Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ободонӣ дар деҳоти дурдаст
СиёсатДаврони 33 соли соҳибистиқлолӣ роҳбарияти мамлакат ба хотири ободиву пешрафти деҳоти дурдаст ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволиву таъмини зиндагии шоистаи мардум, бо барномаҳои ҷадиди созандагӣ рӯ ба деҳоту кӯҳистони мамлакат оварда, имрӯз то дурдасттарин марказҳои маъмуриву деҳоти Тоҷикистон ба шаҳракҳои зебову замонавӣ табдил ёфтаанд. Ноҳияи хушному зебоманзари Тоҷикобод зодаи даврони Истиқлол ва ҳамрадифи исми миллату Ватани азизамон Тоҷикистон аст…
Муҳаббату эътимоди беандозаи сокинони ноҳияи Тоҷикобод ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз меҳри бузургу самимияти ватандӯстонаи Пешвои миллат нисбат ба ин хоку оби сарзамини муқаддас сарчашма мегирад, ки аз нахустин рӯзҳои зимоми давлатдориро бар дӯш гирифтанашон ба таъмини сулҳу субот, амнияту осоиштагии сокинону ҳалли мушкилиҳои рӯзмарраи онҳо ва тадбирҳои ободониву ояндасозиҳо дар ин ноҳия таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Ҳанӯз аснои нахустин сафари худ ба ноҳияи Тоҷикобод Президенти Ҷумҳурии То ҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорати ватандӯстонаву даъвати ҷонибҳо ба сулҳу осоиштагӣ ва ҳифзи давлату миллат аз парокандагӣ, дар қалби мардум маъво гирифта буд, - ба ёд меорад раиси ноҳия Фақерзода Қадриддин Аббос. - Ин ҳам атои Парвардигор ба меросбарони миллати тамаддунофари то ҷик аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи ноороми ноҳия ва будубоши неруҳои мухолифин дар минтақа нигоҳ накарда, баъди вохӯрӣ дар маркази То ҷикобод, ба суро ғи заҳматкашони саҳро сари заминҳои кишт рафта буданд.
Маҳз аз он дидору суҳбатҳои андешасоз ва хушбиниҳои Роҳбари давлат аз ояндаи Тоҷикистони азиз, мардум неруи тозаву умед ба ояндаи дурахшон пайдо карда, баҳри ободониву идомаи киштукори заминҳо камари ҳиммат бастанд. Хушбахтона, тули солҳои Истиқлоли давлатӣ ин анъанаи нек идома ёфта, сокинони меҳанпарвари ноҳияи То ҷикобод ҳар сафари Пешвои миллатро бо дастоварду нати ҷаҳои баланди меҳнатӣ ва о ғози ташаббусҳои ояндасоз истиқбол мегиранд.
Бунёди шоҳроҳи Душанбе – Рашт - Лахш, ки аз ҳудуди ноҳияи То ҷикобод мегузарад, мисли рагҳои хунгард раванди рушду тараққиёти минтақаро суръати тоза бахшида истодааст. Ифтитоҳи варзишгоҳи дорои 7 ҳазор ҷойи нишаст, меҳмонхонаи хуштарҳи замонавӣ барои 70 ҷойи хоб, қасри фарҳанг ва сохтмону ба истифода супурдани даҳҳо биноҳои маъмуриву фарҳангӣ намунае аз ташаббусҳои ояндасозест, ки давоми солҳои охир амалӣ шудаанд.
Бинобар маълумоти мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Тоҷикобод Зулфиқор Гадозода, дар доираи иҷрои нақша- чорабиниҳои омодагӣ ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳия 78 иншооти гуногуни хизматрасонӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳамакнун, аз тарҳҳои бунёдии 101 иншооти ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, то имрӯз сохтмону му ҷаҳҳазгардонии 41 адади он ба итмом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Аз ҷумла, 12-уми сентябри соли ҷорӣ зимни сафари навбатӣ ба ноҳияи То ҷикобод Президенти кишвар бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Зарафшонро ифтитоҳ бахшиданд. Дар доираи ин сафари корӣ бо иштироки Пешвои муаззами миллат, ҳамчунин, бинои нави раёсати молия, қасри фарҳанг мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ба гуфтаи масъулони бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия, тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар иншооти ҷашнии ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маркази маъмурии То ҷикобод пешбинишуда тибқи тарҳҳои меъмории миллӣ ва на кам аз ду ошёна сохта мешаванд, ки ба симои маркази ноҳия шукӯҳу ҷалол хоҳанд бахшид.
Ҳамчунин, дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои сохтмонии маҳаллаи нав дар рустои Сафедмуни Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об дидан намуданд. Тибқи иттилоъ, маҳаллаи навбунёд дар яке аз мавзеъҳои хушобу ҳаво иборат аз 60 манзили хуштарҳи замонавӣ бунёд ёфта, барои қишри ниёзманди ҷомеа, аз қабили ятимону маъюбону ниёзмандон пешбинӣ гардидааст. Тибқи лоиҳа хонаҳои маҳаллаи навбунёд бо ҳама асбобу ашёи рӯзгор му ҷаҳҳаз гардонда шуда, ба шабакаҳои муосири роҳ, оби нӯшоӣ, барқу гармидиҳӣ пайваст мебошанд. То рӯзи ба сокинон тақдим намудани манзилҳои истиқоматӣ саҳни ҳавлӣ ва кӯчаҳои маҳалла бо гулу дарахтони ороишӣ сарсабзу зебо ва воситаҳои равшаннамоӣ оро дода мешаванд.
Ҳамчунин, дар маҳаллаи нав бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 670 хонанда дар ду баст, бунгоҳи тиббӣ, иншооти савдо, фаро ғатгоҳҳо ва дигар воситаҳои зарурӣ ҷараён дорад. Чуноне ки зимни суҳбати Сарвари давлат бо шарикони рушд зикр гардид, дар ин ҷой сохтмони муассисаи таълимии томактабӣ барои 100 кӯдак, пешбинӣ гардидааст. Интизор меравад, ки то моҳи декабри соли равон тамоми корҳои сохтмониву ороишӣ ан ҷом ёфта, зимни тақдими манзилҳо ба сокинони маҳаллаи навбунёд ба ҳар хонаводаи навбуна 8 қуттии оилаи занбӯри асал тақдим мегардад.
Тули даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати сулҳ, оромиву осудагӣ, ҷалби мардум ба иқдомҳои созандагӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат ба пешрафти минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон ноҳияи Тоҷикобод низ сол ба сол ободу зебо мегардад. Баҳри таъмини рушди устувори соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони ин ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз як миллиард сомонӣ равона шудааст.
Дар воқеъ, татбиқи ҳадафҳои муҳиму созандаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тараққии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикобод му ҷиби руҳбаландиву масъулиятшиносии ҳар сокини худогоҳу меҳанпарасти ноҳия гардида, минбаъд низ бо ҳисси баланди миллӣ баҳри боз ҳам ободу пешрафта гардондани диёри биҳиштосои хеш саъю талоши созанда хоҳанд намуд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Тоҷикобод