Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
«Мавзуе, ки хеле муҳим аст, баён шуд…»
СиёсатАз Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ироа мегардад, мардуми кишвар интизориҳои зиёд доранд. Дар Паёми навбатӣ, дар баробари соҳаҳои асосии ҷомеа, ба мисоли дастгирии самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ, тандурустию маориф, фарҳанг ва муносибатҳои дипломатӣ, ҳамчунин мавзуи хеле муҳими аср, яъне рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва инноватсия баррасӣ гардид. Сарвари давлат ба хотири вусъат бахшидан ва рушди равандҳои инноватсионӣ, ҳамчунин истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
Суҳбати хабарнигори маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо Силмон Мавлоназаров, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент - сарходими илмӣ, профессори Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ:
X - Рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва вусъат бахшидан ба зеҳни сунъӣ дар Паёми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуктаи асосӣ маҳсуб дониста шуд. Атрофи ин нуктаи муҳими рӯз чӣ андеша доред?
Хизматрасониҳои давлатии рақамӣ, рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, даромади буҷет, шаффофият, содагардонии расмиёт, омода намудани мутахассисони болаёқат дар соҳаҳои гуногун, ҷалби технологияҳои муосир, умуман беҳдошти вазъи зиндагии мардум дар тамоми дунё марбут ба амалисозии иқтисоди рақамӣ мебошад. Рушди иқтисоди рақамӣ дар шароити имрӯза мавзуи муҳимест, ки барои муқовимат бо зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ нақши созанда мебозад.
Табиист, ки зиндагии мардум, пеш аз ҳама, ба рушди соҳаи иқтисод вобастагии амиқ дорад ва бо тақозои замони муосир амалисозии иқтисоди рақамӣ шарт ва зарур аст. Тоҷикистон дар марҳалаи нави иқтисоди рақамӣ қарор дорад ва аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои муассир барои гузариш ба рақамикунонии иқтисодиёт дар соҳаҳои гуногуни кишвар роҳандозӣ шудааст. Дар ҷумҳурӣ аллакай дар ин самт заминаҳо гузошта шуда ва барномаҳо тарҳрезӣ гардидаанд, ки Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 аз ҷумлаи онҳост.
Соли 2022 банда низ китоби дарсӣ барои донишҷӯёну магистрон бо номи «Иқтисоди рақамӣ» ба табъ расондам, ки умед дорам, саҳме дар баланд бардоштани маърифати технологии мардум гузоштам. Бо амалӣ шудани ин барномаҳо ва эълон гардидани солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» боз ҳам корҳои фаҳмондадиҳӣ авҷ гирифта, раванди вусъатбахшӣ дар самти иқтисоди рақамӣ ва инноватсия меафзояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари ин мавзуъ, яъне аз манфиати истифодаи технологияи рақамӣ ба иқтисоди кишвар зикр карданд, ки давоми соли сипаригашта аз ҳисоби гардиши маблағҳои ғайринақдӣ, ки тариқи системаҳои электронӣ сурат гирифт, сатҳи иқтисодии зиндагии мардум то андозае боло рафт. Воқеан, он маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлат барои чопи коғазҳои қиматбаҳо ё пул масраф мешуд, он барои ободонӣ ва беҳбудии зиндагии мардум равона мегарданд.
X - Имрӯз, ки ҷаҳони муосир тавассути технологияи рақамӣ бо суръати баланд рушд намуда истодааст, дар Тоҷикистон низ дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ қадамҳои устувор гузошта шудаанд…
- Дар ҷаҳони муосир моделҳои нави тиҷорат, ба мисоли маҳсулоти нав, хизматрасониҳо ва татбиқи технологияи зеҳни сунъӣ барои гузариш ба иқтисоди рақамӣ мусоидат намудаанд. Имрӯз сари ҳар қадам шоҳиди навгониҳои технологияи рақамӣ дар истифодабарӣ аз хизматрасониҳо дар хариду фурӯш, пардохти ҳаққи барқу об, пардохти роҳкиро дар мусофирбарҳо ва ғайра мешавем. Мутаассифона, пеш аз ҷорӣ будани чунин системаҳои электронӣ байни мардум бо нозирони барқу андоз ва дигар намояндагони соҳаҳо нофаҳмиҳо рух медоданд ва маблағҳои ҷамъоварда ба буҷети давлат ворид намешуданд. Ҳоло бошад, ҳар истифодабаранда ё шаҳрванд вақти худро зоеъ накарда, дар муҳлати муайян ҳаққи барқ ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба буҷет ирсол менамояд.
Бахусус, имрӯз пешрафти босуръати системаҳои электрониро дар соҳаҳои андоз, бонкдорӣ, тиб, маориф ва нақлиёт бештар эҳсос менамоем. Барномаи махсуси Кумитаи андози ҷумҳурӣ, andoz.tj кори соҳибкорону андозсупорандагонро то ҳадде осон намудааст, ки истифодабарандагон тариқи «ҳуҷраи шахсӣ» ғайр аз пардохти андоз, инчунин аз маслиҳату машварати мутахассисони соҳа тариқи суҳбати онлайнӣ ё паёмакҳо баҳравар мешаванд.
Соли 2024 бо ибтикори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ маркази махсуси логистикии рақамӣ таъсис дода шуд, ки тавассути он назорати технология ва техникаи дар кишварбуда ва ба кишвар воридшаванда роҳандозӣ шудааст. Ё системаи рақамии «Шаҳри ҳушманд», ки имрӯз дар шаҳри Душанбе фаъолият дорад, тариқи камераҳои назоратии рақамӣ роҳҳои пойтахт назорат мешаванд. Ҳамчунон, имрӯз дар дилхоҳ муассисаю корхонаҳо, мактабу боғчаҳо чунин камераҳои рақамӣ насб гардидаанд.
Дар соҳаи маориф мавриди амал қарор гирифтани иқтиcoди рақамиро дар ташкили марказҳoи теcтӣ, паркҳoи технoлoгӣ ва журналҳoи электрoнӣ мебинем, ки аз заминаҳoи амалишавии иқтиcoди рақамӣ мебoшанд.
Бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар барои истифодабарандагони нақлиёти шаҳрӣ кортҳои мусофиркашонӣ ҷорӣ шуданд. Мардум тавассути кортҳо, ки бо номҳои гуногун, аз қабили кортҳои «Наврас», «Хонанда нимсола», «Хонанда солона», «Ройгон» ва ғайра дар системаҳои автоматикунонидашудаи автобусу троллейбусҳо истифода мешаванд, мусофирон роҳкирои худро мепардозанд. Ба ин васила, маблағ сарфа, қонунвайронкунӣ дар муоширату ҳисоббаробаркунӣ кам шуда, фарҳанги шаҳрнишинии аҳолӣ боло меравад.
X - Дар татбиқ намудани иқтисоди рақамӣ Тоҷикистон чӣ имкониятҳо дорад?
- Ҳамаи имкониятҳо барои татбиқ намудани иқтисоди рақамӣ дар кишвар фароҳам оварда шудаанд ва аҳолӣ низ аз истифода ва дастрасӣ ба системаҳои электронӣ бархӯрдоранд. Яъне, мо ҳамқадами замони муосирем. Минтақаҳои озоди иқтисодие, ки алҳол дар мамлакат фаъолият доранд, кори худро тариқи системаҳои рақамӣ анҷом дода, тиҷорати рақамиро роҳандозӣ намудаанд. Воридоти таҷҳизоти корӣ, коркарди маҳсулоти хом ва истеҳсоли маҳсулоти тоза, ҳамчунин содироти молу коло дар корхонаҳои навбунёд тариқи системаҳои рақамӣ сурат мегиранд. Ин ҳам имкониятест, барои рушд додан ва рақамикунонии иқтисоди миллӣ. Вақте тиҷорати рақамӣ рушд кард, ҳоҷат ба таъсиси идораҳои корӣ ё ба истилоҳ офис, ё банд намудани коргару корфармо нест мегардад. Барои корбарони тиҷорати рақамӣ дар гардиш будани молу маблағ ва ба даст овардани пул муҳим мебошад.
X - Дар марҳалаҳои нави гузариш дар кадом самте набошад, пешниҳодҳо, фикру андешаҳои нав ба манфиати кор аст. Шумо чӣ пешниҳоде дар рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон доред?
- Пешрафту рушди ҳар соҳа ба мутахассисони варзида ва нафарони огоҳ аз касбияти замони муосир вобаста аст. Ва, хушбахтона, мутахассисони кордон дар ин соҳа дорем, ки мисолашон дар Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти ҷумҳурӣ мебошанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шаванд.
Кумитаи андози ҷумҳурӣ, Хадамоти гумрук, Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо донишгоҳҳо ҳамкории ногусастаниро роҳандозӣ намуда, барои дарёфти мутахассисони боистеъдод маоши хуб ё дигар ҳавасмандкуниҳоро бояд пешниҳод кунанд. Зеро аксари мутахассисон ба хотири маоши дилхоҳ ва шароити мусоиди корӣ фаъолияташонро дар ширкатҳои хусусӣ идома медиҳанд. Ҳамчунин, тиҷорати электрониро бояд вусъат дод ва фурӯши онлайниро афзун кард.
Имрӯз дар пойтахт мошинҳои мусофиркаш, ба монанди таксиҳо хеле зиёданд. Аксари ронандаҳо тарзи истифодабарии харитаи электрониро намедонанд. Аз надонистани барномаи махсуси пардохти ғайринақдӣ байни мусофирон ва ронандагон нофаҳмӣ ба вуқуъ пайваста, гоҳо боиси хархаша мегардад. Сабаби асосии ин паст будани маърифати технологӣ аст, ки чунин мушкилиҳо пеш меоянд. Пас, ширкатҳои таксӣ курсҳои омӯзишӣ барои ронандаҳоро таъсис диҳанд, ки дар он ҷо на танҳо истифодаи технологияи рақамӣ омӯзонда шавад, ҳамчунин дарси муошират бо мусофиронро омӯзонанд.
Тоҷикистон низ дар қатори давлатҳои пешрафтаи дунё роҳ сӯи технологияи навин, иқтисоди рақамӣ ва инноватсияро пеш гирифтааст. Аз ин рӯ, дилхоҳ шаҳрвандро зарур аст, ки забони технологияи муосирро омӯзад. Гоҳе аз надонистани забони хориҷӣ дар хориҷа азият доштем (ва дорем), нашавад, ки аз надонистани технологияи муосир ба мушкилот мувоҷеҳ шавем. Ҳамчунин, огаҳ набудан аз тарзи дурусти истифодабарии технологияи муосир боиси фарсудашавии бармаҳал ва нобуд шудани таҷҳизот ё дигар зарарҳои техникӣ мегардад, ки зарар ба буҷети хонавода ва ҳам кишвар аст.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО