БОЙГОНӢ

«    Феврал 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Таҳкимбахши дӯстии таърихӣ

Сиёсат / Слайдер

   Шоми 15-уми январи соли равон фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии меҳмони воломақом бо сад ҳазор гул ба пеши пойи қадами дӯст чун баҳори бехазони Тоҷикистон мураттабу музайян буд. Парчамҳои давлатии ду кишвари ба ҳам бародар Тоҷикистону Эрон бо парафшонии худ меҳмонони воломақомро аз кишвари ба мо дӯсту бародар хайрамақдам гуфта, самимияту рафоқат меафшонданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳтироми баланд меҳмони воломақом - Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиёнро чун расми хуби тоҷикона гарм ба оғӯш гирифтанд. Ин муҳаббату самимият на танҳо миёни ду шахсият, балки миёни ду миллат аст, ки ба таъбири маъруф хешовандони наздиканд, ҳамдилу ҳамтаъриху ҳамзабонанд!

Дар ҳошияи нахустин боздид ва сафари давлатии Масъуди Пизишкиён ба Тоҷикистон суҳбати самимии сарварони ду давлат боварибахш буд, ки дар таърихи муносибатҳои ду кишвар саҳифаҳои нав боз хоҳад шуд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён чун арзи эҳтиром дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт. Дар ин маросим Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ӯро ҳамроҳӣ доштанд.

X Субҳи 16-уми январ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиёнро дар майдони Қасри миллат, бо баргузории маросими бошукӯҳ истиқбол намуданд.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон, имзои шумораи зиёди санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла ҳамоиши тиҷоратию сармоягузорӣ ва гардишгарӣ, маҳфилҳои судманди илмиву адабӣ башоратбахш аз он буд, ки дӯстиву рафоқати Тоҷикистону Эрон, ки реша дар таърихи куҳан дорад, пояндаву ҷовидон хоҳад буд!

«Бонувони Тоҷикистон»

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2025_small.pdf [3.91 Mb] (зеркашиҳо: 13)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон