Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
«Дар амвоҷи баҳри пурталотум бояд ба соҳил бирасем»
Сиёсат«Хеле меҳмони бо пою қадам ҳастӣ. Бо маҳзи омаданат китоби нав аз чоп баромадаамро мисли нони гарм аз танӯри шеър кандам», - бо табассуме, ки омезиш бо ҷиддият дошт, дастамро фишурд ҳамсуҳбатам. «Оиладорӣ?», - пурсид ӯ. Гуфтам: «Бале!». «Фарзанд дорӣ?» Гуфтам: «Оре!». Гуфт: «Вақте мефаҳмӣ, ки Зан-Модар аст, эътимод дорӣ, ки инсони комиле рӯбарӯят истода». Чун дидам бо чолокӣ сарриштаи суҳбатро бар даст гирифтанист, заранг шудаму суолаш додам:
Рисолати модарӣ дар чӣ зоҳир мешавад?
- Танҳо инсоне, ки шарафи модариро чашидааст, ба ин суол то андозае посух дода метавонад. Унвони «модарӣ» шоҳҷоизаест, ки пас аз дарёфти он метавонӣ вожаи модарро шарҳу тавзеҳ бидиҳӣ. Мардон дар ташреҳу таҳлили вожаи модар ҳамеша оҷиз ҳастанд.
Вақте зиндагӣ ба унвони як падидае аз худ дарак дод, Худованд муъҷизаи аввалинашро ба Зан-Модар эъто кард. Кадом муъҷиза? Муъҷизаи якум он аст, ки ба ӯ эътимоднома дод. Вай ягона мавҷудоти олитарине, ки баъди офариниши Худованд ва халлоқияти ӯ, қодир аст парчамбардори офариниши силсилаи инсоният бошад. Яъне, пас аз Худованд танҳо модар аст, ки қудрати офариниш дорад. Дувумин муъҷиза, ки Худованд танҳо ба Модар дод, ин дар тазъиқи хуни ӯ ғизое аз олами биҳишт ворид кард, ки шири покаш аст. Сарчашмаҳо мегӯянд, ки ғизои аввалини ҳурони биҳиштӣ низ шир будааст. Худованд ана ҳамин ду қудсиятро танҳо ба оне бахшид, ки вай наслофар, яъне Модар аст.
Модар меросбар ва идомадиҳандаи амалу ҳунару шаҳкори ҳамон модари азалист, ки дар гузори аслҳову наслҳо тамоми аржангу аркони фарҳангиву ҳунариро бо дастони худ такмилу тақвият дод, мерос гузошт ва имрӯз мо меросбараш ҳастем.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо мегӯянд: «Ман ба неруи муқтадири Зан-Модар бовар дорам!» Ин сухан на танҳо мо, модаронро руҳбаланд месозад, балки калидест, ки тамоми қуфли иллатҳоро мекушояд. Агар ба таърих назар андозем, модарон дар ҳама ҳолат, новобаста аз ҳаводис ваҳдатхоҳу ваҳдатсоз буданд. Маҳз ба шарофати Модар мардон дар набардҳо ғолиб меомаданд. Чӣ қудрате дар марҳалаҳои тақдирсоз мардони моро шарафи ғолибият дода? Якум, Худованд ба модар лутфу марҳамате ато карда, ки метавонад ба инсонҳо, хоса мардон неру бахшад. Дуюм, дар сиришти модарон эҳсоси бовариву эътимод ба худ мавҷуд аст, ки умедҳоро меафзояд ва дуояшон ҳатман роҳкушои фарзандон хоҳад буд. Сеюм, модарони сулҳхоҳ хуб дарк мекунанд, ки ваҳдат арзишмандтарин туҳфаест барои онҳо ва аввалин тире, ки аз ҷангу иллат мерасад, ба ҷони модар мерасад.
«Сиёсат худсохтанҳову худсӯхтанҳоро тақозо дорад»
Барои хонанда ҷолиб аст бидонад, ки воқеан чӣ гуна як духтари одӣ аз ноҳияи Шуғнон мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор гирифт?
Зодаи деҳаи Сардеми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳастам. Номи деҳа ҳам аз иқлими сардаш аст. Замони кӯдакиҳо бисёр зимистони тулониву сард доштем. Мактаб яку ним километр дуртар аз хона ҷойгир буд. Дар зимистон бародарон пеш-пеш мерафтанду мо аз рӯи изи онҳо қадам мебардоштем. Барф як метр, деворҳои барфпӯш. Мабодо хато хӯрда аз изи пайи писаракон берун қадам мемондем, дар барф гум мешудем.
Модарам як зани одии хонашин, ки исми покаш Хуршедмоҳ, бисёр китобдӯсту китобхон буд. Шавқи маро ба китобхонӣ, маҳз модар бедор сохт. Хулоса, ҳама дарсҳоро бо баҳои аъло мехондаму фанни забон ва адабиётро дигаргуна дӯст медоштам. Чилла Хушмамадова, устоди фанни забон ва адабиётамон нисбатам бисёр таваҷҷуҳ дошт ва ба олимпиадаҳои фаннӣ раҳнамун месохт.
Пас аз хатм донишҷӯйи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ гаштам. Фаъолона дар маҳфилҳо иштирок мекардам, садри ҳамоишҳо будам, қобилияти суханрониамро ба инобат гирифта ба телевизиони маҳаллӣ зиёд мехонданд.
Соли 2008 аввалин бор Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ноҳияи Рӯшон дидам. Вақте аз намоишгоҳи ноҳияи Шуғнон дидан мекарданд, як баромади кӯтоҳе наздашон доштам. «Суханрониро бинед!», - гуфтанду ба масъулини атрофашон нигаристанд. Соли 2010 дар мулоқот бо аҳли зиёи мамлакат бо Президенти кишвар, ба намояндагӣ аз вилояти Бадахшон суханронӣ кардам. Соли 2011 дар ноҳияи Шуғнон мудири шуъбаи иҷтимоиёт ва фарҳанг будам. Ба ташрифи Президент дар вилоят омодагӣ медидем. Якбора ҳам аз роҳбарияти вақти ноҳияи Шуғнон, Шодихон Ҷамшед ва ҳам аз раиси вақти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим пешниҳод гирифтам, ки дар ин сафари некпайғоми меҳмони олишон ба намояндагӣ аз ҷавонони фаъол дар назди Сарвари давлат баромад кунам. Пас аз суханронии хеле пурмуҳтавои Пешвои муаззами миллат, ман аз номи ҷавонони Бадахшон изҳори сипосу иродатмандӣ ба ҷо овардам ва китоби тозанашрамро чун армуғон ба ӯ эҳдо кардам. Маҳз ҳамон рӯз даъват карда гуфтанд: «Духтарам, агар дар пойтахт бо хона таъмин кунем, омодаӣ дар Душанбе фаъолиятатро идома диҳӣ?» Пешниҳодро бо ҷону дил пазируфтам. Ҳамин тавр соли 2011 аввал ҳамчун муовини раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ корро шуруъ кардам, соли 2020 раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ таъин гардидам.
Байни мардум чун шоири ширинкалом, бонуи сиёсатмадору сухандон ва роҳрави ҷодаи илм шинохта шудаед. Мушкил нест бароятон пайванд сохтани масъулияти давлатӣ бо рисолати ҳамсариву модарӣ?
Шукрона, ки соҳиби се фарзанд ҳастам. Духтарам донишҷӯйи соли дуюми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аст, писарам донишҷӯйи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ ва писарчаи хурдиам, ки исмаш Рустам-паҳлавон аст, дар синфи 1-уми Мактаби президентӣ таҳсил дорад. Духтарам аз кӯдакӣ орзуи табиб шуданро дар дил мепарварид ва ман аз интихобаш истиқбол кардам. Хуб медонистам, ки иҷборан барои фарзандон касбу пеша интихоб намоем, онҳо муваффақ намешаванд.
Рисолати ҳамсарӣ аз рисолати модарӣ ҳам мушкилтар аст. Ҳамсар будан барои ман, яъне болу пар будан аст. Модар будан ҳам ҷоннисорӣ мехоҳад, ҳамсар будан ҳам гузаштҳое тақозо дорад. Агар ба қонуни зиндагӣ таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки чӣ қадар қадру манзалати мард дар сарнавишти як зан бузург аст.
Агар маро мепурсед, мегӯям, ки хушбахттарин ҳамсар ҳастам. Як рӯз Рудобаро дар Мурғоб мебинед, рӯзи дигар дар Сангвор ва боз дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва ҳамин тавр бе танаффус. Офарин ба ҳамсарам, ки дар анҷоми рисолати корӣ бо дарку идроки баланд маро дастгирӣ мекунад.
Китоби «Табассуми ишқ», ки имрӯз тоза нашр шуд ва мисли нони шеър рӯйи миз гузоштам, китоби ҳафтумини банда аст. Шоирӣ азхудгузаштанҳо мехоҳад, аммо ҳоло, ки дигар дар киштии баҳри пурталотум нишастаем, бояд ба соҳил бирасем. Мардум аз мо интизориҳое дорад ва бояд он рисолатро анҷом диҳем. Раҳпӯйи ҷодаи илм ҳам ҳастам. Рисолаи номзадиро дифоъ кардам ва дар садади анҷоми рисолаи докториам.
Шинохти шахсияти Шумо дар зеҳнҳо аввал бо шеъру шоирӣ шакл гирифту сабз шуд, мафҳуми шеъру мақоми шоирӣ барои худи Шумо чист?
Дуруст аст, ки мардум аввал маро чун шоир шинохт. Ягона чизе, ки аз инсон ба адабият мемонад, сухан аст. Тоҷикон аз азал тамоми мақсаду армону нусрати худро тавассути шеър баён мекарданд. Аслу асолати фитрии мо маърифату шеър буду ҳаст. Бурди мо ҳам дар ҳамин аст, ки миллати шеърдону шеъргӯ ҳастем.
Аз 13-солагӣ шеърҳои шогирдона мегуфтам. Шеърҳои аввалини худро ба устоди арҷманд Ширин Бунёд, Шоири халқии Тоҷикистон, дуруд ба равони покашон, пешниҳод месохтам. Баъди ба Душанбе омадан, дар олами шеъру шоирӣ таҳти тарбияи сахтгиронаи устоди бузург Камол Насрулло қарор гирифтам.
Инсон бо баробари рафтани солҳо тағйир меёбад, солор мешавад, фарқе байни Рудобаи одии кӯҳистонӣ ва бонуи фаъолу мақомдори имрӯз ҳаст?
Тақдир чунин рақам зада, ки барои ду кӯдаки дугоникам аз рӯзи аввал ҳам модар шудам ва ҳам падар. Шавҳарам дар орзуву ҳасрати дидори фарзандонаш ногаҳонӣ аз дори дунё рафт. Он рӯзҳои талх гуфтам:
Ман ночашида лаззати модар шудан ҳанӯз,
Бар тифлакони чашмбароҳат падар шудам.
Тасаввур кунед, ки чӣ гуна ҳамин як духтари 23-солае, ки бахташ, умедаш, бовараш, ишқаш, муҳаббаташ шикаст, фарзандонаш ягон вақт «падар» нагуфтанд, гармии меҳрашро эҳсос накарданд, лобалои фоҷиаи зиндагиаш қомат рост карду Рудоба шуд. Зиндагӣ идома меёбад, аммо доғҳояш мемонанд.
Сарнавишт маро бори дигар ба висоли ҷавони арзандае расонд, ки пас аз марги ҳамсар мисли ман танҳо монда буд. Бо ҳам издивоҷ кардем. Бо инояти тақдир бароям муттакои арзанда гардиду барои фарзандонам падари хубе шуд.
Овони кӯдакиҳо, ҳамон сангҳои кӯҳистон бароям ҷавҳар буданд. Ҳамон барфу боронҳо бароям муъҷиза буданд. Ҳамон ширинии домони модар, сарҷамъии фарзандони падар, ҳамсояҳои хубамон дар ёдҳоям ҷавлон мезананд. Дар оила 6 духтару 3 писар будем. Падарам ронанда, модарам ободгари хона. Бузургии модарам буд, ки дар ҳамон сангистон мекӯшид, то мо соҳиби маълумот бишавем. Мо ҳар яке соҳиби ду маълумотии олӣ гардидем. Роҳамонро дар зиндагӣ ёфтем, соҳиби оилаҳои солимем.
Ёдҳои кӯдакӣ маро мебаранд ҷониби Сардем. Ба ёди модари азизам. Модарам соли 2017 вафот кард. Дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ шикаст нахӯрдам, ҳеҷ гоҳ, аз ягон сардиву ранҷу ночорӣ нашикастам, ягона чизе, ки маро шикаст дод, ин марги модар буд, ки марги умед шуд, марги орзу шуд, марги хушбахтиву боварӣ шуд, марги зиндагиву нур шуд.
Аз Рудобаи мутаваллиди сангистон имрӯз фақат як номи Рудоба боқӣ мондааст. Дигар ҳамаро ба куллӣ тағйир додам. Худро дар шеър, илм, суханвариву сиёсат обутоб додам, шахсиятамро сохтам. Он Рудобаи кӯҳистонӣ пешорӯи чолишҳои зиндагӣ қодиру тавоно набуд. Лобалои рақобату шикастҳо оҷиз мебуд. Таслимношуда, бо сабр, бо таҳаммул пеш рафтанро омӯхтам.
«Хостан тавонистан аст!»
Барои ҳифзи забони модарӣ ва нигоҳдошти фарҳангу асолати миллӣ дар замони бархӯрди тамаддунҳо, ҷилавгирӣ аз таҳмили фарҳангу афкори бегона дар шароити ҷаҳонишавӣ чӣ бояд кард?
Аслу асолати мо, ин забони мост. Дар амвоҷи пурталотуми фарҳангҳо ин ягона сипар аст бароямон. Забони мо, забони фасоҳат аст, ки бузургон забони фариштаҳо унвонаш кардаанд. Забоне, ки Рӯдакиву Балхиву Ҳофизу Носири Хусрав ва садҳо бузургон дар рушду нигоҳдошташ кӯшидаанд. Вақте лаҳзае забон суқут мекунад, тамаддуну фарҳанг абадан мемиранд, як соат агар идеологияи миллӣ суқут кунад, ҷаҳолат ба абадият пирӯз мешавад. Дар рақобатҳо ва ҷанги шадиди мафкураҳо мо бояд коре кунем, ки фарҳангу тамаддуни миллиамон ҷовидонӣ бошад.
Дар хонаводае, ки китоб нест, аз илму адаб сухан намекунанд, дар он хонавода ҳеҷ гоҳ фарзандон ба қадру манзалати забони модарӣ намерасанд. Тарбия ва маърифатнокии фарзандон ба сарнавишт ё фариштагон не, ба мо, модарон бастагӣ дорад. Бо назорат ва ҳавасмандсозӣ аз фарзандон унсури муфид бисозем, онҳо ҳатман хушбахту саодатманд мешаванд. Танҳо таваллуду марг аз мо вобастагӣ надоранд, боқимонда чизҳо дар дасти худи инсонҳост…
Таманниёти Шумо ба хонанда…
Орзуи ҳамаи модарон як аст, осудагиву оромии кишвар, пойдории сулҳу субот. Мо аз шиори бузургони хеш неру мегирем, ки мегӯянд: «Хостан тавонистан аст». Итминон дорам, ки хостан ва тавонистанро мардуми мо дар амал татбиқ мекунанд. Бонувон хушбахт, меҳрофар, заковатманд, баландруҳ, баландҳиммат, баландирода бошанд, ҳеҷ гоҳ шикаст нахӯранд, оҷиз набошанд, қудрати мо дар мубориз ва истодагар буданамон пеши ноадолатиҳо ва рехту шикастҳои зиндагист, ки алорағмаш ҳамеша дастболоем!
Гулноза БОБОМУРОДОВА