Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Паёми башоратрасон
Сиёсат / Илм ва маориф / СлайдерМусоҳибаи ихтисосии «Бонувони Тоҷикистон» бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои таърих – Мунзифа Ҷабборӣ
28-уми декабри соли 2024 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бори аввал дар бинои навбунёди Парлумон, бо шукӯҳу ҳашамат ироа гардид. Бардошти Шумо аз Паёми нави Президенти мамлакат ҳамчун як ҷавоне, ки тоза ба вазифаи масъули давлатӣ таъин гардидед, чӣ гуна аст?
Аз иштирок дар ҷаласае, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, эҳсоси аҷибе доштам. Ҳисси хуши ифтихор, масъулият, садоқати самимӣ нисбат ба давлату миллат, Президент ва мақоми ишғолнамудаам фарогир буд.
Нуқтаи ҷолиби Сарвари давлат умед ба фардои дурахшон ва такя ба насли ҷавони кишвар буд, ки бори дигар таъкидан зикр намуданд: «Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем».
Воқеан, ҳоло 61 дарсади умумии кормандонро дар мамлакат ҷавонон ташкил медиҳанд, яъне ин неруи қувватбахш бояд идомадиҳандаи кору пайкори неки арбобони гузашта ва шахсиятҳои нотакрори миллати хеш бошанд.
Мо, зимомдорони самти идеологӣ, дар танзими рӯзгори худ бо мардуми шарафманди Тоҷикистон барои аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму оинҳои сунъӣ ва серхарҷ, риояи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ ва аз ҳама муҳим, риояи қонунҳои миллӣ, ки зикрашон дар Паём рафт, талош хоҳем варзид.
X - Яке аз нуктаҳои муҳими Паём ба таъмин ва пойдории амнияти давлатӣ бастагӣ дошт. Сарвари давлат ҳушдор доданд, ки дар ин шароит зарур аст бо дарки амиқи вазъ, бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ дар андешаи пешрафту нигоҳдошти якпорчагии Ватан бошем. Дар замони ноороми вазъи имрӯзаи дунё чӣ бояд кард, то Истиқлоли давлатиро бегазанд нигоҳ бидорем?
- Воқеан, бо назардошти вазъи геополитикии сайёраи Замин Сарвари давлат авзои ҷаҳони муосирро пешгӯинашавада арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳамаи мо аз вазъи ниҳоят мураккабу печидаи дунё бояд хуб огоҳ бошем. Дар замони ҷаҳонишавӣ, тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги ғайр майл намудани ҷомеа ба раванди ташвишовар табдил ёфта, таассубу хурофотпарастӣ ҷомеаро ба кӯи сарбаста мебарад.
Мо ҳанӯз вазъияти сангини буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии солҳои 90-уми асри гузаштаро дар хотир дорем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9-уми марти соли 2024, дар суханронии хеш, зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар доир ба равандҳои манфие, ки дар ҷаҳони муосир рӯи кор омадаанд, аз ҷумла, бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизм, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгаро ва масоили дигари доғ ибрози андеша намуда буданд.
Эҳтимолияти рушди равандҳои сиёсиро дар ҷомеа таҳлил намуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 23-юми январи соли 2015 зикр карда буданд: «Сабақи талхи таърихи кишварамон ҳар як шахсро ҳушдор медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст надиҳад, ватандӯсту ватанпарвар бошад, аз гузаштаи пурғановати ниёгон ифтихор кунад ва ба ин роҳ ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодиро эҳтиёт ва ҳифз намояд»…
X - Бо назардошти пешрафти бесобиқаи техникаву технология ва гузаштан ба иқтисоди рақамӣ солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардиданд. Дар ҳошияи ин тасмимот чӣ корҳо бояд ба сомон бирасанд?
- Солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави иқтисоди рақамӣ қарор дошта, аллакай баъзе тадбирҳои муассир барои гузариш ба рақамикунонии иқтисодиёт ва соҳаҳои иҷтимоии кишвар роҳандозӣ шудаанд. Мушоҳидаву таҷриба нишон медиҳанд, ки рушди соҳаи мазкур ҳадафи муҳимтарини давлату Ҳукумати мамлакат мебошад.
Огюст Конт, файласуфи барҷастаи фаронсавӣ дар асри 19 таъкид дошта буд, ки як қатор илмҳои позитивӣ, аз қабили физика, химия, биология ва арифметика барои пайдоиши давраи позитивӣ дар ҷомеа сабаб шуда метавонанд. Мутафаккир се давраи ҷамъиятро пешгӯӣ карда буд: «теологӣ», «метафизикӣ» ва «позитивӣ». Мафҳуми «позитив» аз калимаи лотинии «positivus» гирифта шуда, маънои «мусбат»-ро дорад. Ба ҳам таъсиррасон будани илмҳои позитивӣ ва ба вуҷуд овардани технология ва илми инноватсия талаботи замони муосир ба ҳисоб рафта, диққати мардуми сайёра ба он афзуда истодааст. Бо иқтидори баланд ва зудпаҳншавии технологияҳои нав ва зарурати омӯзиши илмҳои дақиқ ҷомеаро минбаъд бе иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия тасаввур кардан ғайриимкон аст.
X - Имрӯз дар соҳаҳои гуногуни ҷамъиятиву сиёсӣ воқеан сафи занон афзудааст ва худи Роҳбари давлат ҳам аз ин раванд изҳори қаноатмандӣ намуданд. Барои боз ҳам зиёд шудани сафи бонувон дар вазифаҳои баланди давлатӣ ва 50 ба 50 расондани фоизи хизматчиёни давлтӣ ва эътидоли баробарвазнӣ бо мардон чӣ бояд кард?
- Ҷомеае, ки дар он давлат аз мақоми занон пуштибонӣ менамояд, созанда асту пешрафта. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунандаи кишвар баробарҳуқуқии занро бо мардон кафолат медиҳанд. Амал кардани як қатор барномаву стратегияҳо, ки нақшу манзалати занро боло мебардоранд, гувоҳи он аст, ки имрӯз мо, бонувон, таҳти дастгириву пуштибонии Сарвари мамлакат қарор дорем. Ин аст, ки, хушбахтона, сол аз сол сафи занони роҳбар дар кишвар афзуда истодааст.
Ҳамчуноне ки дар Паём Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора намуданд: «Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд».
Сано ба Пешвои раҳнамоямон, ки дар Паём бо қатъият таъкид доштанд: «Мо минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани фармони Президенти мамлакат доир ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб мекунем».
X - Дар Паём зикр гардид, ки соли 2027 мамлакат ба истиқлолияти комили энергетикӣ хоҳад расид. Ин навид ҳар соҳибватанро масрур сохт, чун ҷавони фаъолу мақомдор чӣ эҳсосе доштед замони шунидани ин навид?
- Вақте муҳтарам Президент гуфтанд: «Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад», ҳама аҳли толор аз ҷой боло шуда, бо қарсакҳои бардавом аз ин навиди хосу деринтизор истиқбол карданд.
Воқеан, солҳои 90-уми асри гузашта ва оғози солҳои 2000-ум сокинони мамлакат аз норасоии қувваи барқ дар фасли сарди зимистон ранҷ мекашиданд. Ҳоло вазъият ба самти хуб тағйир ёфта истодааст, дар ояндаи наздик пурра аз ин мушкил раҳо мешавему ба истиқлоли энергетикӣ мерасем.
Президенти мамлакат бори дигар аз саҳми азими ҷавонон дар пешбурди ҷомеа ва қувваи бузург будани онҳо махсус таъкид намуданд. Ин эътимоду боварии Сарвари давлат ҷавононро пеши кадом масъулиятҳои нав дар ҷомеа рӯ ба рӯ месозанд?
- Воқеан ҳам, ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти минбаъдаро барои фардои ин кишвари соҳибистиқлоли мо ба дӯш хоҳанд гирифт.
Ҳамчун насли ҷавони кишвар, ҳамчун як зани роҳбар таҳти сарварии Раиси маҳбуби ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият кардан бароям ифтихор асту масъулияти баланд.
Дар ҳақиқат, дар шароити ташаккул ва рушди эҳтимолияти равандҳои сиёсӣ, шуури миллӣ бояд дар ҳамбастагӣ бо ояндабинии илмӣ мавриди омӯзиш қарор гирад, зеро ҳангоми рӯйи кор омадани равандҳои наву мухталиф дар ҷомеа, он қисман ё куллан тағйир ёфта, низоми нави байналмилалӣ аз инсон талаб менамояд, ки вай ояндаи хешро ба ин ё он раванди сиёсӣ бошуурона бипайвандад.
Мо, ҷавонон, бо азму иродаи қавӣ, бо роҳи муайянкардаи Сарвари дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меравему барои саодати Тоҷикистони азиз қадамҳои устувор мегузорем.
Гулноза БОБОМУРОДОВА
Мубодила:
Шарҳҳо
