Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Рӯзи сарҳадбон муборак, мардони шуҷоъи хатти марз!
Сиёсат30 сол муқаддам 28 майи соли 1994 дар сохтори мақомоти амнияти мамлакат Қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис дода шуд. Барои Тоҷикистони тозаистиқлол таъсиси чунин як ниҳод амри зарурӣ буд. Мақсади асосии таъсиси ин ниҳоди пурқудрат таъмин намудани назорати сарҳади давлатӣ ва пешгирӣ кардани воридшавии унсурҳои террористиву экстремистӣ ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир буд. Аз он рӯз то кунун дар Тоҷикистон 28-уми май ҳамчун “Рӯзи сарҳадбон” эълон шудааст.
Марзбонони тоҷик марҳилаи душвори таърихиро, ки мушкилоти иқтисодӣ барои зиндагиву хизмати шоиста монеъ мешуд, пушти сар кардаанд. Бо қудрати руҳи устовор аз ишқи Ватан ва савганди садоқат ба Сарвари давлату мардуми Тоҷикистон ба хотири таъмини амнияти миллӣ ва таҳкими суботу оромии сокинони мамлакат вазифаҳои басо мураккаб ва мушкили худро дар назди давлату ҷомеа сарбаландона иҷро мекарданд.
Тули 30 сол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ, таҳкими асосҳои моддиву техникӣ, бунёду азнавсозӣ ва таҷҳизонидани инфрасохтори сарҳадӣ, инчунин омодасозии мутахассисони баландихтисосу касбии соҳа тадбирҳои зиёдро амалӣ намуд. Ҳамчунин барои фаъолияти муътадили мақомоти давлатии назорати хатти сарҳад ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Аксарияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва умуман иншооти сарҳадбонӣ бо воситаҳои техникии пешрафтаи назоратӣ ва технологияҳои нави иттилоотӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд, ки чунин иқдомҳо то ҳанӯз идома доранд.
Имрӯз марзбонони диловари тоҷик ҳамчун девори ва сипари боэътимоди Ватан дар шароити арзанда вазифаҳои касбии хешро содиқона иҷро менамоянд.
Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми сарбаланди ин меҳан ҷонфидоии мардони хатти марзро, ки бо далериву мардонагӣ дар ҳимояи марзу бум, ҳифзи сохти конститутсионӣ ва ҳаёти осоиштаву оромии аҳли Ватан устуворанд, фаромӯш намекунанд ва эҳтиром мегузоранд.
М. НАЗИРОВА