БОЙГОНӢ

«    Июн 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Тору пудаш адолат аст

Сиёсат / Слайдер / Чеҳраҳо

Ҳар ҷашн аз идора муваззаф мешавем, то чеҳрае дар шумораи идона бозтоб шавад.

Инак, рӯ ба рӯи ман нафаре нишастааст, ки солиёни зиёд дар орзуи дидораш будам ва лаҳзаи фурсат даст дод, то даричаи ин орзуро бикушоям: «Қиблагоҳи худобиомурзам низ бисёр аз мардсифатиҳои Шумо ҳарф мезад…».

Солдида аст, орзуманди мо, умри наздик ба 80- ро тай мезанад, аммо дар тарбияти худ бепарво нест, нигоҳаш ба зиндагӣ гарм, тозаву озодаву саломат чун фаришта.

Кист ин ҳамсуҳбати ширинрӯи мо? Исму насабаш Адолат Раҳмонова аст. Адолате, ки бо асолати якрӯӣ ва ҳақгӯӣ охири садаи бист пештози иҷлосияҳои Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, бо пешниҳодҳои ҷолибу ҳадафнок ва таҳсинбахш. Чаро нагӯем, ки аз ин пеш ҳам духтари қавииродае буд ва ҳар ҷое ба ифои вазифа мерафт, чун роҳбарзани кордону боҷасорат аз худ номи нек мегузошт…

 

Соли 1982, вақте дар ноҳияи Совет (ҳозира Темурмалик) котиби кумитаи ҳизби коммунист буд, ҷашни Баҳору Наврӯзро аввалин шуда, ба асли ниёгон зинда гардонду фармуд дару девори хона, кӯчаву ҳавлӣ, саҳни корхонаҳоро зебу зинат диҳанд. Ташаббускорона ба ҷумҳуриҳои ҳамсарҳад гурӯҳи корӣ фиристод, то ҷашну маъракаҳои мардумиро омӯзанду ибрат бигиранд, маросимҳои анъанавиро дар ноҳия ба танзим дароранд.

Ҷасорату мардсифатиаш аз назарҳо дур на- монд ва соли 1983 Кумитаи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Адолат Раҳмоноваро ба ноҳияи Ленинград (ҳозира Муъминобод) ба симати котиби аввал фиристод. Биноҳои нави мактаб, пули деҳаи Лангар, ки то ба имрӯзҳо побарҷост, хатҳои оби нӯшокӣ ва полезӣ ба деҳу киштзорҳо, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ намунае аз ободкориҳои ин зани дилогоҳ мебошанд, ки то ҳанӯз бошандагони ин маҳал дар ҳар ҷашну чорабинӣ ӯро чун гули сари сабад бологузар мекунанд…

Барҳақ аз зиндагии ибратомӯзи ӯ саҳифаҳо иншо кардан арзиш дорад. Мо идомаи ин муқаддимаҳои оғозшударо ба вақти дигар мавқуф мегузорем, зеро ҳадафи дидору суҳбати мо бо Адолат Раҳмонова ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ нигаронда шудааст.

- Дар бораи Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ сухане гуфтан бе ёдоварӣ аз ҳаводиси солҳои 90-уми асри гузашта ва Иҷлосияи таърихсози ХУ1 Шурои Олӣ дар Қасри Арбоб имконнопазир аст, - мегӯяд бонуи сиёсатварзида. - Гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ дар ин ё он гӯшаи Иттиҳоди барҳамхӯрдаи Шуравӣ сар бардошта, ба ҳам меомаданду нақшаҳои нопоки худро амалӣ кардан мехостанд. Ин гурӯҳҳо сабабгори сар задани воқеаҳои соли навадум, хостори ба истеъфо рафтани нахустин Президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов шуданд. Онҳо бо даъвоҳои беасос натиҷаҳои интихоботи қонунӣ ҷамъбастшударо ғайриқонунӣ ҳисобида, аз вакилон талаб намуданд, ки қонунӣ будани муҳофизони додситони кулро бекор кунанд, ки ин амал охиран ба куштори пурфоҷиаи Нурулло Ҳувайдуллоев оварда расонд. Онҳо буданд, ки маҷбуран ва ғайриқонунӣ аз президенти собиқ Раҳмон Набиев дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе 7- уми сентябри соли 1992 аризаи истеъфо талаб намуданду дар симои ҳукумати муросои миллӣ андешаҳои нопоки худро пиёда кардан мехостанд.

Хушбахтона, ба бахти мову шумо як гурӯҳ ҷавонмардони ғаюру солимфикр дар андешаи фардои дурахшони миллату давлат аз ҳар гӯшаву манотиқи мамлакат пайдо шудаву ба ҳам омада, ҷойи амну баргузории иҷлосияи шонздаҳум, шаҳри Хуҷанди вилояти Ленинободи собиқро дар Қасри Арбоб муайян намуданд. Иҷлосияе, ки Пешвои на танҳо халқи Тоҷикистон, ҳамчунин, Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи таърих ворид кард. Мутмаинем, ки маҳз қадамҳои аввалин барои бартараф кардани низои дохилӣ ва ба ҳам омадану сари як мизи гуфтушунид нишастан маҳз дар ҳамин иҷлосияи таърихсоз ба вуқуъ пайваст. Ин иҷлосия буд, ки дар раванди он аз ҳар ду ҷониб сардорони гурӯҳҳои силоҳбадаст иштирок намуда, дар муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома фикру андешаҳои худро пешниҳод карданд.

Ҷасорату мардонагӣ ва истеъдоди фитрии сарвари давлати навбунёд, Раиси Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои аввали ҳокимият аён гардид. Ӯ аз минбари иҷлосия савганд ёд намуда зикр кард, ки: «Дар хидмати мардум қарор хоҳам дошт ва ба Конститутсия, Парчаму Нишони он содиқ хоҳам монд, оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем».

Бо он муҳаббату садоқати азалие, ки ба Ватану миллат дошт, аҳли толорро мутмаин сохт, ки то даме охирин гурезаи тоҷик ба ватан барнагардад, худро ором ҳис намекунад ва барои пойдории сулҳу субот, ободию шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол лозим шавад ҷони худро дареғ намедорад. Танҳо ифодаи ҳамин баён худ қаҳрамонист. Ана ҳамин андешаҳои ватандӯстона бо маром мардуми тоҷикро аз паси Сарвари боэътимоди худ бурд ва тавре имрӯз худи Пешвои муаззами миллат эътироф мекунанд дар пойдории сулҳу суботи кишвар тамоми халқи шарифи Тоҷикистон саҳм доранд.

Сарвари навинтихоб дар Иҷлосияи ХУ1 Шу- рои Олии кишвар имконият фароҳам меовард, ки пешниҳодҳо пурра омӯхта шаванд ва барои аз байн бурдани хусумату зӯроварӣ дар рӯзҳои баргузории иҷлосия зиракии сиёсиро истифода мекард, мекӯшид, то масъалаҳои аввалдараҷа хуб баррасӣ шаванд. Мусоидат намуд, то кори иҷлосия бо шунидани фикру мулоҳиза ва талаботи ҷонибҳо ҳарчи зудтар хотима ёбаду ҳамагӣ бо осудагӣ ба Душанбе баргарданд, то дари идораю муассисаҳо, вазорату кумитаҳои давлатӣ аз нав ба рӯи мардум боз шавад, коргоҳҳои саноатию истеҳсолӣ ба кор дароянд, боғчаю мактаб ва донишгоҳҳою омӯзишгоҳҳои касбӣ оғӯши меҳр кушоянд.

Бо шуруи фаъолияти Ҳукумати қонунии навташкил дар марказ Сарвари давлат пайи мақсаду ҳадафҳои худ камар баст. Баробари паст намудани шиддати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, хатару воҳимаҳои камчинии озуқаворӣ, дарҳои бастаи корхонаю муассисаҳо дар меҳвари андешаҳои Сарвари давлат буд. Ӯ тамоми неруи ҷавонмардии худро барои амну амонӣ ва аз бунбасти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ баровардани кишвари тозаистиқлол равона сохт.

Дар баробари ба имзо расондани шартномаҳои тарафайн бо давлатҳои ҳамоя ва собиқ иттиҳод, ҷиҳати дастгирии озуқаворӣ Сарвари дурандеши мо барои ҷалб намудани сокинони деҳоти кишвар ба меҳнати софдилона ва таъмин намудани аҳли оила бо маводи аввали ғизо соли 1995 аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва корами лалмӣ 50 ҳазор гектар ҳамчун заминҳои президентӣ ҷудо намуд. Чун натиҷаи дилхоҳ ба даст омад, ду сол пас Сарвари давлат бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон иловатан ба мардуми деҳот 25 ҳазор гектари дигар ба ифодаи «заминҳои президентӣ» туҳфа намуд, ки то кунун аҳолӣ дар ин заминҳо киштукор карда, осудагии зиндагии худро таъмин месозанд.

Ҳамаи ин ғамхориҳо афкори мардумро аз ҷангу ҷидол ва кинаву ғараз дар нисбати ҳамдигар ба дигар самт, яъне меҳнату истироҳат ва осоиштагӣ равона кард. Бале, ба рӯзҳои нек, ба ояндаи дурахшон, ки имрӯз онро мебинаму дилпур ва ҳам шод мешавам. Ҳамин буд, ки марҳала ба марҳала давлату Ҳукумат бо ташаббусу тадбирҷӯиҳои нек ва хирадмандона ба сулҳи пойдор наздик мешуд.

Бояд гуфт, ки қадамҳои асосӣ ба сӯйи ваҳдати миллӣ солҳои 1993 ва 1995 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гузошта шуданд. Аввалин изҳороти муштарак бо мухолифини Ҳукумат, бо вуҷуди ноамнии ин сарзамин, маҳз дар хоки Афғонистон имзо шуд. Бояд иқрор шуд, ки саҳми Сарвари ғамхору меҳрубони миллати тоҷик Эмомалӣ Рахмон, дар раванди ин музокирот, ки ба нишастҳои баъдӣ асоси воқеӣ гузошт, хеле калон аст.

Дар маҷмуъ, то расидан ба ваҳдати комил дар ҳудуди кишварҳои дӯст ва миёнрав 21 музокирот доир гашт, ки дар ин вохӯриҳо бо кӯшишу дастгирии ҷонибҳо 40 санади муҳим ба имзо расид. Дар бисёре аз ҷаласаҳои Комиссияи оштии миллӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шахсан иштирок намуда, бо тамкини зотӣ ва дурандешӣ ихтилофҳоро аз миён мебардошт.

Масъалаи бозгашти гурезаҳо аз мушкилоти ҳалталаб ва рақами як барои давлату Ҳукумати Тоҷикистон буд, ки барои расидан ба ин ҳадаф идораву сохторҳои марбута муваззаф шуда буданд. Аз ҷумла, васоити ахбори омма дар ҳалли ин мушкилот бетараф набуд ва ҳамватанони бурунмарзӣ мудом тариқи садову симо ба диёри аҷдодӣ даъват мешуданд.

Ба андозаи сӣ дарсад ишғол намудани вазифаҳо дар сатҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз талаботи дигари тарафи муқобил буд, ки Президенти мамлакат ба хотири ҷилавгирӣ аз муноқишаҳои дохилӣ ва бартараф кардани ҷанги бародаркуш ризоят дод. Шахсан худи Роҳбари давлат барои ба даст овардани ваҳдати комил борҳо ба минтақаҳои низоъ сафар намуда, бародарони ба ҳам зидро ба созиш даъват менамуд, сарбозони мухолифро бо қувваҳои ҳукуматӣ дар як қисми ҳарбӣ ҷо намудану муштарак бар зидди гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст мубориза бурданро тавсия дод. Зиёда аз 5 ҳазор нафарро афв кард, ки миёни онҳо ҷинояткорони вазнин кам набуданд, нишони раиятпарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ин ҳама шуҷоатмандию ватанхоҳӣ, қаҳрамонию ваҳдатсароӣ буд, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо иштироки давлатҳои сулҳхоҳу сулҳофар Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расиду он рӯз чун санаи тақдирсози миллати тоҷик дар саҳфаи таърих нақши нигин гузошт. Аз ёд нарафтанист, ки фардои он рӯз дар фурудгоҳи Душанбе мардуми зиёде ҷамъ омада, Президенти худро пазироӣ карданд. Хусусан, он лаҳзае, ки модаре, ки ду фарзандашро дар ин ҷанги бемаънӣ гум карда буд, ба хотири ваҳдати ба даст омада дар гардани Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар овехт, басо риққатовар буд. Сарвари дурандеши мо бо ба даст омадани сулҳу ваҳдат ҳамаи тоҷикистониёнро даъват менамуд, ки аз ин дастоварди бузург, аз ин неъмати додаи Худо шукрона ва ҳимоят кунанд.

Фаъолияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон маҳз ба нигоҳ доштани арзишҳои ваҳдат, сулҳи пойдор ва ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол равона гардидааст. Кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш яке аз пешбарандагони сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон мебошанд, ки аз ғояҳои ватандӯстонаю сулҳофарии Пешвои муаззами миллат дастгирӣ намуда, барои пойдории ваҳдати ҳамешагӣ корҳои зиёди оммафаҳмонӣ мебаранд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳама сифатҳои наҷиби одамгарию роҳбарие, ки доранд, бо ибтикори ҳаёт Қаҳрамони Тоҷикистон унвон гирифтанд ва ин ифтихори миллати тоҷик аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон сарҷамъ дар фазои сулҳу суботи кишвар бо пайравӣ аз Пешвои миллати худ Эмомалӣ Раҳмон қадам ба қадам ба чор ҳадафи стратегӣ, ки ба миён гузошта шуда буд, наздик мешаванд. Таҷрибаи сулҳофарии Президенти Тоҷикистон ва мардумони бо ору нангаш аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва даҳҳо ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифта, онро барои давлатҳои даргир мудом тавсия медиҳанд…

 

Маҳз таҷрибаи сиёсӣ ва инсони дурандешу соҳибхирад будани Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки муноқишаҳои қарибулвуқуи тоҷикону қирғизҳо бе миёнаравии ҷонибе бо муайян намудани хатти марзи кишварҳо ҳаллу фасли худро ёфтанд ва дӯстию бародарии ду миллати куҳанбунёд аз нав ба маҷрои худ баргашт. Сарҳади бози се кишвари ҳамсоя, таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ бо ҳам дар Суғди бостонӣ саҳифае рангине дар таърихи солҳои соҳибистиқлолӣ кушод...

Бонуи солманд ва корозмудаю рӯзгордида аз ин бештар ҳам дақиқу возеҳ дар боби сулҳу ваҳдат андеша ронд. Ҳар сухану ҳар нуқтааш хотирае аз зиндагиномаи ӯву ҳамсафонаш аст. Бо ёди рӯзҳои рафта бори дигар маро бовар кунонд, ки варо на танҳо ном Адолат, балки ҳама тору пудашро аз адолат сириштаанд. Хотираҳо ҳам шоду ҳам ғамангез ва гоҳе асрорангез буданд, ки натавон он ҳамаро рӯи коғаз овард. Муҳим он аст, ки ӯ як дили бузург, як қалби софу бекина дорад. Чуноне дар оғоз зикр шуд, нигоҳаш ба зиндагӣ, ба атрофиён гарму босадоқат аст, Ватану миллаташро ончунон дӯст медорад, ки он танҳо хоси Адолат Раҳмонова аст.

Рустами НАЗИР

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон