Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Эҳтиром ва нақши зан-модар (Бардошт аз Паёми навбатии Пешвои миллат)
Сиёсат / СлайдерМодар беҳтарин армон, азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин муъҷиза ва арзандатарин сарватест, ки ҳамагонро ҳаёт бахшидааст. Аз ҳастии пайкари бузургаш ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад. Тавоноии модар касро зинату самар, симу зар, болу пар ва шаҳду армон мебахшад.
Таърихи инсоният собит сохт, ки ҷомеа дар ҳама давру замон ба нақши зан ва саҳми вай дар рушди ҷамъият ниёз дорад. Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки ба мавқеи зан -
модар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Яке аз нуктаҳои муҳим дар Паёми навбатии Пешвои миллат, дар баробари масъалаҳои муҳими давлатдорӣ, дастгирии бонувон ва нақши онҳо дар ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ ба тарзи хосса истодагарӣ намуда, саҳми зан-
модар дар пешбурд ва амалигардонии сиёсати давлатӣ арзишманд муаррифӣ намуданд. Ғамхорӣ ба зан-модар ин ғамхорӣ ба ояндаи миллат мебошад.
Яке аз масъалаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор мегирад, ин баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва андешидани тадбирҳои судманд дар ин самт мебошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимияти бепоён аз меҳру садоқат ва назари нек дар Паёми навбатӣ таъкид намуданд: «Он меҳрубоние, ки Модар ба фарзанд мекунад, ягон шахси дигар карда наметавонад». Ин таъкиди Сарвари давлат ҳар як нафарро ҳидоят менамояд, ки ба қадри модар бирасад ва ҳамеша нисбат ба эшон меҳрубон бошад. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҷойгоҳи зан-модар дар кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Пешвои миллат бо ишора ба саҳми модарон дар рушд ва пешрафти ҷомеа, нақши онҳо дар таълиму тарбияи фарзандон, бахусус дар тарбия намудани фарзандони ватандор ва худшинос, таъкид карда, онҳоро ҳамчун «паҳнкунандаи арзишҳои маънавӣ ва фарҳангӣ» ном гирифтанд. Нақши бонувону модаронро дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа дар замони соҳибистиқлолӣ назаррас арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки онҳо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сарулибос ва оинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расондани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Рақамҳои дар Паёми Пешвои муаззами миллат ироагардида далели ғамхорӣ ва пешрафти бонувон дар даврони истиқлолият аст. Зикр гардид, ки: «Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд». Ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои гузашта пешрафти бузург арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон, зикр шуд, ки: «Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ шуғл меварзанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм ва соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани Квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир, 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо Квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд. Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем».
Бо истифода аз шароитҳои хубу мусоиди фароҳамовардаи давлат имрӯз зан-модари тоҷик дар ҳама соҳаҳо муваффақ аст. Имрӯз бештари ғолибон ва иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби ҷавондухтарон аст. Дар баробари ҳама ин самимияту таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, бонувону модарони тоҷик, бояд бо фаъолияти пурсамар дар таълиму тарбияи наслҳои оянда дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ саҳмгузор бошем.
Умеда АЛИМОВА,
омӯзгори Гимназия-парваришгоҳи
ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ