БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ман духтари деҳаам

Сиёсат

Дар фароварди сол дидор бо нафаре, ки аз минбарҳо бо камоли тамкин, ҳадафрасу созгор нутқи фасеҳу мафкурасоз ироа менамояд ва маснади баланди роҳбарӣ – муовини раиси шаҳри гулбасари Душанберо бар дӯш дорад, шишаи зеҳнро дар оташи ҳаяҷони танӯри дил мегудохт.

 Аммо чи таассуроти гуворое, вақте роҳ­барбонуро латифу зарифу заминӣ дарёфтам. Кушодарӯй аз дафтари корӣ берун шуду гарму самимӣ истиқбол гирифт. Аз тарҳи кори мо воқиф шудан хост: «Нахуст акс бигирем ё суҳбат?» - гӯён маслиҳат ҷуст. «Аккосро аввал рухсат диҳем, беҳтар», - гуфтам.

 Руҷуъ

 Нигоштаи падари ахлоқ Саъдии бузург: «Ба зери он дарахт ором гиранд, ки халқ аз меваи ӯ ком гиранд»-ро, бешак, метавон ба бону Дилбар Одилзода рабт дод. Фишанги тарғиботии шаҳр ба даст, барои рушду инкишофи тафаккури гурӯҳҳои иҷтимоӣ, субот, ҳамбастагии мардум ва тавсеаи руҳияи миллӣ ҷадал менамояд. Самти васеъ, гуногунҷанбаъ, ки ҳам соҳаи иҷтимоиёт, ҳам маънавиётро фаро мегирад.

 Маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, соҳаи сайёҳӣ, иттилоот ва коммуникатсия, муносибатҳои хориҷӣ, хуллас, бо беш аз 10 самт корбарӣ намуда, онро ба 28 бахш тақсим баста. Кори бағоят заҳматталаб, ки руҳияи шикастнопазир, зеҳни гиро, иродаи матин мехоҳад, то ҳар рӯз чун муҳаррик пайи иҷрои рисолати хеш бошад. Чунин аст, бону Дилбар, ки дар саргаҳи пайкори неку ормонофарӣ қарор дораду илҳом аз ибтикороти беназири фарзонафарзанди миллат, Президенти маҳбуб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебардорад. Илҳоме тасвирношуданӣ, ки садри кишвар дар соҳаҳои гуногун, хоса умури давлатдорӣ ба бонувон ҷойгоҳи арзанда фароҳам овардаанд, то баробари мардҳо гомҳои қавӣ ниҳанду низоми арзишҳо ва ғояҳои миллиро ташаккул диҳанд. Илҳом аз ташаббусҳои раиси ҷавону ояндасози шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар фурсате пойтахтро гулрезу ҳампойи давр намуду макони баргузории ҳамоишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву варзишии сатҳи ҷаҳонӣ.

 Маърифатгустар

 Мувоҷеҳ ба фасеҳу равон ва муаддабона сухан гуфтанҳову мафтуни фурӯтании ин бонуи кор, аз таҷрибаи ғании дар соҳаи маориф доштааш ҷӯё шудам. Шараре бар дидагонаш рахшиду хотироти дафтари он овонро варақ гардонд.

Хушҳолам, ки зодмандони аҳли фарҳангам мо, ҳашт фарзандро барои дарёфти маълумоти олӣ дастгирӣ ва раҳнамоӣ карданд. Қиблагоҳам мутахассис-технолог, таҳсилдидаи кишвари Украина, ҷаҳонбиние дошт густурда, ки аз кони маъниву фазилаташ дурдонаҳои суфтаю муҷалло мечидем. Модарам чевари гулдасти коргоҳи дӯзандагии шаҳри Кӯлоб, аз камоли ҳамнишинӣ бо марди хирад махзани идроки хешро ғанӣ сохта, дар пайравӣ ба ҳамнафаси умр фориғ аз гирудори рӯзгор ба мутолаа рӯ меовард. Харбуза аз харбуза ранг мегирад, гуфтаанд, ки ба ин раҳ завқи мо, фарзандон, ба китобхонӣ бедор шуд. Китобҳои зиёде доштем ва чун ба мутолаа мепардохтам, китобро бо худ мактаб мебурдам, то дар танаффус сайре ба олами ҳаводис намоям. Базму тараб ва суҳбату маҳфилороиро хуш надоштам, духтаре будам камсухану оромтабиат. Чун ғаввос ба дарёи маонӣ фурӯ рафтанҳоям беасар намонд, ҳамсабақонам як-як болои китобҳоям сар мекашиданд, ки чиро мутолаа дорам. Завқ боло мегирифту онҳо ҳам ба китобхонӣ рӯ меоварданд.

Оғози солҳои 90-уми асри ХХ бо дуо ва раҳнамоии волидон ба факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шудам. Овоне, ки духтар ҳадде надошт аз деҳа ба шаҳр таҳсил ояд. Сару садоҳо, андешаҳои зиёд, гумонҳои ноҷо дар фазои деҳот печон буд, ки духтарро чиву таҳсил чӣ. Баъди хатми Донишгоҳ сарфароз ба деҳа баргаштаму дар мактаб ҳамчун омӯзгори фанни забони русӣ ба фаъолият пардохтам, - баён намуд муаллим.

Маҳз ба туфайли чунин духтарони накуному бонангу ор, ки дар садр номус ва шарафи хонаводагиро нишондаанд, ақидаҳои шаху куҳан чун коҳи парешон ҳаволаи бод мешаванд. Овони донишҷӯӣ ва солҳои аввали омӯзгорӣ ба давраи нооромиҳои кишвар рост омад. Мактаби харобу валангор, дару равзанаҳои шикаста, омӯзгорони бидуни маош тарки пеша карда. Аммо дили омӯзгори ҷавон ба ҳоли фарзандони халқ реш мешуд, ки ногузир миллатро ба бесаводӣ мебурд. Ҳине, ки ба як синф дарс медод, дари дигар синфхонаҳоро боз мемонд ва бо садои баланд аз мавзуи таълим мегуфт, то хонандагони дигар садояшро шунаванд. Бо ин иктифо накарда, худро ба ҳар синф мезад, мепурсиду супоришҳо медод. Субҳ тифли ширхораашро сер мекарду ба гаҳвора мехобонд, сӯи мактаб мешитофт, нимаи рӯз бармегашт, ки ҳамоно кӯдак ба хоби ноз аст. Ба бахти неки ӯ тифлаконаш орому аҳл осудахобӣ доштанд. Ягона омиле, ки ӯро дар ин рӯзҳои сангин неру мебахшид, корнамоиҳои Президенти тозаинтихоби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз тариқи садову симо мардумро ба созандагӣ мехонду ба фардои нек бовар медод. Аз хушбинии Сарвари ҷавон неруву илҳоми тоза дарёфта, пайи иҷрои рисолати пуршараф, ҳастии худро ба фарзандони халқ бахшид. Дониши фарох, усулҳои ҷолиби таълими омӯзгори ҷавон ба роҳбарияти мактаби миёнаи № 15-и шаҳри Кӯлоб хуш омад, ки муовини директор таъинаш намуданд. Пас аз ду сол мудири маориф бо ҳайати корие пайи санҷиш омад, дарси ӯро таҳлил намуданду ба усули таълим, маҳорати баланди касбиаш баҳои олӣ доданд. Агарчи ҷавон буд, моҳе пас ӯро директори мактаб таъин карданд. То соли 2003 дар ин вазифа заҳмат кашид ва бо тақозои зиндагӣ ба шаҳри Душанбе кӯч баст.

Дар пойтахт ҳамчун мураббии кӯдакистон ба кор пардохт. Ҳама бо тааҷҷуб посухи суол меҷустанд, ки чаро ӯ баъди мақоми роҳбарӣ пешаи мураббиягиро ихтиёр кардааст. «Фаъолият дар пойтахт бароям шараф аст. Омӯзгорро ҳар куҷо рисолаташ тарбияи насли наврас асту бас», – мегуфт мудом. Бад-ин тариқ, аз шамъи дили шарарангезаш қалбҳои кучаки тифлаконро барафрӯхт ва бо сеҳрофаринӣ ба дилу дидаҳои хурду бузург маъво ёфт. Соли 2007 ғолиби озмуни «Мураббии сол» гардид.

Беҳуда нагуфтаанд заҳматҳо қадр мегарданд. Ҳамон сол бонуи заҳматпеша мудири кӯдакистони № 127-и ноҳияи Фирдавсӣ таъин шуд. Баъдан, ба симати муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ, муовини сардори раёсати кадр ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, мудири маорифи ноҳияи Шоҳмансур, мудири маорифи ноҳияи Сино, муовини аввали сардори Раёсати таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, директори Мактаби президентии шаҳри Кӯлоб, муовини раиси шаҳри Кӯлоб ва директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода ифои вазифа намуд.

 Чанд сол дар Душанбе зиндагӣ доред? – 14 сол. – Шуморо ба Кӯлоб равон карданиам, меравед? – Ҳар чӣ фармоед, ман сарбози Шумоам, барои миллат, барои Ватан то ҷон дар рамақ дорам, хидмат мекунам. Ин муколамаи бонуи корсолор бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳини ба вазифаи директори Мактаби президентии шаҳри Кӯлоб таъин намуданаш сурат гирифт.

  Муовини шаҳрдорӣ

Санаи 21-уми феврали соли 2022 барои Дилбар Одилзода хотирмон аст, чун ба симати муовини раиси шаҳри Душанбе ба кор таъин гардид.

 Имрӯзҳо шоҳидем, ки мафкураи мардум назар ба 5 – 10 соли қабл тағйир ёфта, пеш рафтааст. Саводнокӣ миёни наврасону ҷавон, бавижа духтарон, саъю талошҳо ҷиҳати дарёфти илму дониш, фарҳангу варзиш ва ғайра боло рафта. Раиси шаҳр дар пайравӣ ба сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат ба соҳаҳои иҷтимоиёт ва маънавиёт таваҷҷуҳи хоса доранд. Масоили баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ дар меҳвари таваҷҷуҳи шаҳрдорист. Бо мушкилиҳо мувоҷеҳ гардем ҳам, ин пайкор моро неру меангезад, то хастагиро эҳсос нанамоем. Гоҳе, ки барои бо падидаҳои манфӣ, амсоли радикализм, терроризм, экстремизм, хурофотпарастӣ, эътиқод ба фарҳангҳои бегона мубориза бурдан, дучори мушкилот мегардем, ба дас­тур ва пешниҳодҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ меорам, ки бароям уқдакушои гиреҳи мушкилиҳост. Чорабиниҳо, корҳои фаҳмондадиҳиро бо мардум зиёд доир менамоем, то амиқан дарк созанд, ки имрӯз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат созандаву бунёдкорона аст, - афзуд Дилбарбону.

 Модари дилогоҳ

Рӯйи мизи ошхона, ки фориғ аз кор роҳбарбону ба таҳияи ғизои лазиз фурсат меёбад, романи «Духтари оташ»-и Ҷалол Икромӣ қарор дорад. Гоҳе ду – се варақ мутолаа карда, хотироти аз ёд рафтаро бедор месозад. Духтари хурдӣ, хонандаи синфи 5-ум, ба амали модар таваҷҷуҳкунон китобро варақ мезанад, то бубинад модар кадом саҳифаро мехонад. Ҳисси кунҷковиаш боло мегираду аз бардоштҳои модар ҷӯё мешавад. Аз нақлҳои ҷолиб ботинаш дар туғён, ӯ низ ба мутолаа мепардозад. Ба чунин тарз, модар ҳар се духтарашро, ки дуи аввал донишҷӯянд, ба дунёи маънӣ ворид сохт. Агарчи пайи иҷрои рисолати корӣ фурсате кам ёфт, бо роҳнамоӣ тавонист онҳоро дар зиндагӣ мустақилият омӯзад. Аз ёд медонист ҷадвали дарсии фарзандонро ва ҳамвора назорат мебурд, ки раҳ ба хато набаранд.

Духтаронам қаноатпешаву хоксоранд, пироҳанҳои одӣ ба бар мекунанд ва ҳеҷ гоҳ аз номи мо, волидон, мағрур нашудаанд. Бо неруи зеҳн дуи онҳо мактабро бо баҳои аъло хатм карданд. Вақте духтари дувумам бо медали тилло литсейро хатм намуду бо неруи идрок ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуд, банда пайи кор дар Мактаби президентии шаҳри Кӯлоб будам. Дар баробари таҳсил ҳар кадоме дар хона уҳдадориҳо доранд. Духтари бузургам оилаи хуб бунёд намудааст, бо дуи дигар ҳама кори рӯзгорро дар ҳамбастагӣ сомон медиҳем. Замоне, ки дар бинои серқабат иқомат доштам, хаёлам аз норасоии ҳавои серуни ҳавлӣ нафасгир мешудам. Бо ҳамсарам машварат карда, аз баландошёна ба ҳавлии хоксоронае кӯч бастем. Зиндагии маъмули тоҷикона дорему бештар ғизоҳои миллӣ таҳия менамоем, ки шуғли писандидаам аст. Ғайр аз ин, ба илми равоншиносӣ мароқ дораму адабиёти ин соҳаро зиёд мехонам, то бо кӯдакони ятиму имконияти маҳдуддошта суҳбати дилпазир ороям, - изҳор намуд бонуи кор.

Қаҳваи финҷони ман аз суҳбати марғуб сард мешавад. Хиҷолат мекашам, ки ҳудуди як соат вақти гаронбаҳои бонуи роҳбарро рабудам. Табассуми малеҳи даври лабон шукуфтааш маро таскин мебахшад. «Вазифаи мост, ки бо мардум ва миёни мардум бошем», - мегӯяд ӯ.

Аз дафтари корӣ берун меояму гуфтаҳояш зеҳнамро фаро мегиранд: «Ҳама шароитро барои рушду нумӯи мо Пешвои муаззами миллат фароҳам овардаанд. Шахсан ман, ҳамчун духтари деҳот, хаёлам то ҳанӯи барои миллат заҳмати шоиста накашидаам. Дастгириҳои беназирро дар ҳаққи духтарони маҳал чӣ сон метавон ҷуброн кард? Фақат ҳаминро батакрор мегӯям, ки то умр боқист, барои Ватани маҳбуб бояд содиқона хизмат намоям!».

Ситора АШӮРОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 22)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон