БОЙГОНӢ

«    Март 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Рисолати нави артиши миллӣ

Сиёсат / Слайдер

Мо се марҳалаи муҳимро паси сар кардаем.

Бовар дорем, вижагиҳои замони навро ҳам амиқан дарк менамоем

 

 Таърих исбот намудааст, ки яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ маҳз артиши миллист. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки имсол 32-солагии таъсисёбиашро ҷашн мегирем, тайи ин муддат борҳо исбот намуд, ки ҷойгоҳи махсусро дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ соҳиб буда, сипари боэътимоди кишвар, обрӯву нуфузи давлат, ҳимоятгари зиндагии осоиштаи мардум ва амнияту суботи ҷомеа мебошад.

  Агар ба сафҳаи таърих назар афканем, мебинем, ки артиш аслан барои тоҷикон мафҳуми нав нест. Ҳамон тавре дар сафҳаҳои адабиёту таърихи миллат омадааст, давлатҳои бузурги Ҳахоманишиён, Сосониён, Сомониён, Ғуриён ва дигар маҳз бо артиши бузург, бонизому обу­тобёфта пояи давлатдории худро мустаҳкам сохта, дар таърихи халқи тоҷик мақоми хосаро касб кардаанд. Ном ва корнамоиҳои Шерак, Томирис, Спитамен, Абумуслим, Деваштич, Симбоди Муғ, Муқаннаъ, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик, Маликсанҷар, Мавлонозода, Восеъ ва даҳҳои дигар барои мардуми сарбаланди мо ҳатман маънои муҳим доранд. Онҳоро ба сифати қаҳрамонҳои халқи худ мешиносем ва қадр мекунем, зеро онҳо буданд, ки барои ҳифзи Ватан, марзу буми аҷдодӣ аз ҳуҷуми аҷнабиён ҷони худро қурбон кардаанд. Инро мешавад рамзан марҳалаи аввали ташкили артиши миллии тоҷик номид, ки тавассути ин қаҳрамонҳову қаҳрамониашон эҳсоси ватандӯстӣ, ҳифзи марзу бумро дар вуҷуди ҳар як тоҷик бедор кардаву боло мебардорад.

 

Давраи дуюми артишсозӣ, бидуни шак, ба замони шуравӣ рост меояд. Маҳз дар ин марҳала ҳамватанони мо ба артиши қавии Иттиҳоди Шуравӣ даъват шуда, аз имконоту қоидаҳои артиши замони нав огоҳӣ пайдо кардаанд. Ҷасорату матонат, қаҳрамониҳои бемисли фарзандони ба ору номуси тоҷик махсусан дар замони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 барои насли наврас намунаи олии дарси ватандӯстӣ, ҳифзи хоки муқаддаси Ватан ба ҳисоб меравад. Оре, он замон Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол набуд, аммо мардумаш он шабу рӯз дар баробари намояндагони 15 ҷумҳурии бародарии шуравӣ ба по хест, беҳтарин ҷавонмардон – аз рӯи ҳисоби оморӣ сеяки шаҳрвандони худро, ба ҳимояи ватани умумӣ фиристод ва қурбониҳои зиёде дар пай дошт. Қаҳрамониву матонати тоҷикистониён беҳамто буд. Дар натиҷа 54 нафар фиристодаи Тоҷикистонро бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ, 19 нафарро бо се дараҷаи ордени Шараф ва ҳазорҳо нафари дигарро бо ордену медалҳои гуногун сарфароз гардондаанд.

 

Пас аз тамом шудани Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳам, то замони бақои СССР дар соли 1991, ҷавонмардони тоҷик дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ин кишвар қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо оварданд. Падару модарон фарзандони худро бо тантана ба аскарӣ – ба гӯшаҳои дурдасти 15 ҷумҳурии шуравӣ ва кишварҳои аъзои Шартномаи Варшава, мефиристоданд. Онҳо, дар баробари омӯхтани махсусиятҳои артиш, пеш аз ҳама, дарси мардонагӣ, эҳсоси баланди ватандориро аз худ мекарданд. Як саволи муҳим, вақти хостгории ҷавонон аз волидони духтар, ҳамин буд? «Писаратон ба аскарӣ рафтааст?»

   
 
Мутаассифона, бо вуҷуди доштани таърихи пурарзиш, собиқаи муҳими артишдорӣ дар марҳалаи асосии давлатдории худ – соли 1991, ки Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол эълон гардид, ҳукумати вақт натавонист артиши миллии давлатро таъсис диҳад. Ҳарчанд, зарурати ташкили артиши миллӣ ҳанӯз 9-уми сентябри соли 1991 дар Қарори Шурои Олии кишвар «Дар бораи Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид гардида буд. Вале вазъи ниҳоят ҳассосу душвори солҳои 90-уми асри ХХ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои ташкил намудани Артиши миллии Тоҷикистон имкон фароҳам наоварданд. Ин масъала танҳо вақте ҷиддӣ гирифта шуд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии ҷумҳурӣ Сарвари давлати Тоҷикистон, Раиси Шурои Олӣ интихоб шуданд. Яке аз аввалин иқдомҳо маҳз ташкили артиши миллӣ буд ва 18-уми декабри соли 1992 фармони Раёсати Шурои Олӣ дар ин бора ба имзо расид. Артиши Тоҷикистон ба маънии пуррааш дар ҷойи холӣ таъсис ёфт. Яъне, вақти қабули қарор дар хусуси таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассису кадрҳои касбӣ.

Ҳамин тавр, Артиши миллии Тоҷикистон 23-юми феврали соли 1993 бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Фронти халқӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки Ҳукумати конс­титутсиониро барқарор карданд, созмон ёфт ва ҳамон рӯз аввалин паради низомии артиши нав­ташкил баргузор гардид.

 

Дар марҳалаи аввал ҳадафи асосии таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон ташаккули неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи музаффариятҳои истиқлолият қодир бошад, озодии шаҳрвандон ва амнияти кишварро таъмин намояд. Вобаста ба таъиноти мазкур гурӯҳҳои муташаккилу зуд­амал шакл гирифтанд, ки вазифаи асосиашон аз муқовимат бо қувваҳои зиддиҳукуматӣ ва ҳифзи сохти конститутсионӣ ба ҳисоб мерафт.

 

Дар таърихномаҳо омадааст, ки соли 1994 ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ аллакай қариб тамоми ҳудуди ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд, ки инро рамзан марҳалаи сеюми (аз рӯи муҳтавои давлатдорӣ марҳалаи якум –

чун ду марҳалаи дигари артишсозӣ ба замони истиқлолияти кишвар марбут набуданд) артиши миллӣ меноманд.

 

Давраҳои баъдӣ, мушаххасан солҳои 1994–1996-умро марҳалаи дуюми ташаккули сифатан нави Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол меҳисобанд, зеро дар ин давра тайёр намудани афсарони касбӣ дар Коллеҷи ҳарбии Тоҷикистон (ҳоло Донишкадаи ҳарбӣ) ва муассисаҳои таълимии Федератсияи Россия оғоз гардида, асноди меъёриву ҳуқуқӣ таҳия шуданд. Маҳз дар ин давра дар артиши миллии мо қӯшунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ, қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ созмон ёфтанд.

 

Марҳалаи сеюм ва охирини шаклгирии артиши миллӣ дар замони истиқлолро таҳлилгарон ба давраи имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ (соли 1997) марбут донистаанд. Дар ин давра дар Артиши миллии Тоҷикистон намудҳои нави қӯшун таъсис ёфта, усулҳои самарабахши идоракунӣ, омодагии ҷангӣ ва амалиёти қӯшунҳо ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа ҳоло Артиши миллии Тоҷикистон аз се намуди қӯшун: қӯшунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, қӯшунҳои зудамал иборат аст.

 

Ҳамон тавре Президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи кишар дар суханронии хеш бахшида ба 30-солагии артиши миллӣ ишора карданд, дар навбати аввали шаклгирии артиш, 23-юми июни соли 1993 қӯшунҳои хушкигард, ки асоси Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил медиҳанд ва неруи сершумортарину пешбарандаи амалиёти ҷангӣ ба ҳисоб мераванд, таъсис дода шуд. Зимнан, маҳз онҳо аз рӯзҳои аввал барои мубориза бар зидди гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъи ҳарбиву сиёсии мамлакат сафарбар гардиданд ва асоси артишро ташкил намуданд.

 

Манзури мавзуи таҳти назар ба хонандаи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», ки дар байнашон занону модарон бисёранд, хеле муҳим аст. Ҳар яки мо набояд фаромӯш созем, ки артиши миллии мо дар заминаи чӣ ва бо кадом мушкилот пайдо шуд ва шакл гирифт. Амиқан дарк намуд, ки феълан мо дар як давраи ҳассос ва аз ҷониби дигар таърихсоз қарор дорем. Қувваю пойдории давлатҳо дар замони муосир, қатъи назар аз мавқеи геополитикӣ, ҳудуд, сохтори идоракунӣ, вазъи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии худ, маҳз аз артиш вобастагии калон пайдо кардааст. Дар назардошт бо ин махсусиятҳост, ки агар як қисм кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ, ба мисли Швейтсария, Финляндия, Норвегия, ки баъзе дар гузашта бо таъкиди он, ки дигар чизе ба амнияти онҳо таҳдид намекунад, аз баҳри артиш ва сохторҳои дигари қудратиашон гузашта буданд, дубора маҷбур шуданд рӯ ба ин рукнҳои муҳими давлатдорӣ биёранд ва акнун 5 дарсади буҷети худро ба НАТО медиҳанд, то амнияти онҳоро таъмин созанд…

 

Ба ҳиҷ ваҷҳ фаромӯш накунем, ки дар давлати соҳибихтиёру демократӣ, замони серию пурӣ ва оромиву осоиштагӣ зиндагонӣ дорем ва вазифадорем барои мустаҳкам кардани пояҳои моддиву техникии артиши миллӣ саҳмгузор бошем. Бояд фарзандонамонро ихтиёрӣ барои ҳимояи Ватан фиристонем. Агар артиши миллии пуриқтидори ҳимоякунандаи амнияту субот ва оромиву осоиштагӣ набошад, молу амвол, дороиҳои бо заҳматҳо ҷамънамуда ва бисёр чизҳои дигар арзише надоранд.

 

Чунин бардошт бояд ҳамаи моро зери як мавқеи умумимиллӣ қарор бидиҳад ва инро ба дигарон расонда тавонем, ки ҳар ҷавоне ба хизмати Ватан меравад, ӯ барои ҳифзи сулҳу субот, тартиботи ҷамъиятӣ, якпорчагӣ ва истиқлоли давлатӣ меравад. Ӯ, пеш аз ҳама, худ, мардуми худ, таърихи худ, хонаводаи худ, мамлакатеро, ки маҳз тавассути он ӯро мешиносанд, ҳимоят мекунад!

 Ҳар нафаре ин маъниро дарк кард, пас ӯ ба умқи рухдодҳои замони нав сарфаҳм рафтааст ва дар натиҷа рисолати имрӯзи артиши миллиро ҳам барои худ дарку ҳазм мекунад.

Сивудуюмин солгарди Артиши миллии Тоҷи­кистон, муборак!

ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2025_.rar [4.4 Mb] (зеркашиҳо: 59)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон