БОЙГОНӢ

«    Январ 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Татбиқи Паём тақозои замон аст

Сиёсат / Слайдер

Таърихи башарӣ ва ҳам маҷмуи илмҳои динниву дунявӣ собит бинмудаанд, ки аз аҳди қадим то замони муосир ва минбаъду ояндаҳои дур ҳам, рушду худшиносӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии инсон дар зиндагӣ бидуни шахси раҳнамо имконнопазир аст. Дар масири бунёдгузории ҷомеаи мутамаддин ва асосгузории сохти давлатдориҳои навин ҳам шахсиятҳои бузурге  нақши меҳварӣ мебозанд, ки мардум дар симои онҳо пешво ва ҳидоятгари худро  мешиносанд.

Маҳз афкору андешаҳои хирадмандонаи ин фарзандони фарзонаи миллат омили таҳаввулоти бузурги илмиву фарҳангӣ гардида, ҷомеаро ба ояндаи дурахшону саодати зиндагӣ мерасонад. Зуҳури ситораи яке аз нобиғаҳои халқи тоҷик, ки дар муҳимтарин марҳилаи ҳассоси таърихӣ Истиқлоли варшикастаи моро аз вартаи ҷангу даргириҳои сиёсӣ наҷот бахшида, бо бунёдгузории давлати соҳибихтиёру дар арсаи ҷаҳон соҳибмақом, мардуми саодатманди Тоҷикистонро ба ояндаи дурахшон роҳнамоӣ дорад, намунаи беназире аз гуфтаҳои болост.

Ба бахти мо тоҷикистониён, Пешвои миллат дар баробари масъулиятҳои бузурги давлатдорӣ ҳамвора бо Паёмҳои ҳарсолаи худ, ки дар он кулли масоили дохиливу хориҷии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст,  масири як соли пешомади ҷомеаро равшанӣ бахшида, бо далелу арқоми саҳеҳ моро ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафу орзуҳои ҳаётиамон ҳидоят менамоянд. Зеро Паёмҳои  Президенти кишвар, ки дар он муҳмитарин масъалаҳои замони мо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад, ба рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа, омодагӣ ба равандҳои имрӯзу пешомади ҷаҳони муосир, рақобатпазирии устувор дар бозори истеҳсоливу истеъмолӣ, пешгирӣ аз хавфу хатарҳои глобалӣ ва дар умум, таъмини суботи ҷомеа ва таҳкими сулҳу ваҳдат дар кишварамон нигаронида шудааст.

Аз ин хотир, дар баробари масъулон ва кормандону хизматчиёни давлатӣ, зиёиёну фаъолони ҷомеа, агар ҳар фарди худогоҳ бо дарки моҳияти нуктаҳои дар Паёмҳои роҳбари давлат зикргардида, пайи касбу бозомӯзӣ ва беҳбудии рӯзгори худу аҳли хонадони хеш саъю талош намояд, бешакку тардид, ҷомеа ба суръат рушду пешрафт хоҳад кард. Чаро ки Паёми Пешвои миллат аз нигоҳи илмӣ маҷмуи таҳлилҳои амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ, раванду рушду тараққиёт, вазъи ҷаҳони муосир ва мушкилу масоили ҳалталаби дохилу хориҷи кишварро арзёбӣ намуда, дар масири як соли пешомади ҳаёту фаъолиятҳои гуногунҷабҳаи мардум ҳамчун санади роҳкушо мусоидат менамояд.

Чуноне, ки зимни ироаи Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат иброз дошт, дар баробари таваҷҷуҳи дучанд ба рушди иқтисодиёт ва сол аз сол суръат бахшидани рушди иқтисоди миллӣ, Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Бо дарназардошти баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии ҷомеа, ба хусус, неруҳои зеҳнии мамлакат бобати рушди иқтисоди рақамӣ ва тақвият бахшидани иқтидорҳои истеҳсолӣ тавассути пайванди илм бо истеҳсолот, Президенти кишвар таъкид намуданд, ки дар панҷсолаи пешомад ба хотири пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:

- такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.

- то шабакаҳои панҷ–ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.

- рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.

- рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.

- истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.

-андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.

- ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.

 Вобаста ба ин, вазорату кумитаҳо ва идораву сохторҳои марбутаи давлаӣ ҷиҳати фароҳам намудани асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ тадбирҳои мушахахс андешида, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд. Дар ин росто, бо мақсади вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025 – 2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд.

Ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои пешбинигардида дар солҳои 2025-2030 вазорату сохторҳои марбутаи мамлакат муваззаф гардидаанд, аммо ба хотири ноил гардидан ба дастовардҳои бештар ва омодагии кадрҳои ҷавобгӯи замони рушди технологияи ҷадиду навовариҳо ҳар яки моро мебояд дар баробари таваҷҷуҳи дучанд ба таълиму тарбияи  фарзандон ҳамвора, ба хотири истифодаи самараноки вақт машғулиятҳои фориғ аз таҳсили онҳоро  зерои назорати ҷиддӣ гирифта бошем. Зеро даврони навини ҳаёти башарӣ, ки пешрафти тараққиёти минбаъдаи олам аз неруҳои зеҳнӣ ва офаридаҳои ҳушманди инсоният бастагӣ дорад, дар радифи илму ҳунаромӯзиҳои иловагӣ, муҳимтарин меъёри рушди инсоният ва пешрафтҳои босуръати иқтисодиёт ин сарфаи вақт арзёбӣ мегардад.

Мусаллам аст, ки пешоҳангони ин даврони таҳаввулоти бузурги илму фановарӣ он барномасозони ҷаҳони маҷозианд, ки бо идеяву тарҳҳои беназири электронӣ ва эҳёву ташаккули платформаҳои оламгири интернетӣ ҳаёти башарӣ ва ҳам меъёрҳои ҷаҳонро дигар карда истодаанд. Ва дар ҳамин марҳилаи навини тарақиёту ташаккулёбии технологияи рақамӣ иҷрои ҳадафҳои дар Паёми Президенти кишвар дарҷгардида ва тарбияву омодасозии насли ҷавобгӯи ҷаҳони муосир, тақозои замон аст.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

вилояти Хатлон

 

 

 

 

 

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 54)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон