарзандонро аввал соҳибмаълумот кардему баъд оиладор. Бо саводи худашон ба макотиби олӣ дохил шуданду таҳсил намуданд. Духтаронам сарфи назар аз оиладориву кӯдакони хурдсолашон, ҳамеша пайи мутолааву омӯзишанд. Ман, ки худ модар ва соҳиби се духтарам, мехоҳам ҳамаи духтаракон хушбахт бошанд.

 Гулноза БОБОМУРОДОВА

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон