БОЙГОНӢ
« Июн 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Пайравони пешвои миллат!
Сиёсат / СлайдерПайравони пешвои миллат!
Аз таъини Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ба вазифаи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як сол сипарӣ шуд. Мавсуф ҳамзамон, раиси Иттифоқи ҷавонон, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» низ мебошад.
Ба хотири равшанӣ андохтан ба фаъолияти имрӯз ва огоҳӣ ёфтан аз нақшаҳои созандааш раиси ҷавонони кишварро ба суҳбат даъват намудем.
Суол пеш овардам: «Ғояе, андешае, мавзуе, ки имрӯз ҷавононро муттаҳид месозад, кадом аст?» Гуфт: «Пайравӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳм гирифтан дар пешрафти Тоҷикистон!». Гуфтам: «Пас, ҷавонон масъулияти дучанде пеши ин айём доранд?» Гуфт: «Зимни як суҳбат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Ман назофатҳои овони ҷавониамро дар ҷавониҳои шумо, ҷавонони имрӯз мебинам». Магар мешавад баъди ин иқрори Пешвои муаззами миллат, ки шириниҳои айёми ҷавониашонро қурбони сулҳу салоҳ намуданд, аз худ гузаштанду масъулияти давлатсозиро бар дӯш гирифтанд, то мо соҳибватану соҳибсухан пеши башар бошем, орому бепарво нишаст?»…
Сулҳофар
Ин моҳ, моҳи ҷавонон аст ва Тоҷикистони азизро саропо тантанаҳои рӯзи ҷавонон фаро гирифтааст. Вобаста ба ҷашн баргузории чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ, варзишӣ, конфронсҳои сатҳи баланд дар назар аст. Мувофиқи қонунгузорӣ дар кишвари мо ашхоси аз 14 то 30-сола ҷавон ҳисобида мешаванд. Дар ин сурат, 30 дарсади аҳолии ҷумҳуриро ҷавонон ташкил медиҳанд, аммо, агар аз рӯи меъёри маъмулӣ, ки то 35-сола ҷавон маҳсуб меёбанд, назар андозем, шумори мо ба 70 дарсад мерасад.
Аввалин қадамҳои Роҳбари ҷавони мамлакат, ҳанӯз дар синни 40-солагӣ ба арсаи сиёсати бузург маҳз бо дастгирии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон сурат гирифта буд. Ҷавонон он замон номзади арзандаро якдилона ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда буданд. Пешвои муаззами мо, чун қаҳрамони асил, зимоми давлатдориро ба даст гирифта, бо хираду кордонӣ оташи ҷанги таҳмилии миллаткушро хомӯш намуданд ва «Сулҳовар» унвон ёфтанд.
Дар ҳудуди давлатҳои пасошуравӣ ё давлатҳои муштаракулманофеъ аввалин шуда мақоми ваколатдори соҳа дар самти кор бо ҷавонон дар ҷумҳурии мо, ба унвони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Тоҷикистон нахустин шуда Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро ба тасвиб расонд.
Ҳамкориҳо…
Мо бо кумитаву созмонҳои гуногуни марбут ба ҷавонони на танҳо давлатҳои Осиёи Марказӣ ё ИДМ, балки бо тамоми дунё ҳамкорӣ дорем. Ҳамеша баробари ба имзо расидани ёддоштҳои ҳусни тафоҳум, санадҳои соҳавӣ, байни давлатҳо аввал баргузории маъракаҳои гуногун, аз ҷумла фестивалу форумҳои ҷавонӣ дар назар дошта мешавад. Имсол Форуми ҷавонони Эрон дар Тоҷикистон ва Форуми ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор гардид. Форуми ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия низ аз ҷумлаи чорабиниҳои хотирмону бошукӯҳ буд. Дар ҳар сафари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хориҷи кишвар ё ташрифи сарварони давлати дунё ба Тоҷикистон ҳатман баргузории форуму симпозиумҳои ҷа вонон дар назар аст.
Дар арафаи тантанаҳои Наврӯзи бостонии мо, ки ҷаҳонӣ шудааст, имсол Тоҷикистон Фестивали байналмилалии «Наврӯзи ҷавонӣ»-ро баргузор намуд, ки дар доираи он ҳудуди 160 меҳмонро аз 30 кишвари дунё, ҳатто давлатҳои африқоӣ пазироӣ намудем. Қисми ифтитоҳии чорабинӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд, баъдан меҳмонон аз шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд, ноҳияи Айнӣ дидан намуданд. Дар доираи сафари роҳбарони давлатҳои Қирғизистону Ӯзбекистон, Форуми ҷавонони тоҷику қирғизу ӯзбек баргузор гашт.
Зимни сафари корӣ ба Давлати Қатар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки моҳи майи соли 2025 дар доираи Рӯзи ҷавонон Форуми ҷавонони Халиҷ ва Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон баргузор гардад, ки ҳоло бо тамоми неру барои гузаронданаш омодагӣ мегирем.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷаҳон дар симои Роҳбари муаззамаш чун кишвари ташаббускори масоили иқлиму экология хуб мешиносад. Дар доираи баррасии масъалаҳои норасоии оби тоза дар дунё ва ҳифзи пиряхҳо, Тоҷикистон моҳи июни имсол мизбони конфронси ҷаҳонии сатҳи баланд, вобаста ба мавзуи ҳифзи пиряхҳо хоҳадбуд, ки ташрифи зиёда аз 3 ҳазор меҳмон дар назар аст. Дар ин амри нек Кумита ва ҷавонон масъулиятҳое бар зимма гирифтаанд. Баргузории «Дави дӯстӣ», Форуми ҷавонӣ дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо, чорабиниҳои фарҳангиву тафреҳӣ дар боғу гулгаштҳо дар назаранд. Ҳамчунин, тасмим дорем, меҳмонони ҷавонро ба сайри яке аз пиряхҳои ҳудуди Тоҷикистон бубарем.
Масъулият
Чуноне Пешвои муаззами миллат зимни Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, айни замон дар мақомоти идоракунии давлатӣ зиёда аз 9000 нафар, ё беш аз 49 дарсади хизматчиёни давлатиро маҳз ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар баробари банда садҳо ҷавонон бо дастгирии сиёсати кадрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои калидӣ адои хизмат ба Ватан менамоянд. Интихоб ба ин маснад аз ҷониби Пешвои миллат ифтихори бузург аст. Чун роҳбар як ҳадаф дорам, ки дар амри анҷоми рисолат бо қувваи бузурги ҷавонони ҷумҳурӣ муваффақ бошем.
Дунё танҳо имрӯз дар хусуси оби тоза ҳарф мезанад, дар сурате, ки Пешвои мо ҳанӯз солҳои 2000-ум сари ин масъала бонги изтироб зада буданд. Дар пайравӣ ба қонунҳои миллии таҳиянамудаи мо, имрӯз дигарон қонунҳояшонро тартиб медиҳанд. Ё дар масъалаи таъсиси озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки инсонро метавонад дар лаҳзаи кӯтоҳ ба шахсияти комил бадал созад. Ин озмунҳо, воқеан ҷомеаро, наврасону ҷавононро дар роҳи илму дониш андӯхтан такон доданд.
«Dushanbe Grand Slam 2025
Бо ташаббус ва дастгириҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қонун «Дар бораи тарбияи ватандӯстии ҷавонон» ба тавсиб расид. Ҷавонони соҳибдонишу хидматнишондода хело зиёд дорем, ки ҷаҳонро мутаҳайир кардаанд. Рӯзе нест, ки дар қабулу гусели ҷавонон ба олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳои байнидавлатӣ, чорабиниҳои варзишӣ, маъракаҳои фарҳангӣ дар фурудгоҳ саф наороем. Дар таърихи кишвар соли 2024 соҳиби 3 медали бозиҳои олимпӣ шудем. Ҷавонон имрӯз аллакай соҳиби 7 медали бозиҳои осиёӣ барои иштирок дар бозиҳои навбатии олимпӣ гардиданд. Бори нахуст дар чемпионати Осиё оид ба ҷудо, соҳиби 7 медал: 2 нуқра ва 5 биринҷӣ шудем. Футболбозони 17-сола соҳиби роҳхати «Ҷоми ҷаҳон» гаштанд.
Замоне орзу мекардем, ки варзишгари тоҷик дар Grand Slam ё Гран-приҳо ширкат варзанд. Ба шарофати шаҳрдори шаҳриёри мо Рустами Эмомалӣ имрӯз ин чорабинӣ дар қалби Тоҷикистон, шаҳри Душанбе доир шуд. Даҳаи аввали моҳи май мо чорабинии бошукӯҳи варзишии «Dushanbe Grand Slam 2025»-ро бори дуюм дар таърихи варзиши кишвар баргузор намудем, ки коршиносони байналмилалӣ онро баробар бо Grand Slam-и Париж донистанд. Паҳлавонони мо соҳиби 11 медал, 4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷии мусобиқа гардиданд.
Зеҳни сунъӣ
Ҷаҳон таҳти таъсири зеҳни сунъӣ қарор дорад. Зеҳни сунъӣ ҳатто мавқеи инсонро танг мекунад. Вақте аз ин дастоварди инсонӣ пурсидем, ки ояндааш чист, аз посухаш: «Нафаре, ки донишу илм надорад, мутеи зеҳни сунъӣ мешавад, нафари донишманд метавонад идоракунандааш бошад», -дар ҳайрат афтодам. Мо аз раванди пешрафти технологияҳои муосир ҷудо буда наметавонем. Маҳз аз ин хотир, Сарвари ояндабини мо солҳои 2025–2030-ро «Солҳои инноватсия ва технологияҳои нав» эълон намуданд. Имрӯз давлат тамоми имконияту шароитро муҳайё сохтааст, рисолати оила, мактаб, ҷомеа аст, ки насли ояндаро арзанда ба камол бирасонанд.
Оила
Оила барои ман муҳим ва муқаддас аст. Соҳиби 4 фарзанди солиму солеҳам. Дар тарбияи фарзандон, бо модарашон саҳми баробар дорем. Ҳамсарамро пас аз издивоҷ соҳибмаълумот намудам, ҳоло ӯ корманди давлатист. Дар оиладорӣ кӯшидам муҳити хубу созгоре фароҳам созам, то барои рушду пешрафтамон заминагузор бошад. Андешае ҳаст, ки вақте мард ба ҳамсараш меҳрубонӣ нисор месозад, зан онро ба кӯдакон мебахшад ва аз фарзандон баргашта ба худи мард меояд. Мисле: «Ҳар чӣ парвардӣ, дарав хоҳӣ кард!» Ҷавонон бояд дар интихоби ҳамсар ва хушбахт гардондани оилаҳояшон талош намоянд.
Гулноза БОБОМУРОДОВА
Шарҳҳо
