Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
НАМОЯНДАИ МАРДУМ Ӯ кист ва чӣ гуна интихоб мешавад?
Сиёсат / Слайдер4-уми декабри соли гузашта Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ фармон ба имзо расонданд, ки тибқи он 2-юми марти соли 2025 ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар мамлакат баргузор мешавад.
Акнун гуфтан мумкин, ки ду моҳи пешорӯи аввали соли нав пур аз воқеаҳои сиёсӣ хоҳад буд. Албатта, дар Тоҷикистони демокративу ҳуқуқбунёд барои фаъолиятҳои сиёсӣ ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё аст ва ҳизбҳои сиёсиву сиёсатмадорон дар доираи қонун ҳамарӯза корҳои тарғиботиву ташвиқотии худро роҳандозӣ мекунанд. Бовуҷуд, маъракаҳои сиёсӣ, ки дар байнашон интихобот аз муҳимтаринҳост, ҳамеша фазои дигар доранд, зеро давраи интихобот яке аз марҳалаҳои муҳим барои ҷомеаи шаҳрвандист. Махсусан, дар шароити феълӣ ин маърака моҳияти махсус касб кардааст ва он ҷараёни равандҳои сиёсиро метавонад тезонад.
Интихобот аслан яке аз воситаҳои асосии рушду инкишофи ҷомеа маҳсуб ёфта, дар раванди амалишавии нияту ормонҳои мардум саҳм мегузорад. Одамон маҳз тавассути интихобот метавонанд, ки роҳи ояндаи инкишофи худро муайян намоянд. Вақте ин нуктаро хонанда мутолаа мекунад, шояд саволе дар зеҳнаш пайдо шавад, ки интихобот ба рушди инфиродии ӯ чӣ гуна таъсир дошта метавонад?
Агар масъала ба ин мавзуъ бархӯрад, бояд донист, ки тибқи таъриф, интихобот як шакли иштироки шаҳрвандон дар раванди сиёсии давлат ва давлатдорӣ мебошад. Пас, мардум бояд донад, ки дар ҳаёти ҳаррӯза онҳоро кӣ намояндагӣ мекунад? Яъне, одамон ба воситаи намояндагони худ дар парлумон, дар назди давлат ва институтҳои он ҳузури худро таъмин месозанд. Пас, намояндаи мардум бояд нафари арзандае бошад, ки аз номи ҳазорон шаҳрванд ба манфиати онҳо ҳарф зада тавонад, ҳуқуқи онҳоро ҳифз намояд. Ин кори саҳлу сода нест. Аз ин рӯ, номзад ба вакилӣ бояд нафари доное бошад, ки аз ҳаводиси иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон, минтақа ва Тоҷикистон огоҳии хуб дорад. На танҳо огаҳӣ, балки дар бораи масъалаҳои муҳим, воқеаву ҳодисаҳо назару биниши хосеро молик бошад.
Вижагии дигари интихобот ин аст, ки метавонад чеҳраҳои навро ба арсаи сиёсат ва ҳаёти ҷомеа муаррифӣ намояд. Ҳамчуноне 35 сол пеш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ошкор кард, ки як шахсият чӣ гуна ҷойгоҳи худро меёбад, то дар хизмати мардум бошад. Дар таърихномаҳо хондаем ва ҳам Пешвои муаззами миллат чандин бор бо ёдоварӣ аз он солҳо гуфтаанд, ки пайроҳаи сиёсии Президенти ояндаи Тоҷикистон чӣ гуна шакл гирифт. Дар як ҳавзаи интихобӣ 9 нафар муддаии як курсӣ буд. Номенклатураи замон ҷонибдорӣ аз прокурори вақти ноҳияи Данғара мекард. Аммо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд бо барномаи ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва инсонпарваронаи худ, ки ба андешаву фаҳмиши мардум наздик буд, истодагарӣ намоянд, интихоботро ба даври дуюм кашанд ва дар ниҳоят ғолиби ин маърака эълон гарданд. Чунин дастоварди сиёсӣ, агар аз як ҷониб саводу фаросати хос талаб намояд, аз сӯйи дигар ҷасорату иродаи қавӣ мехост. Ин сифатҳо баъдан Сарвари давлатро ба сифати Пешвои миллат ҳам муаррифӣ намуданд, ки бо гузашти ду сол мамлакати ҷангзадаву парокандаро соҳибӣ намоянд, ҳифз кунанд ва ба пешрафтҳои сатҳи ҷаҳонӣ муваффақ гардонанд.
Дар назар доштани ин гуна ҳолатҳост, ки раванди интихобот яке аз масъалаҳои муҳим барои ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, дар шароити кунунӣ кишвареро пайдо кардан ғайриимкон аст, ки аз ин институти қавӣ истифода набарад. Ба таври дигар гуфтан мумкин аст, ки интихобот метавонад захирагоҳи муҳими кадрҳо ҳам бошад. Барои ҳамин, зимни ироаи Паёми навбатӣ ба парлумон ва мардуми Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муроҷиат ба вакилони феълӣ гуфтанд: «Шумо академияи бузургро гузаштед, таҷриба пайдо кардед…».
Таври маълум, барои баргузории интихобот нақши асосиро ҳизбҳои сиёсӣ мебозанд. Ҳар як ҳизб барои соҳиб шудан ба миқдори зиёди овозҳо талош меварзад. Барномаву масъалагузориҳои гуногун ва аз ҳам тафовутдошта пеш меоянд. Ин хеле муҳим аст. Дар ҷараёни ин баҳсу баррасиҳо хеле аз масоилу мушкилоте, ки дар ҷомеа вуҷуд доранд, маълум мешаванд ва роҳҳои ҳалли онҳо изҳор мегарданд. Ҳамаи ин наметавонад аз таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ ва институтҳои он дур монад. Фақат як чиро набояд фаромӯш кард, ки дар барномаҳои пешазинтихоботии аҳзоби сиёсӣ бояд, пеш аз ҳама, манфиати давлат, ҷомеа ба инобат гирифта шавад, на ғарази дигар.
Як нуктаи муҳим ин аст, ки дар авҷи муборизаҳои сиёсӣ баъзан гурӯҳҳои ташаббускору фаъолон ба ҷойи тарғибу ташвиқи ғояҳои асосии барномавии ҳизб ё номзади худ, ба таърифу тавсифи ноҷои номзаду аҳзоб машғул мешаванду халос. Ин ба натиҷаҳои интихобот бетаъсир намемонад. Барои мардум, маҳз номзадҳое муҳим ба назар мерасанд, ки рухдодҳои дунё ва Тоҷикистонро амиқан дарк мекунанду барои ҳалли мушкилот барномаи хос доранд…
Мушкили дигари интихобҳо ваъдахилофии номзадҳост. Тақрибан дар ҳар маъракаи интихоботӣ номзад ва ҳизбҳо ба мардум ваъдаҳои зиёде медиҳанд, аммо пас аз интихоб шудан ваъдаҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ мераванд. Агар дар як маърака интихобгар ба номзад ё ҳизбе бовар карду ба ҷонибдориаш овоз доду баъдан маълум шуд, ки онҳо ваъдахилофе беш нестанд, панҷ сол пас, дар интихоботи навбатӣ маълум, ки ба ҷонибдории ин номзад ва он ҳизб овоз нахоҳанд дод. Яъне, интихобот маъракае нест, ки одамонро фиреб додан осон бошад.
Вақте сухан аз ваъдаҳои интихоботӣ рафт, ин нукта ҳам фаромӯш нашавад, ки интихоботи замони истиқлол акнун мисли даврони шуравӣ нест, ки номзад ва вакил аз интихобкунанда «наказ» гирад. Он замон таъбири «калушдепутат» хеле маъруф буд, ки далолати бо кадом чизи ҷузъӣ, масалан як калуш соҳиб шудани овози мардумро мекард. Аммо имрӯз бояд интихобкунанда ва интихобшаванда амиқан донанд, ки вазифаи номзад ва вакил акнун роҳ сохтан, ивази симчӯб ва масоили мисли ин нест. Вакил танҳо як рисолати аслӣ дорад: таҳия ва қабули қонунҳое, ки зиндагии мардумро ба замони нав мутобиқ гардонад, мушкилоташро осон созад…
Вакил набояд аз ҳоли интихобкунандаи худ бехабар бошад. Баръакс, мардум бояд он қадар ба вакили худ наздик бошанд, ки бо ҳар масъалаву мушкили худ ба ӯ муроҷиат карда тавонанд. Вакил аз рӯи ваколатҳояш дар ҳалли ин ё он масъалаву мушкилот мусоидат намояд.
Фаромӯш набояд кард, ки маъракаи интихоботии давлат симои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тасдиқи риояи меъёрҳои миллии конститутсионӣ ва меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон низ ҳаст. Нозирони зиёди милливу байналмилалӣ маъракаи интихоботиро ҷиддӣ назорат мебаранд. Расонаҳои хабарӣ дар бораи ин маъракаи муҳим ва фазои вобаста ба он, хабару гузориш таҳия месозанд. Ин ҳолат ва рисолати аслии худи интихобот пеши ҳар кадоми мо масъулияти муҳим мегузорад. Яъне ҳар шаҳрванд ба интихоботи қарибулвуқуъ бояд ҷиддӣ муносибат намояд. Ҳар яки мо талош варзем, ки бо донишу малакаи худ дар эъмори ҷомеаи мутамаддини демократию ҳуқуқбунёд саҳм гузорем ва баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гардидани Тоҷикистони маҳбуб ҷаҳд намоем. Бовар дорем чун интихоботҳои пешин ин маъракаи навбатии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллиро ҳам мардуми шарифи Тоҷикистон сарбаландона ба сомон хоҳанд расонд.
ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон
Мубодила:
Шарҳҳо
